Ҷустуҷу
-
Sep 15, 2020
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, теъдоди беҳбудёфтагони бемории корона дар ин кишварро ҳудуди 350 ҳазор нафар эълом кард.
-
Sep 15, 2020
Сенарияи "эронҳаросӣ" то кунун бо сужаҳое ҳамчун иддиои мудохилаи Эрон дар кишварҳои минтақа, таҳдидсозӣ аз қудрати низомӣ ва мушакӣ, иддиои ҳимоят аз терроризм, нақзи ҳуқуқти башар ва илқои нигаронӣ дар заминаи фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаии Эрон думбол шудааст.
-
Sep 15, 2020
Тасмими ғайри мантиқии Конфедератсияи футболи Осиё дар лағви муҷаввизи пахши бозиҳои тимҳои футболи Эрон дар лиги қаҳрамонони Осиё бо вокуниши тимҳои эронии ширкаткунанда дар ин рақобатҳо рӯ ба рӯ шуд.
-
Sep 14, 2020
Ҷамъе аз устодони донишгоҳҳои Эрон дар номае ба устодон ва соҳибназарони донишгоҳҳо дар Аврупо, иҳонати нашрияи фаронсавии Шарли Эбдо ба Паёмбари ислом (с)-ро намоиши терроризми фарҳанги унвон карданд.
-
Sep 14, 2020
Теъдоди беҳбудёфтагони бемории корона дар Эрон ба беш аз 348 ҳазор нафар расид.
-
Sep 14, 2020
Интишороти Хирадгон дар Теҳрон китоби Абдуҷаббори Суруш, шоири муосири тоҷикро мунташир кард.
-
Sep 14, 2020
Номзади Ҳизби демократ барои интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико бо интиқод аз рӯйкарди Трамп дар қиболи Эрон сиёсати худро дар ин замина ташреҳ кард.
-
Sep 14, 2020
Дувумин бастаи кумакҳои инсонӣ ва пизишкии Эрон барои муқобила бо КОВИД-19-ро масъулони сафорати Эрон таҳвили мақомоти Қирғизистон доданд.
-
Sep 13, 2020
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба иқдомоти мухарриби Амрико алайҳи иқтисоди Эрон, гуфт: "Душман дар расидан ба аҳдофи сратегии худ на танҳо номуваффақ будааст, балки дучори шикастҳои камназир шудааст.
-
Sep 13, 2020
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, теъдоди беҳбудёфтагони бемории корона дар кишварро ҳудуди 346 ҳазор нафар эълом кард.
-
Sep 13, 2020
Маросими расмии бозгушоии донишгоҳҳо ва марокизи омӯзиши олӣ дар Эрон имрӯз (якшанбе) бо ҳузури маҷозии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Донишгоҳи Теҳрон оғоз шуд.
-
Sep 13, 2020
Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, шаҳри Саразм, ҳавзаи бостонии муштараки Эрон, Афғонистон ва Ҳинд ба ҳисоб меояд, ки ҳанӯз ҳам ниёз ба баррасӣ ва ковиш дорад.
-
Sep 12, 2020
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, теъдоди беҳбудёфтагони бемории Ковид -19 дар ин кишварро ҳудуди 345 ҳазор нафар эълом кард.
-
Sep 12, 2020
Вазорти умури хориҷаи Эрон бо истиқбол аз шурӯъи гуфтугӯҳо байни давлати Афғонистон, гурӯҳҳои сиёсӣ ва Толибон, идомаи ҳузури неруҳои хориҷиро аз иллатҳои аслии тадовуми ҷанг дар ин кишвар унвон кард.
-
Sep 12, 2020
Вазорати умури хориҷаи Эрон бо маҳкум кардани эъломи барқарории равобити дипломатик байни Манома ва Тел-Авив, онро иқдоме нангин ва хиффатбор аз сӯи Баҳрайн донист.
-
Sep 11, 2020
Мардуми Эрони исломӣ дирӯз ва имрӯз дар эътироз ба иқдоми тавҳиномези маҷаллаи фаронсавӣ ба паёмбари акрам (с) дар саросари кишвар таҷаммӯи эътирозӣ баргузор карданд.
-
Sep 11, 2020
Давлати Афғонистон густариши равобити тиҷорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эронро хостор шуд.
-
Sep 11, 2020
Шиноварҳои нируи дарёии артиши Эрон бо истифода аз мушаки крузи "Наср", аҳдофи сатҳии худро дар дарё нобуд карданд.
-
Sep 11, 2020
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар ин ки муҳим нест, чӣ касе раисҷумҳури Амрико мешавад гуфт : Иёлоти Муттаҳида чандин даҳа аст, ки дар интихоботи кишварҳои дигар аз ҷумла Эрон дахолат мекунад.
-
Sep 11, 2020
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, теъдоди беҳбудёфтагони бемории корона дар кишварро ҳудуди 342 ҳазор нафар эълом кард.