Меваи биҳиштии зайтун
Имом ризо (а) аҳодиси бешуморе дар мавриди масрафи гиёҳони доруӣ, меваҳо ва шеваи дармони беморҳо доранд.
Зайтун, як меваи биҳиштӣ, аз ҷумла гиёҳе аст, ки аз гузашта то имрӯз мавриди таваҷҷуҳу баррасиҳоии мутааддиде қарор гирифта, хосиятҳои дархӯри таваҷҷуҳе барои он зикр шудааст.
Ҳамчунин дар мутуни исломӣ, аз ҷумла Қуръони карим чандин бор ба он ишора шудааст: дар оятҳои 35-уми сураи "Нур", 99 ва 141-уми "Анъом", 11-уми "Наҳл", 21-уми "Абас", 20-уми "Мӯъминон" аз зайтун ёд шудааст.
Паёмбар (с) мефармоянд: «Аз равғани зайтун бихӯред ва бо он равғанмолӣ кунед, ки аз дарахти муборак аст».
Имом Ризо (а) аз ҳазрати Алӣ нақл карда, ки Расули Худо (с) фармудаанд: зайтунро бихӯред ва онро ба баданатон бимолед, зеро ҳар кас онро бихӯрад ва бо он равғанмолӣ кунад, шайтони чиҳил рӯз ба ӯ наздик намешавад.
Ҳамчунин мефармоянд: зайтунро дошта бошед, чун он заҳраро мешикофад, балғамро мебарад, ахлоқро хуб мекунад, нафсро пок мегардонад ва ғамро мебарад.
Дар мутуни тибби суннатӣ ва исломӣ ин нукта мушаххас аст, ки дар гузашта қисматҳои мухталифи ин дарахти биҳиштӣ мавриди истифодаи дармонӣ қарор мегирифт ва аз барг, ҳатто решаи он барои масорифи доруӣ истифода мешуд, аммо дар ҳикояҳои имрӯза танҳо барги дарахт аз назари дармонӣ ва меваи он аз назари арзиши ғизоӣ ва равғани он аз назари дармонию ғизоӣ матраҳанд.
Меваи зайтун коҳишдиҳандаи фишори хун, иштиҳоовар, таскиндиҳандаи дардҳое чун ревматизм, пайванддард, рафъкунандаи таб, идроровар, сафробар ва зидди қанд аст. Равғани зайтун ба унвони як омили зиддипирӣ ва зидди саратон, як омили зиди инъиқоди хун ва инсидоди шарён, зидди бархе беморҳои қалбӣ ва коҳишдиҳандаи халостерини хун, рафъкунандаи қуланҷи дил, хориҷкунандаи кирми меъда, хурдкунандаи санги масона, афзоиши тарашшуҳоти идрор ва арақ мебошад.
Дар равғани зайтун таркиботи кимиёӣ вуҷуд дорад, ки тамоюли хунро ба лахтшавӣ мутаваққиф мекунад ва барои пешгирӣ аз сактаи қалбӣ, ҳатто баъд аз вуқӯи аввалияи он ва низ барои ҷилавгирӣ вуқӯи баъдии он тавсия мешавад.
Мутахассисони тағзия таъкид доранд, ки зайтун гиёҳи бисёр муфид барои саломатӣ инсон аст ва метавонад аз бурузи бемориҳои қалбӣ пешгирӣ кунад. Барги зайтун коҳишдиҳандаи фишори хун аст ва ҷӯшонидани он барои таскини дарди дандон муфид аст. Дар тибби қадим бештар аз равғани зайтун ба унвони омили сусткунандаи бадан, ҳамчунин барои муолиҷаи асаб истифода мешудааст.
Имом Ризо (а) дар мавриди фавоиди зайтуни мефармоянд: зайтӯн бӯйи бади даҳонро пок мекунад, балғамро мебарад, рангро соф менамояд, пайҳоро муҳкам мегардонад, маризиро мебарад ва хашмро хомӯш мекунад.
Риояи нукоти беҳдоштӣ дар хӯрдан ва ошомидан яке аз муҳимтарин авомили саломатӣ ва дарозумрии инсон аст.