Ҷустуҷу
-
Май 11, 2020
Як гурӯҳ аз фаолони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ, сомонаи вижае барои сабти омор ва мушаххасоти даргузаштагон аз коронавирус ва илтиҳоби шуш дар Тоҷикистон роҳандозӣ кардаанд.
-
Май 11, 2020
Дар сухтор дар як маркази ғайридавлатии нигаҳдории пиронсолони бемор дар ҳумаи Маскав 9 нафар кушта ва 9 тан низ маҷрӯҳ шуданд.
-
Май 11, 2020
Арабистони саудӣ дар пайи шиддат ёфтани мушкилоти иқтисодӣ, андоз аз арзиши иловашударо афзоиш медиҳад ва пардохти ҳазинаи маишатиро мутаваққиф хоҳад кард.
-
Май 11, 2020
Ба далели густариши коронавирус ва камбуди маконҳои дармонӣ дар Тоҷикистон пешниҳоди табдили бинои собиқи Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба бемористон матраҳ шудааст.
-
Май 11, 2020
Як шаҳрванди Ғано 533 нафарро дар ин кишвар ба коронавирус мубтало кардааст.
-
Май 11, 2020
Вазири нави тандурустии Тоҷикистон нахустин нишасти масъулони ин вазоратхонаро барои баррасии вазъи муқобила бо густариши коронавирус баргузор кард.
-
Май 11, 2020
Донишҷӯёни гурӯҳи улуми пизишкии Тоҷикистон ба бемористонҳои шаҳри Душанбе сафарбар шуданд.
-
Май 10, 2020
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Бо талоши фидокоронаи кадри пизишкӣ ва дармонӣ ва ҳамроҳии мардуми Эрон, Ҷумҳурии исломии Эрон дар муқоиса бо соири кишварҳо, дар иқдомоти худ барои назорат ва муқобила бо коронавирус сарафроз ва обрӯманд аст.
-
Май 10, 2020
Ба думболи шуйюи коронавирус ва таътилиҳои густурда дар Швейтсария, садҳо нафар дар шаҳри Женева барои дарёфти ғизои ройгон саф кашиданд.
-
Май 10, 2020
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия, паёми табрики твиттерии Кохи Сафед ба муносибати поёни Ҷанги ҷаҳонии дуввумро, ки дар он ишорае ба нақши Маскав нашудааст, тавҳиномез хонд.
-
Май 10, 2020
Густариши коронавирус ва коҳиши сафарҳо дар Тоҷикистон муҷиби пойин омадани нархи сӯзишворӣ дар ин кишвар шудааст.
-
Май 10, 2020
Русия пас аз тавлиди сомонаи дифои ҳавоии С -500 ба сомонаи силоҳи мунҳасир ба фард дар ҷаҳон даст пайдо мекунад.
-
Май 10, 2020
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон бо эҳзори сафири Қирғизистон дар Душанбе маротиби эътирози Душанберо ба даргирии ахир дар марзи ду кишвар, ба вай эълом кард.
-
Май 10, 2020
Муқаррароти мамнуияти ҳузури сокинони пойтахти Тоҷикистон бидуни ниқоби тиббӣ дар кӯча ва хиёбонҳо, воситаҳои нақлиёт ва хориҷ аз хона аз рӯзи 9 май иҷроӣ шудааст.
-
Май 10, 2020
Нахустин доруи гиёҳии эронии саръ (эпилепсия) бо талоши муҳаққиқон тести инсонии худро бо муваффақият пушти сар гузошт.
-
Май 09, 2020
Залмай Халилзод- намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон дар дидор бо мулло Абдулғанӣ Бародар, музокиракунандаи аршади Толибон дар Дуҳаи Қатар, дар бораи бумбаст дар иҷрои тавофуқномаи сулҳ миёни Вашингтон ва Толибон баҳсу табодули назар кард. Халилзод талош мекунад, ки ба ҳар қимате ин тавофуқро, ки барои Доналд Трамп- раиси ҷумҳури Амрико дар соли интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар бисёр муҳим аст, аз бумбаст хориҷ созад.
-
Май 09, 2020
Тавсияи сардор шаҳид Сулаймонӣ дар ҳангоми сахтиҳо
-
Май 09, 2020
"Хонаводаи солим" барномае аст, ки рӯзҳои ҷумъа тақдими шумо, хонаводаҳои хуб, мешавад. Дар ин гуфтор ҳар ҳафта хусусиятҳои хонаводаҳои солим аз назари дини мубини Ислом баён мегардад.
-
Май 09, 2020
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, аз эҳдои 100 000 дастгоҳи ташхисии ҷадиди коронавирус ба Эрон аз сӯи Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ хабар дод.