Ҷустуҷу
-
Apr 16, 2019
Дар охирҳои соли 2018 ҳукумати Тоҷикистон Вазорати молияи ин кишварро вазифадор кард, то дар сомонаи худ раванди иҷрои будҷетро ҳар се моҳ якбор мунташир кунад, ки албатта ин иттифоқ наяфтод.
-
Apr 16, 2019
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон аз тавлиди 843 ҳазор тонна семент дар ин кишвар таи се моҳи нахусти соли 2019 хабар дод.
-
Apr 16, 2019
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пешниҳоди ҳукумати ин кишвар барои эътои тасҳилот(сабукӣ) ба воридкунандагони гандуму корхонаҳои ордро тасвиб кард.
-
Apr 15, 2019
Афзоиши қимати интернет дар Тоҷикистон, ки қарор аст ба дастури ҳукумати ин кишвар аз ҳафтаи оянда амалӣ шавад, бо вокунишҳои эътирозии густурдае дар дохил ва хориҷ аз ин ҷумҳурӣ рӯ ба рӯ шудааст.
-
Apr 15, 2019
Дар нимашаби 13 апрел даргирии ҷадиде миёни марзбонони тоҷик ва қочоқчиёни маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон рух дод.
-
Apr 15, 2019
Дар соли 2018 мардуми Тоҷикистон ҳудуди 320 миллион доллар ба пизишкони ин кишвар ришва пардохт кардаанд.
-
Apr 15, 2019
Афзоиши нархи Интернет дар Тоҷикистон, ки қарор аст ба дастури ҳукумати ин кишвар аз ҳафтаи оянда иҷроӣ шавад, бо вокунишҳои эътирозии густурдае дар дохилу хориҷ аз ин ҷумҳурӣ рӯбарӯ шудааст.
-
Apr 15, 2019
Раиси дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон хостори муқобилаи мақомоти Додситонии кулл бо афроде шуд, ки бо амалашон дар гузаргоҳҳои марзию фурудгоҳҳо боиси бадномии Тоҷикистон мегардад.
-
Apr 14, 2019
Илҳомҷон Раҳмонов, як сокини шаҳри Душанбе барои бозпас гирифтани беш аз 44 ҳазор доллари супурдаи бонкияш аз болои Бонки содироти Тоҷикистон ба додгоҳ шикоят карда пирӯз шудааст. Аммо ин бонк ба ҷойи он ки маблағи ин муштариро пас диҳад, ба зинаҳои болоии додгоҳӣ шикоят карда, ба баҳонаи вазъи молии хуб надоштани бонк ва нотавон будан дар пардохти ин миқдор маблағ хостори лағви ин ҳукм шудааст.
-
Apr 14, 2019
Гурӯҳе аз устодони эронии забон ва адабиёти форсӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон дар номаи саркушодае ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва раисон ва намояндагони Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ин кишвар ба расмият шинохтани номи забони форсӣ ва бозгашт ба хатти форсӣ ба Тоҷикистонро хостор шуданд.
-
Apr 14, 2019
75 дарсади пахтаи Тоҷикистон ба шакли хом ва бо қимати ночиз ба хориҷ фурӯхта мешавад.
-
Apr 14, 2019
Ҳукумати Тоҷикистон ба ширкатҳои хадамоти интернетӣ дар ин кишвар дастур додааст, ки фармони афзоиши нархи интернетро бидуни қайду шарт иҷро кунанд.
-
Apr 13, 2019
Ин рӯзҳо дар саросари Тоҷикистон бо таблиғоти густурдаи сохторҳои ҳукуматӣ, маъракаи баҳории ҷалби ҷавонон ба хидмати сарбозӣ идома дорад.
-
Apr 13, 2019
Маҷаллаи амрикоии “The Fragile States Index” дар гузориши солонаи худ, Тоҷикистонро аз нигоҳи шохисҳои афзоиши ҷамъият, авзои сиёсӣ ва иқтисодӣ ва нотавонӣ дар ҳифзи тамомияти арзӣ, заифтарин кишвар дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) унвон кардааст.
-
Apr 13, 2019
Як корманди собиқадори Вазорати умури дохилии Қирғизистон муътақид аст, ихтилофоти марзии ин кишвар бо Тоҷикистон бо фурӯпошии Шӯравӣ ташдид шуд.
-
Apr 12, 2019
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо интишори паёме ба мардуми ин кишвар, саркашӣ ва фирори ҷавонон аз хидмати ҳарбиро баробар бо ширк ба ягонагии Худованд унвон кардааст.
-
Apr 12, 2019
Сафири Русия дар Тоҷикистон сафари ояндаи раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маскавро барои ин кишвар муҳим арзёбӣ кард.
-
Apr 12, 2019
Тоҷикистон барои аввалин бор раёсати Анҷумани ҳамкориҳои амниятии Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро бар ӯҳда гирифт.