Ҷустуҷу
-
Jul 08, 2017
Аз рӯзи 10-уми июл нишастҳои матбуотии мақомоти Тоҷикистон ҷиҳати ироаи иттилоъ ба расонаҳо дар робита фаъолияти шашмоҳаашон оғоз мешавад.
-
Jul 08, 2017
Чандин созмони ҳуқуқӣ иқдомоти Арабистонро дар таҳрими Қатар маҳкум карданду онро шиддат гирифтани нақзи ҳуқуқи башар донистанд.
-
Jul 08, 2017
Вазири хориҷаи Амрико пас аз дидори раисони ҷумҳурии Амрико ва Русия гуфт, Мелания Трамп, бонуи аввали Амрико барои барҳам задани дидори Владимир Путин ва Доналд Трамп дар ҳошияи иҷлоси “Гурӯҳи 20” дар Ҳамбург талош кард, аммо муваффақ ба анҷоми ин кор нашуд.
-
Jul 08, 2017
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз ҷамъоварии наздик ба 500 ҳазор тон гандум аз заминҳои ин кишвар аз оғози бардошти ин маҳсул хабар дод.
-
Jul 07, 2017
Манобеи афғон аз бозгашти қариб-ул-вуқӯи Абдурашид Дӯстум, муовини аввали раисҷумҳур ва раҳбари Ҳизби ҷунбиши миллии исломӣ ба Кобул хабар доданд.
-
Jul 07, 2017
Манобеи хабаргузории ИРНА дақоиқе пеш дар гузорише аз Мавсил эълом карданд, ки бо нобудии охирин сангарҳои ДИИШ ва поксозии комили бахши қадимии Мавсил ин шаҳр пас аз 1 122 рӯз ба таври комил озод шуд.
-
Jul 07, 2017
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳуқуқи башари ғарбиро дурӯғе беш надонист ва таъкид кард, маҷомеи ҳуқуқи башар дар баробари ҷиноёти Оли Сауд ва Оли Халифа сукут ихтиёр кардаанд.
-
Jul 06, 2017
Нахуствазири Покистон, ки барои ширкат дар нишасти чаҳорҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Покистон ба Душанбе сафар кардааст, бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дидор кард.
-
Jul 06, 2017
Хабарнигори радиои тоҷикии Садои Хуросон дар бахши поёнии нуҳумин иҷлоси Маҷмаи умумии Иттиҳоди радио ва телевизионҳои кишварҳои исломӣ дар шаҳри Машҳад - пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом сӯҳбате дошт бо Ҳуҷҷатулислом Алии Каримиён, дабири кулли Иттиҳоди радио ва телевизионҳои исломӣ дар мавзӯи усули мубориза бо Исломҳаросӣ, рабт додани терроризм ба Ислом ва андешаҳои ифротиву такфирӣ аз сӯйи расонаҳои ғарбӣ ва арабӣ, ки манзуратон мегардад.
-
Jul 06, 2017
Дуктур Сайидҳодии Афқаҳӣ, коршиноси масоили Ховари миёна ва ҷаҳони араб дар нуҳумин иҷлоси Маҷмаи умумии Иттиҳоди радио ва телевизионҳои исломӣ рӯзи сешанбе дар Машҳад дар сӯҳбат бо хабарнигори радиои тоҷикии Садои Хуросон дар бораи гурӯҳҳои такфирӣ ва мубориза бо андешаҳои ифротӣ дидгоҳи коршиносии худро матраҳ кард, ки хулосаи онро мешунавед:
-
Jul 06, 2017
Нуҳумин иҷлоси Маҷмаи умумии Иттиҳоди радио ва телевизионҳои исломӣ то асри рӯзи сешанбе дар Машҳад идома дошт, ки хабарнигорони радиои тоҷикии Садои Хуросон низ дар ин нишаст ҳузури фаъол доштанд ва ба инъикоси паҳлӯҳои мухталифи ин иҷлос пардохтанд.
-
Jul 06, 2017
Кӯмакҳои башардӯстонаи ҷамъияти “Ҳилоли Аҳмар”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон, шомил сад дона чодар ва чаҳорсад курпа (одеял) вориди Бишкек- пойтахти Қирғизистон шуд.
-
Jul 05, 2017
Дар поёни дидори раисҷумҳури Тоҷикистон ва нахуствазири Покистон ва музокироти ҳайъатҳои ду кишвар дар Душанбе 3 санади ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.
-
Jul 05, 2017
Мудиромил ва узви ҳайъатмудираи ҳотелҳои эронгардӣ ва ҷаҳонгардии Эрон гуфт: Созмони ҷаҳонии ҷаҳонгардӣ, даромади Эронро дар соли 2016 дар бахши гардишгарӣ ҳудуди ҳашт миллиард доллар эълом кардааст.
-
Jul 05, 2017
Манобеи маҳаллӣ дар ҷануби Тоҷикистон аз боздошти бародар ва бастагони Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини Нерӯҳои вижаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар доданд.
-
Jul 05, 2017
Мақомоти интизомии Тоҷикистон истирдоди бародарзодаи сарҳанг (полковник) Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини Нерӯи вижаи Вазорати умури дохилаи ин ҷумҳуриро аз Русия ба Душанбе таъйид карданд.
-
Jul 05, 2017
Анҷир дарахте аст бо баргҳои зард ва панҷаӣ ва ба рангҳои сабз ва хокистарӣ, ки баландии он то шаш метр мерасад ва ба далели муқовимат надоштан дар муқобили сармои шадид дар манотиқи муътадил ва гармсер кишт мешавад.
-
Jul 04, 2017
Маҷмӯаи зебо ва таърихии Боязиди Бастомӣ дар шаҳри Бастом, дар шимолу шарқи Эрон ганҷинае аз фарҳангу тамаддуни эронӣ- исломӣ аст, ки таваҷҷуҳи гардишгаронро ба худ ҷалб мекунад.
-
Jul 04, 2017
Раисҷумҳури Озарбойҷон барои ҳалли муноқишаи Қарабоғ аз ҳамтои амрикоии хеш кумак хост.
-
Jul 04, 2017
Эрон ва ширкати Тотали Фаронса, нахустин қарордоди ҷадиди газиро ба арзиши чаҳор миллиарду 800 миллион доллар барои тавсеаи фазаи 11 майдони гази Порси ҷанубии Эрон имзо карданд.