Шиносоии се ҳазор навъи бактерия дар пулҳо
https://parstoday.ir/tg/radio/uncategorised-i38209-Шиносоии_се_ҳазор_навъи_бактерия_дар_пулҳо
Мутолиаи суратгирифта тавассути муҳаққиқони донишгоҳи Нию-Йорк нишон медиҳад бо таваҷҷуҳ ба даст ба даст шудани пайвастаи пул, қоғазҳои пулҳо ҳомили навъҳои мухталифи бактерия аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 22, 2018 10:32 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии се ҳазор навъи бактерия дар пулҳо

Мутолиаи суратгирифта тавассути муҳаққиқони донишгоҳи Нию-Йорк нишон медиҳад бо таваҷҷуҳ ба даст ба даст шудани пайвастаи пул, қоғазҳои пулҳо ҳомили навъҳои мухталифи бактерия аст.

Бар ин асос рушди микробҳои хатарнок руйи пулҳо омили муҳимме барои интиқоли уфунат дар ҷомеъаи маҳсуб мешавад.

 Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии шабакаи Хабар ба нақл аз ИСНА, дар ин мутолиа муҳаққиқон маводи генетикии мавҷуд руи пули як доллариро баррасӣ карданд ва сеӣ ҳазори навъи мухталифи бактерияро шиносоӣ карданд, ки ин мизон бисёр бештар аз таҳқиқоте  аст, ки дар зери микроскоп анҷом шуда буд.

Фаровонтарин гунаҳои шиносоишуда  омили бурӯзи  нарраки пуст аст ва дигар бактерияҳо низ бо захми меъда, шуш, заҳролудшавии ғизоӣ ва уфунати стафилококк(навъе аз бактерияҳо) дар иртибот ҳастанд.

 Бархе аз ин бактерияҳо низ ҳомили генҳои масъули эҷоди муқовимат дар баробари антибиотик ҳастанд.

 Ба гуфтаи  Ҷин Каралотон- мудири гуруҳи баррасии собиқаи генетикӣ дар маркази генетик ва системаҳои зистшиносии донишгоҳи Нию-Йорк, натоиҷи ин мутолиа баёнгари рушди микробҳои хатарнок рӯйи пулҳо аст, ки омили муҳимме барои интиқоли уфунат дар ҷомеъа маҳсуб мешаванд.