Муҳимтарин аломати ҳушдори равғангирифтагии ҷигар(кабиди чарб) чист?
Фарбеҳӣ ва чарбӣ (равған) дар ҳар синне, ки бошад ошкортарин аломати ҳушдор дар бурузи кабидчарб аст.
Бархилофи тасавури умумии ашхос дар ҳоли ҳозир ҳеҷ доруе барои дармони комили равғангирифтагии ҷигар то кунун кашф нашуда, албатта ба ғайр аз коҳиши вазн,зеро лоғарӣ танҳо доруи қатъӣ барои дармони равғангирифтагии ҷигар аст.
Ба гузориши пойгоҳи Хабар, доктор Алиризо Диловарӣ-мутахассиси дараҷаи олии аъзои ҳозима ва ҷигар ва узви ҳайъати илмии донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон бо баёни ин матлаб афзуд: Гоҳан нусхаҳои дармони равғангирифтагии ҷигар, ки навишта мешаванд асаре дар гоҳиши вазн ва дармони қатъии он надоранд.
Вай бо ишора ба инки равғангирифтагии ҷигар ҷузъи бемориҳои синдроми метаболистӣ аст, ки сарфи назар аз омилҳои генетикӣ дар асари саҳлангории худи афрод дар натиҷаи шеваи нодуруст ғизохуриашон ба вуҷуд меояд таъкид кард: Масрафи меваҳо ва кабутиҳо тоза, ғизоҳои бе равғанҳои ғайримуфид, варзиш ва пиёдаравӣ танҳо роҳкорҳои амалӣ барои дармони равғангирифтагии ҷигар аст, ки дар ғайри ин сурат ва бар асари бетаваҷҷуҳӣ ба он тайи 10 то 15 сол баъд аз эҷоди ин касалиҳои вазнини ҷигар дастоварди равғангирифтагии ҷигар мешавад.
Алиризо Диловарӣ диабет ва пурфишории хунро аз дигар бемориҳои синдроми метаболистӣ унвон кард, ки миқдори зиёде аз онҳо ба рижемҳои ғизоии иштибоҳи афрод вобаста аст.