Ҷустуҷу
-
Mar 28, 2017
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон равобити Теҳрону Маскавро рӯ ба тавсеа хонда таъкид кард, Эрон аз густариши равобит бо ҳамсоягони минтақаӣ, аз ҷумла Русия истиқбол мекунад.
-
Mar 27, 2017
Манобеи расмии Тоҷикистон аз оғози иҷрои барномаи афви муҳоҷирони тоҷик дар Русия, хабар доданд.
-
Mar 26, 2017
Ҳукумати Русия шуморе аз муҳоҷирони тоҷик дар ин кишварро афв кард.
-
Mar 25, 2017
Китоби “Аз Хумайнӣ то Хоманаӣ”, навиштаи Димитрий Жуков, нависандаи фақиди Русия, ки дарбаргирандаи иттилооте аз Эрон, инқилоб ва ҷумҳурии исломӣ аст, ба чопи сеюм расид.
-
Mar 24, 2017
Русия дар Тоҷикистон 20 мактаб месозад, ки таълим дар онҳо бо забони русӣ хоҳад буд.
-
Mar 22, 2017
Дуктур Абдуллоҳ Давлатов, раҳбари созмони тоҷикони “Самандар” дар Маскав, аз зумраи нахустин афродест, ки ҷашни Наврӯзро дар Маскав ва Русия роиҷ кардаанд.
-
Mar 07, 2017
Сойтҳои русӣ, филме аз мушорикати неруҳои вижаи Русия, дар ҷанг бо гурӯҳи террористии ДИИШ, дар атрофи шаҳри Тадмир дар Сурия, мунташир карданд.
-
Mar 07, 2017
мушовири муовини раиси Маҷлиси Русия аз ҳузури тавлидкунандагони эронӣ дар бозори by кишвар истиқбол кард.
-
Mar 07, 2017
Вазорати додгустарии Русия интишори филмҳои видеоии Гулмурод Ҳалимов, сарҳанг (полковник)-и фирории тоҷикистониро дар ин кишвар ғайриқонунӣ ва қобили пайгарди қазоӣ эълом кардааст.
-
Feb 27, 2017
Воҳидҳои муҳандисии пойгоҳи низомии 201 артиши Русия мустақар дар атрофи Душанбе, барои бозгушоии роҳҳои масдуд шуда, дар масири Душанбе –Хуҷанд, иқдом ба истифодаи таҷҳизоти ҷадид барои пок кардани барф ва ёфтани афроде кардаанд, ки ба эҳтимоли зиёд дар зери тарма гирифтор шудаанд.
-
Feb 23, 2017
Додгоҳи вилояти Самара дар Русия, як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми мушорикат дар куштори 6 тан аз аъзои хонаводаи полковники пулиси ин кишвар, ба зиндони абад маҳкум кард.
-
Feb 22, 2017
Раиси Шӯрои муфтиёти Русия аз мақомоти Арабистони Саудӣ дархост кардааст, ки барои сафари ҳаҷи коргарони муҳоҷири мусулмон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон муҷаввиз ва саҳмия ихтисос диҳанд.
-
Feb 20, 2017
Пойгоҳи ҳавоии Айнӣ, афви муҳоҷирони тоҷик ва пайвастани Тоҷикистон ба Паймони иқтисодии Евразия аз муҳиммтарин мавзуоти дидори раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Русия дар 28 феврали соли ҷории мелодӣ дар Душанбе хоҳад буд.
-
Feb 19, 2017
Ҳамоиши байналмилалии “дӯрнамои ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон, иқтисод, амният ва умури башардӯстона” дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд бо мушорикати коршиносони рус ва тоҷик баргузор гардид.
-
Feb 16, 2017
Сафири Русия дар Тоҷикистон, ҳузури пойгоҳи низомии 201 артиши кишвараш дар атрофи Душанберо омили тазмини амнияти Тоҷикистон, дар баробари афзоиши таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон унвон кардааст.
-
Feb 14, 2017
Вазорати хориҷаи Русия аз ифтитоҳи ду консулгарии ҷадиди Тоҷикистон дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Новосибирск дар рӯзҳои наздик хабар дод.
-
Feb 13, 2017
Вазири умури хориҷаи Русия эълом кард, музокироти ояндаи Остона дар бораи Сурия, 15 феврал дар чорчӯби тарроҳи шудаи Эрон, Русия ва Туркия баргузор хоҳад шуд.
-
Feb 11, 2017
Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо ишора ба ҳамкори роҳбурдии Эрон ва Русия гуфт, парвози ҷангандаҳои рус аз осмони Эрон барои амалиёти дар Сурия идома дорад.
-
Feb 09, 2017
Муовинони вазирони умури хориҷии Эрону Русия дар ду даври музокироти ҷиддӣ дар бораи раванди иҷрои тавофуқи ҳастаӣ ба тааҳҳуди комил ба ин тавофуқ таъкид карданд.
-
Feb 09, 2017
Сафири Русия дар Эрон гуфт, ду кишвар тавофуқномаи сафари гурӯҳҳои гардишгарии бидуни ниёз ба раводидро имзо хоҳанд кард.