Ҷустуҷу
-
Mar 08, 2020
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба интиқоди сиёсатмадорони амрикоӣ аз амалкарди давлати ин кишвар дар мубориза коронавирус, аз фиребкории Кохи Сафед дар мубориза бо хурӯҷи коронавирус интиқод кард.
-
Mar 08, 2020
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард: То кунун 2134 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба бемории коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
-
Mar 07, 2020
Намояндаи додситон дар Додгоҳи расидагӣ ба парвандаи омилони эҳтикор (анбор кардани ғайриқонунии колоҳо)-и ниқоби тиббӣ ва маҳсулоти беҳдоштӣ дар Теҳрон аз ҳузури ду шаҳрванди тоҷик дар байни муттаҳамони ин парванда хабар дод.
-
Mar 07, 2020
Дастёри вижаи раиси Маҷлиси Шурои исломии Эрон дар умури байналмиллал эълом кард, Вазорати хазонадории Амрико иҷоза намедиҳад дору ва таҷҳизоти пизишкии харидоришудаи Эрон барои дармони беморони мубтало ба коронавирус ба ин кишвар интиқол ёбад.
-
Mar 07, 2020
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, то кунун ҳазору 600 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфтаанд.
-
Mar 07, 2020
Сафири Эрон дар Бишкек бо вазири кишоварзӣ, санойеъи ғазоӣ ва эҳёи арозии Қирғизистон дидор ва бар густариши ҳамкориҳои дуҷониба таъкид кард.
-
Mar 07, 2020
Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон, таҳоҷуми ваҳшёнаи зидди мусулмонон дар Ҳиндро маҳкум кард ва аз давлати ин кишвар хост, ҳуқуқи инсонӣ ва шаҳрвандии мусулмонони ҳиндиро тазмин кунад.
-
Mar 06, 2020
Дабирхонаи Шӯрои олии инқилоби фарҳангии Эрон зимни маҳкумияти куштори мусулмонони Ҳинд, бар лузуми аксуламали қотеъ ва боздоранда алайҳи ин ҷиноёт таъкид кард.
-
Mar 06, 2020
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, то кунун 913 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба вируси корона мубтало шуданд, беҳбуд ёфтаанд.
-
Mar 05, 2020
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, токунун 739 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба вируси корона мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
-
Mar 04, 2020
Намояндаи доими Эрон дар Ожонси байналмилалии энержии атомӣ гуфт, тарҳи ҳар гуна дархости равшангарӣ аз сӯйи ожонс, мубтанӣ бар матолиби ҷаълӣ, ҳеҷ тааҳҳудеро барои Эрон ҷиҳати иҷобати ин дархостҳо эҷод намекунад.
-
Mar 04, 2020
Вазорати беҳдошти Эрон эълом кард, то кунун 552 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар Эрон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
-
Mar 04, 2020
Вируси корона монеи тавсеаи равобити Қирғизистон ва Эрон намешавад.
-
Mar 04, 2020
Мудири кулли Агентии байналмилалии энергияи атомӣ рӯзи сешанбе бидуни ишора ба хурӯҷи ғайриқонунии Амрико аз БАРҶОМ ва бадаҳдиҳо дар қиболи ин тавофуқи байналмилалӣ, аз Эрон хост ба тааҳҳудоти комили худ зайли БАРҶОМ бозгардад.
-
Mar 04, 2020
Густариши ҳамкориҳои амниятии Душанбе ва Теҳрон дар дидори сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо дабири Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
-
Mar 04, 2020
Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Норвегия дар бораи роҳкорҳои пешгирӣ ва мубориза бо коронавирус табодули назар карданд.
-
Mar 04, 2020
Дуввумин маҳмулаи кӯмакҳои эҳдоии шаҳри Шанхай ва шуморе аз ширкатҳои мустақар дар ин шаҳр, барои муқобила бо коронавирус ба Ҷумҳурии исломии Эрон ирсол шуд.
-
Mar 03, 2020
Вазорати умури хориҷии Эрон дар вокуниш ба имзои тавофуқи байни Амрико ва Толибон бо судури баёнияе таъкид кард, тавофуқи сулҳи пойдор дар Афғонистон танҳо аз тариқи гуфтугӯи байниафғонӣ, бо мушорикати гурӯҳҳои сиёсии ин кишвар, аз ҷумла Толибон ва бо дар назар гирифтани мулоҳизоти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ба даст хоҳад омад.
-
Mar 03, 2020
Вазорати корҳои хориҷии Русия эълом кард, дархости Амрико барои тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон дар Шӯрои амнияти Созмони Милал арзише надорад.