Ҷустуҷу
-
Nov 21, 2018
Имрӯз Додгоҳи Олии Тоҷикистон аҳкоми муҷозоти муттаҳамон ба даст доштан дар амалиёти террористӣ зидди гардишгарони хориҷиро эълом кард.
-
Nov 21, 2018
Дар ду соли гузашта беш аз 1800 масҷид дар Тоҷикистон баста шудааст.
-
Nov 21, 2018
Нуриддинҷон Исмоилов, раиси Маҷлиси сенати Ӯзбакистон, ки барои анҷоми сафари расмӣ дар Тоҷикистон ба сар мебарад, бо раисҷумҳури ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.
-
Nov 21, 2018
Вазири саноат ва технологияҳои муосири Тоҷикистон эълом кардааст, ки ин кишвар метавонад ба Русия масолеҳи сохтмонии арзон, аз ҷумла сементи бокайфият содир кунад.
-
Nov 21, 2018
Пешкисват (собиқадор) - и сохти нерӯгоҳҳои обии барқӣ дар Тоҷикистон муътақид аст, ки ин кишвар пас аз баҳрабардорӣ аз турбинаи чаҳоруми нерӯгоҳи обии барқи “Роғун” ба истиқлоли энержӣ даст хоҳад ёфт.
-
Nov 20, 2018
Як вакили мудофеъ аз афзоиши бадрафториҳо ва хушунатҳо дар неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ибрози нигаронӣ карда ва мӯътақид аст, вазъият дар ин замина бадтар аз он чӣ аст, ки дар оморҳои расмӣ зикр мешавад.
-
Nov 20, 2018
Қимати билети ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон тайи 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 55 дарсад афзоиш ёфтааст.
-
Nov 20, 2018
Беш аз 1 миллиону 165 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар 9 моҳи имсол ба Узбакистон сафар кардаанд.
-
Nov 19, 2018
Нахустин чархаи ии нерӯгоҳи азими барқи обии Роғуни Тоҷикистон рӯзи 16 ноябр бакор афтод. Коршиносон бар ин боваранд, ки ин нерӯгоҳ чӣ аз назари зист муҳитӣ ва чӣ аз назари иҷтимоӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳаммияти бисёр дорад.
-
Nov 19, 2018
Намояндаи Додситони кули Тоҷикистон аз Додгоҳи олии ин кишвар барои саркардаи гурӯҳи ҳамлагар ба гардишгарони дучархасавори хориҷӣ дар ноҳияи Данғара, зиндони абад дархост кард.
-
Nov 19, 2018
Ҳаҷми дастмузди мутавассити кории Тоҷикистон ба як ҳазору 265 сомонӣ, ки муодили 134 доллар аст, расид.
-
Nov 19, 2018
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи танзими муқаррароти транзитӣ миёни ин кишвар ва Туркманистонро тасвиб кард.
-
Nov 18, 2018
Иддаои таъсиси Иттиҳоди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ниёз надидан дар воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз дигар кишварҳо ба ғайр аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз сӯи Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳурии Қазоқистон ва бо ин вуҷуд, мамнуъияти содироти гандум ба Тоҷикистон, муғоират дар гуфтору рафтори ин "пири кори миллати қазоқ" аст. Аммо оё ин тасмими Қазоқистон ба сатҳи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон соя меафканад ва ё таъсири манфӣ мегузорад?
-
Nov 18, 2018
Муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бо ишора ба интиқоли террористҳои ДИИШ аз Сурия ва Ироқ ба шимоли Афғонистон гуфт, ин афрод омӯзиши вижа дидаанд ва барои харобкорию ҳамалоти террористӣ ба Тоҷикистон мунтақил мешаванд.
-
Nov 18, 2018
Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” бо интиқод аз баста шудани хабаргузориҳо ва сойтҳо дар Тоҷикистон ин иқдомро пайравӣ аз сонсури расонаҳои хабарӣ ба сабки кишвари Чин унвон кардааст.
-
Nov 18, 2018
Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард, ки дар 9 моҳи нахусти имсол қарзи хориҷии ин кишвар ба 2 миллиарду 874 миллион доллар расидааст.
-
Nov 17, 2018
Бо баҳрабардорӣ аз чархаи нахусти нерӯгоҳи азими Роғун дар Тоҷикистон, сафҳаи навине дар китоби истиқлоли ин кишвар варақ хӯрд.
-
Nov 17, 2018
Қатар пас аз ду рӯз мизбони намоишгоҳи рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон мешавад.