Барқарории оташбас дар Ғазза аз соати 2 бомдод
-
Барқарории оташбас дар Ғазза аз соати 2 бомдод
Кобинаи режими саҳюнистӣ бо барқарории оташбас дар Борикаи ғазза аз соати 2 бомдоди имрӯз (ҷумъа) мувофиқат кард.
Ба гузориши хабаргузории шабакаи хабарии ал-Маёдин, оташбас аз соати 2 бомдоди рӯзи ҷумъа ба марҳалаи иҷро гузошта шудааст.
Мақомҳои мисрӣ оташбас ҳамзамон дар Ғаззаро ба гурӯҳҳои фаластинӣ итилоъ додаанд.
Шаҳрҳои мухталифи сарзаминҳои ишғолӣ ба тозагӣ шоҳиди даври ҷадиди муқовимати мардуми Фаластин аст. Иқдомоти режими саҳюнистӣ барои тахриб ва ишғоли маҳаллаи Шайх Ҷарроҳ дар бахши шарқии Байтулмуқаддаси ишғолшуда, мӯҷиби оғози даври ҷадиде аз даргириҳо дар сарзаминҳои ишғолӣ ва идомаи ин даргириҳо мунҷар ба эътирозоти ҷаҳонӣ ба ҷиноёти саҳюнистҳо шудааст.
Низомиёни ишғолгари саҳюнист аз душанбеи ҳафтаи гузашта ( 10 май ) ҳамалот ва таҷовузҳои ваҳшиёна алайҳи Борикаи Ғазза ва фаластиниҳоро оғоз карданд, ки токунун бар асари он, 230 тан, аз ҷумла 65 кӯдак, 39 зан ва 17 солманди шаҳид ва як ҳазору 719 тан захмӣ шудаанд.
Бештар бихонед: