Ҷустуҷу
-
Май 23, 2021
Варзишкорони тоҷик дар нуҳумин мусобиқаи байналмилалии марафон ду нишони биринҷӣ ба даст оварданд.
-
Май 23, 2021
Ҳомиёни Фаластин дар Лондон бо ҳадафи ҳимоят аз мардуми Фаластин ва маҳкумияти ҳамлаҳои режими исроил ба Борикаи Ғазза, парчамҳои Фаластин, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломиро баланд бардоштанд.
-
Май 23, 2021
Дмитрий Песков, сухангуи Кремлин дар иртибот бо таҳримҳои ҷадиди Амрико алайҳи тарҳи интиқоли гази Русия ба Олмон мавсум ба Норд Стрим 2 гуфт: Ҳарфу амали онҳо дар иртибот бо музокирот ва рафъи ихтилофот бо ҳам мутазод аст. Онҳо дар бораи равобит ва музокироти дуҷониба дар ҳарф як чиз мегӯянд ва дар амал хилофи он рафтор мекунанд.
-
Май 23, 2021
Раиси ҷумҳӯрии Тоҷикистон ба вазири маориф ва илм ва раиси дафтари раёсати ҷумҳӯрӣ дастур додааст, ки раванди бозгардондани мутахассисони тоҷик аз хориҷро ба таври ҷиддӣ пайгирӣ кунанд .
-
Май 23, 2021
“Бар боли андеша” маҷмуъа барномае аст, ки бо ҳадафи ташвиқи мардум ба мутолиаи китоб ба муъаррифии бузургтарин нависандагони дунё ва осори онҳо мепардозад. Ин барнома рӯзҳои ҷумъа аз радиои тоҷикии Садои Хуросон пахш мешавад.
-
Май 22, 2021
Натаняҳу дар нишаст бо мақомоти давлати Олмон, тақозои худро барои кумак ба режими саҳюнистӣ дар баробари посӯхҳои мушакии Фаластин матраҳ кард.
-
Май 22, 2021
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ дар нишасти муштараке дар Душанбе густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.
-
Май 22, 2021
Раиси Созмони ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон аз судӯри муҷаввизи парвоз барои се ширкати русӣ хабар дод, машрӯт ба инки қимати билет дар масири Душанбе ба шаҳрҳои Русияро беш аз 500 доллар таъйин накунанд.
-
Май 22, 2021
Як мақоми рус аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил(ИДМ) барои истифода аз банодири Қрим дар заминаи ҳамлу нақли бор даъват кард.
-
Май 22, 2021
Ҳудӯди ҳазору 450 хонаи истиқоматӣ дар ҷанги 11 рӯзаи Исроил алайҳи Борикаи Ғазза ба таври комил вайрон шудааст.
-
Май 22, 2021
Тасовири фаластиниёни шодмон аз пирӯзӣ, ки такбиргуён аз баробари сарбозони хомуши исроилӣ мегузаранд ва вориди Масҷидулақсо мешаванд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ пурбоздид шудааст.
-
Май 22, 2021
Узбакистон ва Русия дар мавриди танзими азсаргирии иртибототи рейлии муназзам пас аз беҳбуди вазъияти ҳамагирии корона ба тавофуқ расиданд.
-
Май 22, 2021
Теъдоди зиёде аз мардуми Фаластин пас аз пирӯзиҳои ахири нерӯҳои муқовимат дар баробари режими саҳюнистӣ, дар Масҷидулақсо гирди ҳам омаданд ва ба шодмонӣ пардохтанд.
-
Май 22, 2021
Созишномаи ихтисосии кумаки ройгони 21 миллиону 200 ҳазор долларии Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои муқобила бо паёмадҳои бемории Ковид 19 дар Душанбе имзо шуд.
-
Май 22, 2021
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, дар паёме пирӯзии муқовимати Фаластин дар ҷанги давоздаҳрӯза бо режими саҳюнистиро табрик гуфтанд.
-
Май 21, 2021
Муовини Бонки Ҷаҳонӣ аз омодагии ин ниҳод барои тавлиди энергетикаҳои таҷдидпазир дар Тоҷикистон хабар дод.
-
Май 21, 2021
Заминларзаи 5-баллӣ бандари Генова дар вилояти Бушеҳр, ҷануби Эронро ларзонд.
-
Май 21, 2021
Кобинаи режими саҳюнистӣ бо барқарории оташбас дар Борикаи ғазза аз соати 2 бомдоди имрӯз (ҷумъа) мувофиқат кард.
-
Май 20, 2021
Амрико барои ёфтани шаҳрванди худ дар Афғонистон 5 миллион доллар ҷоиза таъин кард .
-
Май 20, 2021
Ҳамоиши бузургдошти шоири саршиноси тоҷик Мирзо Турсунзода дар Теҳрон баргузор шуд .