Август 19, 2017 09:00 Asia/Dushanbe
  • Хосияти шигифтангези ангур дар каломи имом Ризо (а)

Ба нақл аз пайғамбар (с) омадааст: Ангур бихуред, зеро ангур ғамро аз байн мебарад.

 Имом Ризо (а) дарбораи масрафи ангур мефармоянд, ангурро дона-дона бихуред, ки гуворо ва ҳазмкунанда аст.

*Аввалин хосияти ангур бартараф кардани осори афсурдагӣ ва эҷоди рӯҳияи шодобӣ аст.

*Хосияти дигари ангур кӯмак ба гувориш ва ҳазми ғизо аст.

*Имом Ризо (а) ангурро ба унвони ғизои комил ёд карда ва дарбораи амири муъминон  ҳазрати Алӣ (а) нақл мефармояд, ки эшон нонро бо ангур мехурданд.

Тавсияи тибби суннатӣ дарбораи хавоси дармонии ангур

Бисёр муқаввӣ ва серғизо, дафъкунандаи судовӣ ва сӯхта, дармонкунандаи юбусат, илтиҳоби меъда ва рӯда, муфид барои сили риявӣ, иҳтиқони кабид ва таҳҳол, камхунӣ, нақрис, дорои хосияти зидди саратонӣ (ба далели вуҷуди моддаи  флавоноид дар он) дорои тавоноии зиёд бар зидди вируси полиомиелит, ки омили беморизои уфунати ҳодди моддаи хокистарии ҳарромағз аст. Дар атфол ин вирус ба сурати фалаҷи атфол зоҳир мешавад, таваҷҷуҳ шавад, ки барои ин мавод бояд ангури расида бо пусти нозук масраф шавад ва хурдани оби сард баъди ангур боиси фасоди он дар меъда ва эҷоди истисқо мегардад.

Барги му: қобиз, идроровар, қатъкунандаи исҳол, зидди нақрис, зардӣ, истифроқ, ихтилолоти гардиши хуни марбут ба замони булуғ ва ҳайзбинӣ.

 Хавоси дармонии меваи ангур

1) Ихтилоли баданро мутаодил мекунад.

2) Бисёр муқаввӣ ва серғизо аст.

3) Хунро тасфия мекунад.

4) Сина ва рияро соф ва тамиз мекунад.

5) Бартарафкунандаи юбусат аст.

6) Ангур барои дармони варами меъда ва рӯда муфид аст.

7) Дар дармони сили риявӣ ва сулфаи кабeтак муассир аст.

8) Барои дармони исҳоли хунӣ аз ангур истифода мешавад.

9) Барои дармони нақрис бисёр муфид аст.

10) Онҳое, ки меъдаи заиф доранд, бояд ангурро бидуни пуст бихуранд, зеро пусти он дерҳазм аст ва муҷиби дилдард, нафх ва аворизи дигар мегардад.

11) Ангур беҳтарин мева барои касоне аст, ки мехоҳанд, лоғар шаванд ва бадани худро аз сангҳои сафровӣ ва масмумиятҳои музмин (масмумият аз сурб ё симоб) пок  кунанд. Ингуна ашхос бояд дар ҳар ҳафта ба муддати 2 рӯз фақат оби ангур бихуранд ва режими оби ангур бигиранд, бадин тартиб, ки ҳар ду соат якбор оби ангури тозаро гирифта ва бинушанд. Миқдори масрафи рӯзона тақрибан 2 килограм аст ва дар ин ду рӯз набояд ғизои дигаре масраф кунанд, фақат метавонанд об бинушанд.

12) Режими оби ангур барои мубталоён ба сили риявӣ муфид аст.

13) Барои тақвият ва таровати пуст ва ҳамчуни рӯшан кардани ранги пуст, оби ангури тозаро бо як тикка пахта ба сурат бимолед ва пас аз даҳ дақиқа бо оби нимгарм муҳтавии каме содаи нонпазӣ бишуед.

14) Зиёдаравӣ дар масрафи оби ангур батаври мудовим эҷоди санги кулия мекунад.

Барчасп