Ҷустуҷу
-
Oct 31, 2019
Дабирони Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Душанбе дидор ва бар афзоиши ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷароими созмон ёфта таъкид карданд.
-
Oct 31, 2019
Аъзои маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар як иқдоми камсобиқа аз тасмими иқтисодии ҳукумати ин кишвар дар мавриди минтақаи озоди иқтисодии Кулоб интиқод карданд .
-
Oct 31, 2019
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тавофуқномаи ихтисоси кумаки беивази 360 миллион долларии Чин ба ин кишвар барои бозсозии роҳҳои вилоятҳои Хатлон ва Бадахшонро тасвиб кард.
-
Oct 31, 2019
Дабири Шӯрои амнияти Русия бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дидор кард.
-
Oct 30, 2019
Намоишгоҳи ихтисосии колоҳои эронӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
-
Oct 30, 2019
Маъмурони Созмони мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон як қозии занро ба ҷурми ришвахорӣ дар Тоҷикистон боздошт кардаанд.
-
Oct 30, 2019
Раиси Шурои амнияти Русия имрӯз ба Тоҷикистон сафар мекунад.
-
Oct 30, 2019
Кишоварзони Тоҷикистон то охирҳои моҳи октябр наздик ба 331 ҳазор тонна пахта бардошт кардаанд, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш 95 ҳазор тонна бештар аст.
-
Oct 30, 2019
Пас аз поёни размоиши низомии кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар Тоҷикистон, Русия ба маблағи 320 миллион рубл таслиҳоти низомӣ ба низомиёни тоҷик эъто кард.
-
Oct 30, 2019
Зиндонии фирории кушта шуда дар Тоҷикистон узви ҳаракати исломии Узбакистон будааст.
-
Oct 29, 2019
Нишасти намояндагони Узбакистону Тоҷикистон бо мавзӯи баррасии охирин вазъияти марзҳои ду кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
-
Oct 29, 2019
Аз оғози имсол ҳудуди як миллион гардишгари хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар кардааст.
-
Oct 28, 2019
Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мустанади "Дидор"-и Тоҷикистон, ҷоизаи беҳтарин бознамое аз мероси як миллатро ба мустанади эронии "Аҳли об" эҳдо кард.
-
Oct 28, 2019
Бонки Ҷаҳонӣ дар тозатарин гузориши худ дар бораи мизони фақр дар Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар солҳои 2000 то 2009 суръати коҳиши фақр дар Тоҷикистон солона 7 дарсад буд, ки заминаи коҳиши фақр дар ин кишварро аз 70 дарсад ба 25 дарсад фароҳам кард.
-
Oct 28, 2019
Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ба зуддӣ ба кишвари Кувейт сафар мекунад.
-
Oct 28, 2019
Муовини Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон аз афзоиши қарзи ин кишвар ба Чин ба як миллиарду 525 миллион доллар хабар дод, ки баробар бо 52 дарсад аз кулли қарзҳои хориҷии ин ҷумҳурӣ аст.
-
Oct 28, 2019
Бо иҷрои қонуни афви умумӣ ҳазору 64 зиндонӣ аз зиндонҳои Тоҷикистон раҳоӣ ёфтанд.