Ҷустуҷу
-
Nov 27, 2018
Мақомоти марзбонии Русия монеъ аз пайвастани як зани тоҷик ба фарзандони хурдсолаш дар қаламрави ин кишвар шуданд.
-
Nov 27, 2018
Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон аз Русия ва Украина хост, аз шиддат додан ба танишҳо дар Баҳри Азов худдорӣ кунанд.
-
Nov 26, 2018
Афзоиши баҳои дарёфти муҷаввизи кор ва мамнӯъ шудани фаъолият дар баъзе шуғлҳо дар Русия, барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ аз ҷумла тоҷикон дар соли ҷадиди милодӣ, шароитро барои ин афрод душвортар мекунад.
-
Nov 26, 2018
Рӯёрӯии киштиҳои ҷангии низомии Русия ва Украина дар баҳри Азов, буҳрони Украинаро вориди марҳилаи ҷадиде кардааст. Сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Украина эълом кард, ки дар пайи таниши обӣ бо Русия дар баҳри Азов, ин кишвар ба ҳолати омодабоши низомӣ даромада ва кумитаи низомӣ ташкил шудааст.
-
Nov 26, 2018
Сафорати Русия дар Киев ҳадафи ҳамла қарор гирифт ва як худрави дипломатӣ ба оташ кашида шуд.
-
Nov 26, 2018
Сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Украина эълом кард, ки дар пайи таниши обӣ бо Русия дар баҳри Азов ин кишвар ба ҳолати омодабоши низомӣ даромада ва кумитаи низомӣ ташкил шудааст.
-
Nov 24, 2018
Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба хонаводаи муҳоҷире, ки дар идораи полиси ин кишвар ҳангоми бозпурсӣ фавт шудааст, дар интиқоли ҷасад ба Тоҷикистон кумак хоҳад кард.
-
Nov 22, 2018
Пас аз ҳамалоти ҳакерӣ ва ирсоли бадафзорҳои хатарнок, бонкҳои Тоҷикистон маҷбур шуданд муомилоти молӣ бо системаи бонкии “Юнистрим” -и Русияро мутаваққиф кунанд.
-
Nov 21, 2018
Ҳамоише бо мавзӯи Эрони бостон ва ҷанги эрониён бо сокинони ҷануби Русия, маъруф ба “saka”-ҳо дар Киев, пойтахти Украина баргузор шуд.
-
Nov 21, 2018
Вазири саноат ва технологияҳои муосири Тоҷикистон эълом кардааст, ки ин кишвар метавонад ба Русия масолеҳи сохтмонии арзон, аз ҷумла сементи бокайфият содир кунад.
-
Nov 19, 2018
Раисҷумҳури Украина дар идомаи мавозеи зиддирусии худ ташдиди таҳримҳои Ғарбро алайҳи Маскав хостор шуд.
-
Nov 18, 2018
Раиси ҷумҳурии собиқи Афғонистон эълом кард, талошҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия ва Чин барои таҳаққуқи сулҳу сабот дар Афғонистон набояд нодида гирифта шаванд.
-
Nov 15, 2018
Коргарони муҳоҷир, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик аз оғози соли 2019 аз ҳаққи ронандагии таксӣ ва васоили нақлиёти умумӣ дар қаламрави вилояти Челябинск, дар минтақаи умдатан саноатии Русия маҳрум мешаванд.
-
Nov 14, 2018
Хадамоти федеролии нозирони додгоҳии Русия эълом кард, мамнӯияти хурӯҷи раҳбари мухолифони давлати Русия аз ин кишвар, пас аз пардохти ҷаримаи муқаррар шуда, лағв шудааст.
-
Nov 14, 2018
Замоне, ки Толибон дар Афғонистон дар раъси қудрат буд, Русияро ба иллати таҷовузи Иттиҳоди Шӯравӣ ба хоки Афғонистон дар зумраи душманони худ медид, аммо бо гузашти 17 сол аз суқути давлати Толибон дар Афғонистон, имрӯз Русия ба миёнҷигарии Толибон ва давлати Афғонистон пардохтааст.
-
Nov 14, 2018
Бонки марказии Русия эълом кардааст, ки танҳо дар 10 моҳаи соли 2018 -ум 42.2 миллиард доллар сармоя тавассути бахши хусусӣ ва сармоягузорони хориҷӣ аз ин кишвар хориҷ шудааст.
-
Nov 14, 2018
Федератсияи коргарони муҳоҷири хориҷии Русия эълом кард, ки дар соли 2018 Тоҷикистон аз нигоҳи теъдоди коргарони фиристодааш ба Русия пас аз Ӯзбакистон дар ҷойгоҳи дувум қарор дорад.
-
Nov 13, 2018
Санкт-Петербург ба унвони меҳрубонтарин шаҳри Русия интихоб шуд.
-
Nov 13, 2018
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон расман эълом кард, ки ҳеҷ гуна тарҳе мабнӣ бар тарроҳӣ ва анҷоми амалиёти террористӣ дар пойгоҳи 201-и Русия вуҷуд надоштааст.
-
Nov 13, 2018
Додгоҳи низомии ҳавзаи Ховари Дури Русия як шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистонро ба иттиҳоми ҷазби афрод ба сафи гурӯҳи террористии ДИИШ ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард.