Ҷустуҷу
-
Oct 19, 2020
Шумори беморони Ковид -19 дар тоҷикистон бо шиносоии 40 мавриди ҷадид дар соати 19 рӯзи душанбе 19 октябр ба 10 ҳазору 533 нафар расид.
-
Oct 19, 2020
Ҷашни Меҳргон ва Ҷашнвораи шолӣ ва биринҷи Тоҷикистон бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ширкати кишоварзон аз тамоми манотиқи ин кишвар дар Боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор шуд.
-
Oct 19, 2020
Бо вуҷуди эъломи азсаргирии парвозҳо миёни Душанбе бо шаҳри Урумчии Чин ширкати Сомон Эйр эълом кард, ки ҳанӯз мақомоти чинӣ ба ин ширкат муҷаввизи парвоз надодааст.
-
Oct 19, 2020
Бонки миллии Тоҷикистони далели аслии камбуди арзҳои хориҷӣ ва ба вижа долларро дар бозори муомилоти дохилии ин кишвар тавзеҳ дод.
-
Oct 19, 2020
Тоҷикистон имсол содироти барқ ба се кишвари ҳамсояро ба мизони 43 дарсад дар муқоиса ба давраи мушобеҳи соли қабл коҳиш додааст.
-
Oct 18, 2020
Шумори беморони Ковид -19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 38 мавриди ҷадид дар соати 19 рӯзи якшанбе 18 октябр ба 10 ҳазору 493 нафар расид.
-
Oct 18, 2020
Қонуни муҷозоти интишори матолиби барангехтани адовати миллӣ, динӣ ё мазҳабӣ ва тавҳин ба шахсиятҳо дар фазои маҷозӣ дар Тоҷикистон ба дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури ин кишвар тағйир кард.
-
Oct 17, 2020
Дар Тоҷикистон аз як сӯ сухангӯи Вазорати Дифо аз иҷрои 80 дар садии барномаи ҷазби довталабон ба нерӯҳои мусаллаҳ гузориш медиҳад ва аз сӯи дигар дар бархе манотиқ аз боздошт ва эъзомҳои иҷборӣ шикоят мекунанд.
-
Oct 17, 2020
Агентии давлатии омори Тоҷикистон аз коҳиши 62 дар садии сафари хориҷиҳо ба ин кишвар дар 9 моҳи нахусти имсол хабар дод.
-
Oct 17, 2020
Шумори беморони Ковид-19 дар Тоҷикистон бо шиносоии 41 мавриди ҷадид дар соати 19 рӯзи шанбе 17 октябр ба 10 ҳазору 445 нафар расид.
-
Oct 17, 2020
Мақоми Вазорати тандурустии Русия аз омодагии кишвараш барои фиристодани мутахассис ва таҷҳизоти пизишкӣ ба Тоҷикистон барои мубориза бо корона хабар дод.
-
Oct 16, 2020
50 муаллими рус, ки дар мактабҳои Тоҷикистон ба тадриси улуми таҷрибӣ машғул будаву ба далели густариши вируси корона натавонистанд дар моҳи сентябр сари дарс ҳозир шаванд, бо ду моҳ таъхир акнун вориди Душанбе шудаанд.
-
Oct 16, 2020
Вазорати умури хориҷаи Русия бо интишори иттилоияе, интихоботи раёсатиҷумҳурии Тоҷикистонро мутобиқ бо стандартҳои байналмилалӣ донист.
-
Oct 16, 2020
Муовинини вазоратҳои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Афғонистон дар нишасте маҷозӣ масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаиро мавриди гуфтугӯ ва табодули назар қарор доданд.
-
Oct 15, 2020
Коргурӯҳи вижаи Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи ислоҳи қонуни андозро омода кардааст, ки теъдоди бандҳои он афзоиш ва мизони молиёти дарёфтӣ андаке коҳиш хоҳад ёфт.
-
Oct 15, 2020
Мақомҳои тоҷик мегӯянд, мамнуъ шудани содироти гази мойеъ тавассути танкерҳо таъсире бар қимати ин навъи сӯхт дар Тоҷикистон нахоҳад дошт.
-
Oct 15, 2020
Масъули ҳамоҳангии маркази таҳлилии “АвруОсиёи бузург” дар Русия муътақид аст, ки барои Тоҷикистон таҷрибаи интиқоли қудрат дар Қазоқистон метавонад намунаи муваффақ бошад.
-
Oct 14, 2020
Бо гузашти ҳудуди ҳафт сол аз талошҳо барои таъсиси дафтари хабаргузории "Русия имрӯз" дар Тоҷикистон, вазири умури хориҷаи Русия аз Вазорати мухобирот ва иртибототи кишвараш хост ин мавзӯро ба таври ҷидди пайгирӣ кунад.
-
Oct 14, 2020
Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон натиҷаҳои ниҳоии шумориши овозҳо дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро эълон кард.