Май 22, 2021 08:58 Asia/Dushanbe
  • Дунёии ислом яксара дар баробари қазияи Фаластин, масъул ва дорои таклифи динӣ аст
    Дунёии ислом яксара дар баробари қазияи Фаластин, масъул ва дорои таклифи динӣ аст

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, дар паёме пирӯзии муқовимати Фаластин дар ҷанги давоздаҳрӯза бо режими саҳюнистиро табрик гуфтанд.

Матни паёми раҳбари инқилоб ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳи раҳмони раҳим

Салом бар Фаластини муқтадиру мазлум, салом бар ҷавонони шуҷоъ ва ғаюри Фаластин, салом бар Ғаззаи қаҳрамон ва муқовим, салом бар Ҳамос ва Ҷиҳод ва ҳамаи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ ва сиёсии Фаластин.

Худованди азизу қадирро барои нусрату иззате, ки ба муҷоҳидони фаластинӣ ато кард, сипос мегӯем вау нузули сакина ва тамонина бар дилҳои маҷрӯҳи шаҳиддодагон ва раҳмату башорат барои шаҳидон ва шифои комил барои осебдидагонро аз Худованди манон масаллат мекунам ва пирӯзӣ бар режими ҷинояткори саҳюнистро табрик мегӯям.

Озмӯни ин чанд рӯз, миллати Фаластинро сарафроз кард. Душмани ваҳшӣ ва гургсифат ба дурустӣ ташхис дод, ки дар баробари қиёми якпорчаи Фаластин нотавон аст. Озмӯни ҳамкории Қудс ва Каронаи Бохтарӣ бо Ғазза ва арозии 48 ва урдугоҳҳо, роҳкори ояндаи фаластиниҳоро нишон дод. Дар ин 12 рӯз режими ҷобир, ҷиноёти бузурге умдатан дар Ғазза муртакиб шуд ва амалан собит кард, ки бар асари нотавонӣ дар муқобила бо қиёми якпорчаи Фаластин, рафторҳое ончунон нангин ва девонавор муртакиб мешавад, ки афкори умумии ҳамаи оламро бар зидди худ бармеангезад ва худ ва давлатҳои ғарбии пуштибони худ бавижа Амрикои ҷинояткорро аз гузашта боз ҳам манфуртар мекунад. Идомаи ҷиноятҳо ва дархости оташбаси ҳар ду шикасти ӯ буд. Ӯ ночор шуд, шикастро бипазирад.

Режими хабис аз ин ҳам заифтар хоҳад шуд. Омодагии ҷавонони фаластинӣ ва қудратнамоии маҷмуаҳои арзишманди ҷиҳодӣ ва аъдоди қувва ба сурати мустамар, Фаластинро рӯз ба рӯз қудратмандтар ва душмани ғосибро рӯз ба рӯз нотавонтару бечоратар хоҳад кард.

Замони оғоз ва таваққуфи даргириҳо баста ба ташхиси бузургони ҷиҳодӣ ва сиёсии фаластинист, вале омодасозӣ ва ҳузури қудратмандона дар саҳна, таътилбардор нест. Таҷрубаи Шайх Ҷарроҳ дар истодагӣ дар баробари зӯргуии режим ва шаҳракнишинони муздур, бояд дастуруламали ҳамешагии мардуми ғаюри Фаластин бошад. Ба ҷавонмардони Шайх Ҷарроҳ дуруд мефиристам.

Дунёи ислом яксара дар баробари қазияи Фаластин, масъул ва дорои таклифи динист. Ақли сиёсӣ ва таҷрубаҳои ҳукмронӣ ҳам ин ҳукми шаръиро тайид ва бар он таъкид мекунад. Давлатҳои мусулмон бояд дар пуштибонӣ аз миллати Фаластин содиқона вориди майдон шаванд, чи дар тақвияти низомӣ, чи дар пуштибонии молӣ, ки имрӯз беш аз гузашта мавриди ниёз аст ва чи дар бозсозии зерсохтҳо ва вайрониҳо дар Ғазза.

Мутолиба ва пайгирии миллатҳо, пуштвонаи ин хостаи динӣ ва сиёсист. Миллатҳои мусулмон бояд анҷоми ин вазифаро аз давлатҳои худ мутолиба кунанд, худи миллатҳо низ дар ҳадди тавон муваззаф ба пуштибонии молӣ ва сиёсианд.

Вазифаи муҳими дигар, пайгирии муҷозоти ҳукумати террорист ва саффоки саҳюнист аст. Ҳамаи виҷдонҳои бедор тасдиқ мекунанд, ки ҷинояти густардаи куштори кӯдакон ва занони фаластинӣ дар ин 12 рӯз набояд бемуҷозот бимонад. Ҳамаи авомили муассири режим ва шахси ҷинояткори Нетаняҳу бояд таҳти пайгарди додгоҳҳои байналмилалӣ ва мустақил қарор гиранд ва муҷозот шаванд ва ин ба ҳавли қувваи илоҳӣ таҳаққуқ хоҳад ёфт, валлоҳ ғолиб али амра.

Ҷумъа 21 Май 2021

Саид Алии Хоманаӣ

 

Барчасп