Ноябр 18, 2018 18:17 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Карзай бар нақши муҳими Эрон, Русия ва Чин дар раванди сулҳ ва амнияти Афғонистон

Раиси ҷумҳурии собиқи Афғонистон эълом кард, талошҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия ва Чин барои таҳаққуқи сулҳу сабот дар Афғонистон набояд нодида гирифта шаванд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи хабаргузории Тасним, Ҳомид Карзай бо ишора ба нақши муҳими Эрон, Русия ва Чин дар раванди сулҳи Афғонистон таъкид кард, талошҳое, ки дар ин замина анҷом мегиранд, бидуни ҳамкории кишварҳои ҳамсоя ва минтақа натиҷабахш нахоҳад буд.

Раиси ҷумҳурии собиқи Афғонистон гуфтугӯро танҳо роҳи поёни даргириҳои Афғонистон хонд ва тасреҳ кард, нишасти сулҳи Маскав низ пешрафти қобили таваҷҷуҳе дар раванди сулҳи Афғонистон аст.

Карзай бо баёни ин ки Толибон бидуни шак як воқеият дар минтақа маҳсуб мешавад, афзуд, идомаи ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон ба зарари ин кишвар аст.

Вай гуфт, сиёсатҳои иштибоҳи Амрико дар Афғонистон боиси тӯлонӣ шудани ҷанг шуда ва ҳазорон нафар аз мардуми ин кишварро ба коми марг кашондааст.

Раиси ҷумҳурии собиқи Афғонистон таъкид кард, таҳаққуқи субот ва амният дар Афғонистон ниёзманди таомули ин кишвар бо кишварҳои минтақа аст, аммо ин кишварҳо дар соли 2011 ба аҳдофи Амрико машкук шуданд ва ингуна шароити амнияти Афғонистон, ки дар он замон рӯ ба беҳбуд буд, тағйир кард.

 

Барчасп