Стресси зиёд ба рафторҳои такрорӣ ва васвос мунҷар мешавад
(last modified Wed, 05 Dec 2018 06:03:17 GMT )
Декабр 05, 2018 11:03 Asia/Dushanbe
  • Стресси зиёд ба рафторҳои такрорӣ ва васвос мунҷар мешавад

Як равошинос бо ишора ба инки стресс омили аслии эҷоди васвос(ба русӣ"одержимость")дар шахс аст гуфт: Шахсе ки дучори васвос аст стресси бисёр болое дорад ва барои инки ин мизони стрессро коҳиш диҳад даст ба аъмоли такрорӣ мезанад.

Ба гузориши пойгоҳи итилорасонии шабакаи Хабар, Фотимаи Мунфаридпуё-дар бораи сабабҳои эҷоди васвос афзуд: Васвос ё бар асари ихтилоли физиологии мағзи сар аст, ки ё яке аз интиқолдиҳандаҳои мағз дуруст амал намекунад ва ё намунабардорӣ аз атрофиён боиси эҷоди васвос мешавад.Вай унвон кард : Васвос дар ҳар ду ҷинсият ба таври яксон вуҷуд дорад ва наметавон баён кард ки васвоси бонувон бештар аз мардҳо аст.

 Ин равошинос гуфт: Дармони васвос агар дар натиҷаи асароти физиологии мағзи сар бошад, равонпизишк ва равошинос ҳар ду ба дармон мепардозанд, вале агар бар асари улгугирӣ ё намунабардорӣ аз атрофиён бошад, рафтордармонӣ кифоят мекунад. Дар рафтордармонӣ тамом муддат такона ва изтироби бисёр болое ба фард ворид мекунанд.Мизони парасимпатиии мағзро боло мебаранд то ба авҷ бирасад ва сипас раванди ру ба коҳиш пайдо мешавад ки дар натиҷа изтироб низ коҳиш пайдо мекунанд ва аз дигар навъҳои дармон мувоҷеҳсозӣ аст, ки фардро бо масоиле ки барояш нороҳаткунанда аст рӯбарӯ мекунанд то мизони ҳассосияти уро ба он мавзуъ коҳиш диҳанд.

Мунфаридпуё дар хотима бо баёни инки  шахс дар тамоми муддати  дармон беҳтар аст, ки таваҷҷуҳ ба дармон дошта бошад ва аз рафтори эминибахш истифода накунад то зудтар марҳалаҳои дармонӣ пеш биравад, чаро ки ин ихтилол дар дарозмуддат зарбаҳои ҷуброннопазире ба фард ворид мекунад.