Ҷустуҷу
-
Mar 01, 2020
Вазорати умури хориҷаи Русия бо интиқод аз боздошти коркунони хабаргузории Спутник дар Туркия, зимни таъкид бар озодии фаврии онҳо, ин иқдмро нақзи ошкори ҳуқуқи рӯзноманигорон донист.
-
Mar 01, 2020
Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз сафҳои саднафарии тоҷикони муқими Маскав барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои маҳаллии ин кишвар хабар дод.
-
Mar 01, 2020
Раисиҷумҳури Русия дар гуфтугӯи тилифонӣ бо Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон эълом кард, ки Русия барои кӯмакрасонӣ ба Эрон дар муқобила бо густариши коронавирус омодааст.
-
Feb 29, 2020
Раисиҷумҳури Туркия дар изҳороте, ки нишон аз эҳтимоли рӯёрӯии низомии ин кишвар бо Русия дар Сурия дорад, хитоб ба раҳбарони Маскав гуфт, аз сари роҳи нерӯҳои Туркия дар Идлиб канор биравед.
-
Feb 29, 2020
Додгоҳи низомии шаҳри Санктпетербурги Русия як тоҷикистониро ба иллати ҳамкорӣ бо гурӯҳи ДИИШ ба 10 соли зиндон макум кард.
-
Feb 25, 2020
Интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар 5 шаҳри Русия ҳам баргузор мешавад.
-
Feb 24, 2020
Дар поёни дидори вазирони умури хориҷаи Русия ва Тоҷикистон дар Маскав чанд санади ҳамкории дуҷониба имзо шуд.
-
Feb 22, 2020
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба Русия сафар мекунад.
-
Feb 22, 2020
Як коргари муҳоҷири тоҷик ба иллати сарозер шудан аз сохтмон дар Русия кушта шуд.
-
Feb 20, 2020
Раиси ҷумҳурии Русия тафоҳумномаи сохти 5 мадраса дар Тоҷикистонро бо меъёрҳои омӯзишии кишвари Русия имзо кард.
-
Feb 19, 2020
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз Эрон ва бархе кишварҳои дигар, аз ҷумл Русия ва Туркия дар ҳалли бӯҳрони Сурия кӯмак хост.
-
Feb 19, 2020
Вазири фарҳанги Тоҷикиистон ва сафири Русия дар Душанбе роҳҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
-
Feb 18, 2020
Русия фақт дар қолиби Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё метавонад ба сохти нерӯгоҳи Роғун кӯмаки молӣ кунад.
-
Feb 17, 2020
Хадамоти федерали марзбонии Русия аз сафари як миллиону 57 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия дар соли 2019 хабар дод, ки дар муқоиса бо соли 2018 20 дарсад афзоиш нишон медиҳад.
-
Feb 15, 2020
Телевизиони РашаТудэй-и Русия тасовире аз раванди тадриҷии ях бастани кӯли Байкал мунташир кард.
-
Feb 09, 2020
Муовини мудири ширкати ҳавопаймоии ТоҷикЭйри Тоҷикистон гуфт, ки талош барои рафъи тавқифи як ҳавопаймои Боинг-737 ин ширкат дар додгоҳи иқтисоди Маскав идома дорад.
-
Feb 06, 2020
Раиси Банки миллии Тоҷикистон гуфт; коргарони муҳоҷири тоҷик дар соли гузаштаи милодӣ 2 , миллиарду 700 миллион доллар даромади худро аз Русия ба Тоҷикистон интиқол доданд.
-
Feb 03, 2020
Давлати Русия дар ростои ташдиди муқобила бо коронавирус, дар ду минтақаи ҳаммарз бо Чин ҳолати фавқулода эълом кард.
-
Jan 30, 2020
Вазорати умури хориҷаи Русия, изҳороти раисиҷумҳури Туркияро дар бораи пойбанд набудани Маскав ба тааҳҳудоти худ дар Сурия, рад кард.
-
Jan 26, 2020
Вазорати дифои Русия дар баёнияе эълом кард, бархе мақомоҳои Вазорати дифои Амрико, Пентагон, ба дунболи муташанниҷ кардани авзоъ дар Сурия ҳастанд.