Ҷустуҷу
-
Jun 01, 2017
Бо мушорикати Бонки тавсеаи исломӣ дар Тоҷикистон барои ҳашт пружаи муҳим дар ин кишвар сармоягузорӣ мешавад.
-
Jun 01, 2017
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, ки як шаҳрванди ин кишвар, ки дар Арабистони Саудӣ ба унвони коргари манзил фаъолият мекардаву мавриди озору азият қарор гирифтааст, ба зудӣ ба кишвараш бозгардонда мешавад.
-
Jun 01, 2017
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо тарҳи ҳукумати ин кишвар дар бораи таъсиси Кумитаи мустақили гардишгарӣ мувофиқат кард.
-
Май 31, 2017
Ҳамзамон бо оғози моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон нархи маводи ғизоӣ дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.
-
Май 31, 2017
Ҳукумати Тоҷикистон барои ташдиди мубориза бо масрафи духониёт (сигор ва тамоку) дар ин кишвар қонуни “Маҳдудияти истифода дар духониёт”-ро ислоҳ мекунад.
-
Май 31, 2017
Мақомоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ва Узбакистон барои аломатгузории марзи муштараки ду кишвар музокироти худро дар шаҳри Душанбе оғоз карданд.
-
Май 30, 2017
Шароити сахти табиӣ сабаб шудааст, ки гурӯҳҳои имдодӣ натавонистанд пайкари Аҳмади Некбаён, кӯҳнаварди эрониро, ки рӯзи 21-уми май дар масири фатҳи қуллаи Карл Маркси Тоҷикистон дар кӯҳҳои Бадахшон суқут карду ҷон супурд, аз миёни яхҳо берун оваранд.
-
Май 30, 2017
Амалиёти наҷот дар маҳалли суқути як куҳнаварди эронӣ дар кӯҳҳои Бадахшони Тоҷикистон барои ду моҳ мутаваққиф шуд.
-
Май 30, 2017
Муовини баҳрабардорӣ ва сайру ҳаракати ширкати “Роҳи оҳан”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ба фаъол кардани коридори Тоҷикистон – Узбакистон – Қазоқистон ва Эрон барои ҳамли ду миллион тонна бор дар як сол таъкид кард.
-
Май 30, 2017
Барои иҷрои вазифаҳои дар тамрин гузошташуда имконоти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон пурзӯр гардид.
-
Май 30, 2017
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, кишварро аз шоми 29 май “Боди афғонӣ” интизор аст.
-
Май 29, 2017
Кумитаи сиёсати пулии Бонки милли Тоҷикистон тасмим дорад, таваррумро дар ин кишвар маҳор кунад.
-
Май 29, 2017
Русия қасд дорад пойгоҳи низомии худ дар Тоҷикистонро то охири имсол ба ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин муҷаҳҳаз кунад.
-
Май 29, 2017
Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, аз бозгушоии роҳи ин кишвар бо Қирғизистон хабар доданд.
-
Май 29, 2017
Раиси ҷумҳури Узбакистон тайи 3 моҳи ахир дубор барои дидору гуфтугӯ бо мақомоти Қазоқистон ва Туркманистон ба Остона ва Ашқобод рафт ва сафарҳое ба Русия, Чин ва Арабистони Саудӣ ҳам анҷом дод, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон ба унвони ду кишвари ҳамсояи наздик, дар ҷадвали сафарҳои вай ҷой надоштанд.
-
Май 29, 2017
Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз баста шудани бахше аз роҳи иртиботии байналмилалӣ, миёни ин кишвар ва Қирғизистон бар асари ҷори шудани сел, тарма ва туғёни рӯдхонаи Сурхоб- дар ноҳияи Лахш хабар додаанд.
-
Май 28, 2017
Ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Русия бо таваҷҷуҳ ба таҳдидоти марзӣ ва таҳаррукоти террористӣ дар наздикии марзҳои Тоҷикистону Афғонистон ва рақобати геополитикии абарқудратҳои ҷаҳонӣ барои нуфузи бештар дар минтақаи Осиёи Марказӣ рӯ ба афзоиш аст.
-
Май 28, 2017
Дар маросиме дар шаҳри Душанбе, 23-умин солгарди таъсиси Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон таҷлил шуд.
-
Май 28, 2017
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, муаллими химияи яке аз мадориси ноҳияи Ашт дар вилояти Суғди Тоҷикистонро ба иттиҳоми таблиғи афкори гурӯҳи террористии ДИИШ, ба 3,5 сол зиндон маҳкум кард.