Ҷустуҷу
-
Apr 05, 2019
Маҷлиси намояндагони Амрико қатъномаеро тасвиб кард, ки ба мӯҷиби он Кохи Сафед бояд ба ирсоли кумакҳои низомӣ ба Арабистони Саудӣ дар ҷанги Яман поён диҳад.
-
Mar 31, 2019
Маркази озодии матбуоти Тунис дар ёддоште, ки ба имзои 456 созмони арабӣ расидааст, таваққуфи ҷанги золимонаи Арабистон алайҳи Яман ва ҳалли буҳрони инсонӣ дар ин кишварро хостор шуд.
-
Mar 19, 2019
Нахустин руёруии Эрон ва мардуми нимаҷазираи Арабистон дар замони Сосониён рух дод. Набарде, ки гарчи ҳосили он пирӯзии Шопури дуввум буд, аммо то фурупошии силсилаи Сосониён идома ёфт.
-
Mar 14, 2019
Дар пайи ҳароси Арабистон аз паёмадҳои байналмилалӣ ва минтақаии парвандаи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, нависанда ва рӯзноманигори мунтақиди режими Саудӣ, Риёз дархостҳо барои байналмилалӣ кардани таҳқиқот дар бораи ин парвандаро рад кард.
-
Mar 13, 2019
Ба дунболи вуқуъи сониҳаи маргбори суқути ҳавопаймои мусофирбарии Эфиопия, Бельгия, Полша ва Туркия низ парвози ҳавопаймоҳои Боинг бар фарози кишварҳои худро мамнуъ эълом карданд.
-
Mar 11, 2019
Бо вуҷуди интиқодоти байналмилалӣ, муҳокимаи Лаҷин ал Ҳазлул, яке аз 10 мудофеи барҷастаи ҳуқуқи занон дар Арабистон рӯзи чаҳоршанбе дар ин кишвар оғоз мешавад.
-
Mar 10, 2019
Ҳуқуқи башар ба нуқтаи заъфи Арабистони Саудӣ табдил шуд, ки савдои қудратёбии Муҳаммад ибни Салмонро низ тазъиф кардааст.
-
Mar 08, 2019
Кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар канори 12 кишвари дигар дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал муттаҳид дар баёнияе аз вазъи ҳуқуқи башар дар Арабистон ба вижа рафтор бо зиндониёни сиёсӣ, аз ҷумла фаъолони ҳуқуқи зан ба шиддат интиқод карданд.
-
Mar 06, 2019
Комиссари ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид бо ибрози нигаронӣ аз нақзи ҳуқуқи башар дар Арабистон, Миёнмор ва сарзаминҳои таҳти ишғоли режими Исроил, таваққуфи иқдомоти ғайриинсонии ин режимҳоро хостор шуд.
-
Mar 04, 2019
Комиссариати олии ҳуқуқи башари Созмони Милал бо интиқод аз саркӯби фаъолони ҳуқуқи башар дар Арабистон, аз Риёз хост, ноқизони ҳуқуқи башарро муҷозот кунад.
-
Mar 03, 2019
Намояндаи собиқи қавми эзадии Ироқ дар парлумони ин кишвар аз барномаи таҳқиқ дар бораи интиқол ва фурӯши занони асири эзадӣ ба дасти ДИИШ дар Арабистон ва бархе кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс хабар дод.
-
Mar 02, 2019
Як расонаи ғарбӣ боздошти занон дар Арабистонро намоди барномаи саркӯбгаронаи сиёсии Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди саудӣ тавсиф кард.
-
Feb 28, 2019
Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид аз адами ҳамкории Амрико ва Арабистон бо ин созмон дар заминаи террори Ҷамол Хошуқҷӣ интиқод кард.
-
Feb 24, 2019
Таҳлилгари рӯзномаи Вашингтон Пост, интисоби як занро ба унвони сафири Арабистон дар Вашингтон, иқдоме риёкоронаи Риёз барои тармими виҷҳаи ҷаҳонии худ, тавсиф кард.
-
Feb 24, 2019
Рӯзномаи “Индепендент” гузориш дод: Арабистони Саудӣ, ки худро мудофеи мусулмонони саросари ҷаҳон медонад, аз ҳаққи Пекин барои боздошти садҳо ҳазор мусулмони уйғур ва нигаҳдории онҳо дар урдугоҳи бозомӯзии ақидатии Чин ҳимоят кард.
-
Feb 23, 2019
Расонаҳои Саудӣ аз тарҳи Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Арабистон барои омӯзиши забони чинӣ дар мадорис ва донишгоҳҳои ин кишвар хабар додаанд.
-
Feb 21, 2019
Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон дар охирин марҳалаи сафари осиёии худ имрӯз вориди Пекин, пойтахти Чин шуд.
-
Feb 18, 2019
Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусулмон эълом кард: Амнияти ҷаҳони ислом ва минтақа ҳаргиз аз тариқи ҳампаймонӣ бо душмани саҳюнистӣ, ки шиораш аз Нил то Фурот аст, муҳаққақ нахоҳад шуд.
-
Feb 18, 2019
Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон рӯзи якшанбе бо 7 ҳавопаймо ва ҳамроҳии ҷангандаҳои покистонӣ дар миёни тадобири шадиди амниятӣ вориди фурудгоҳи Нурхони Исломобод шуд.
-
Feb 18, 2019
Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ ҳамзамон бо шиорҳои мардуми Покистон зидди оли Сауд, шаби гузашта таҳти тадобири шадиди амниятӣ вориди Исломобод, пойтахти ин кишвар шуд.