Ҷустуҷу
-
Май 29, 2017
Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз баста шудани бахше аз роҳи иртиботии байналмилалӣ, миёни ин кишвар ва Қирғизистон бар асари ҷори шудани сел, тарма ва туғёни рӯдхонаи Сурхоб- дар ноҳияи Лахш хабар додаанд.
-
Май 28, 2017
Ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Русия бо таваҷҷуҳ ба таҳдидоти марзӣ ва таҳаррукоти террористӣ дар наздикии марзҳои Тоҷикистону Афғонистон ва рақобати геополитикии абарқудратҳои ҷаҳонӣ барои нуфузи бештар дар минтақаи Осиёи Марказӣ рӯ ба афзоиш аст.
-
Май 28, 2017
Дар маросиме дар шаҳри Душанбе, 23-умин солгарди таъсиси Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон таҷлил шуд.
-
Май 28, 2017
Дар сурати мувофиқати ҷониби Узбакистон бо аз саргирии ҳаракати автобусҳои мусофибарӣ миёни ин кишвар ва Тоҷикистон, ширкати “Asian Express Terminal” омодааст, ки интиқоли мусофирон дар ин масирро аз Душанбе ба мақсади шаҳрҳои Узбакистон оғоз кунад.
-
Май 27, 2017
Муовини Кумитаи умури иқтисод ва буҷети Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз талоши ин кишвар барои баҳрабардорӣ аз 3 турбини нахусти нерӯгоҳи обии “Роғун” дар соли 2018 хабар додааст.
-
Май 25, 2017
Русия барои аввалин бор ҷиҳати ширкат дар размоиши зидди тераристӣ системаи мушакии "Искандар-М”-ро ба Тоҷикистон интиқол додааст.
-
Май 25, 2017
Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон зимни таъйиди боздошти теъдоде аз масъулони собиқи ин ниҳод, кашфи миллионҳо доллар аз хонаҳои боздоштшудагонро рад кардааст.
-
Май 25, 2017
Сафири ғайримуқими Лаҳистон дар Тоҷикистон гуфтааст, ки давлаташ аъзои гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Душанбе, аз ҷумла Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломӣ ва Гурӯҳи 24-ро террорист намедонад.
-
Май 24, 2017
Раиси корхонаи таъмини оби Тоҷикистон аз дастрасӣ надоштани 43 дарсад аз мардуми ин кишвар ба оби ошомидании тоза хабар дод.
-
Май 21, 2017
Муовини аввали Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон бар густариши равобити дуҷониба бо Эрон таъкид кард.
-
Май 21, 2017
Додситонҳои кулли Тоҷикистону Қирғизистон дар нахустин нишасти муштарак бар ташдиди мубориза бо терроризм таъкид карданд.
-
Май 19, 2017
Дар дидори Раиси утоқи бозаргонӣ ва саноеъи Тоҷикистон бо намояндагони Анҷумани дӯстӣ ва ҳамкориҳои фарҳангӣ-иқтисодии Тоҷикистон ва Ҷопон дар Душанбе, бар густариши ҳамкориҳо таъкид шуд.
-
Май 18, 2017
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, давлати Душанбе аз сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ҳимоят мекунад.
-
Май 18, 2017
Давлати Тоҷикистон аз мақомоти Афғонистон хост, занону фарзандони террористҳои кушташудам мн кишварро аз зиндони Кобул ба Душанбе мунтақил кунанд.
-
Май 18, 2017
Сухангӯи ҳавзаи низомии марказии Русия аз интиқоли теъдоде аз ҷангандаҳои “Сухой – 24”-и артиши ин кишвар ба Тоҷикистон барои ширкат дар размоиши муштараки ду кишвар, мавсум ба “Душанбе зидди террор - 2017” хабар дод.
-
Май 18, 2017
Пас аз ҳалли ихтилофи парвозӣ миёни Русия ва Тоҷикистон акнун ширкати ҳавоии “Ямал” фурӯши билет барои парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат ба Душанбе ва Хуҷандро оғоз кард.
-
Май 17, 2017
Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеи саршиноси тоҷик ба далели мамнуулхуруҷиаш аз Тоҷикистон ба мақомоти масъул муроҷиа кардааст. Файзинисо Воҳидова, ки дар рӯзи 14 май мақомоти марзбонӣ ва амниятии Тоҷикистон аз сафараш ба Қирғизистон мамониат карда буданд, ба додситонӣ ва хадамоти муҳоҷиратии Тоҷикистон муроҷиа кардааст.
-
Май 17, 2017
Минбаъд аъзои ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола доир ба даромадҳо, вазъи молу мулки худ ва аъзои оилаашон эъломия пур карда, онро ба мақомоти андози кишвар пешниҳод менамоянд.