Ҷустуҷу
-
Aug 02, 2017
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз судури иҷозатнома ба бархе ширкатҳо барои интиқоли коргарони муҳоҷири тоҷик ба соири кишварҳо хабар дод. Далели ин иқдоми давлати Тоҷикистон, эҷоди тасҳилот барои касонест, ки тамоюл доранд, дар хориҷ аз ин кишвар ба кору фаъолият бипардозанд.
-
Aug 02, 2017
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз коҳиши теъдоди мутақозиёни хадамоти телефони ҳамроҳ дар ин кишвар хабар дод.
-
Aug 02, 2017
Раиси ширкати Барқи Тоҷик гуфт, Тоҷикистон бо Эрон дар мавриди пардохти маблағи нерӯгоҳи обии Сангтӯда - 2 мушкиле надорад.
-
Aug 02, 2017
Ҳамзамон бо афзоиши бесобиқаи дараҷаи ҳаво дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя, бархе доираҳои минтақаӣ дар бораи осебпазирии эҳтимолии кӯли Сарези Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кардаанд.
-
Aug 02, 2017
Китоби кӯмакдарсии “Шарҳи бист ғазали Саъдии Шерозӣ” ба кӯшиши донишмандони риштаи адабиёт аз сӯйи Маркази пажӯҳишҳои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои донишомӯзони мактабҳои миёнаи умумиии ин кишвар ба хатти крилӣ дар шаҳри Душанбе мунташир шуд.
-
Aug 02, 2017
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон яке аз далелҳои коҳиши тавлиди маҳсулот дар корхонаи алюминийи ин кишвар (ТАЛКО)-ро осеби воридшуда дар пайи қатъ шудани интиқоли барқ ба ин ширкат ва аз кор афтодани кураҳо (дег)-и гудохти маводи аввалия дар шаби 28-уми октябри соли 2016 ном бурд.
-
Aug 01, 2017
Рӯзноманигор ва пажуҳишгари тоҷик изҳороти ахири раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистонро ба шиддат интиқод кард.
-
Aug 01, 2017
Додгоҳи олии Тоҷикистон Давлатбек Хайрзода, собиқ ноиби раиси Оҷонсии зидди фасодро ба 10 солу 7 моҳи зиндон маҳкум кардааст.
-
Aug 01, 2017
Сармоягузории Русия дар иқтисоди Тоҷикистон дар 3 моҳи нахусти имсол коҳиш ёфтааст.
-
Aug 01, 2017
Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мегӯяд, барои фаъолияти ширкатҳои эронӣ ҳеч маҳдудияте нест.
-
Jul 31, 2017
Чин бо ворид кардани сармояи беш аз 76 миллион долларӣ дар се моҳи нахусти соли ҷорӣ ба Тоҷикистон дар садри феҳристи панҷгонаи сармоягузорони ин кишвар қарор гирифт.
-
Jul 31, 2017
Ҳукумати Тоҷикистон барои ташдиди мубориза бо қочоқи инсон дар ин кишвар, Комиссияи вижае таъсис кардааст.
-
Jul 30, 2017
Масъулони иқтисодии Тоҷикистон дар гузорише эълом карданд, ки мизони қарзҳои хориҷии ин кишвар нисбат ба соли гузашта 26 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
-
Jul 30, 2017
Раиси Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон гуфт, ҷинояткор дар назди қонун ҷавобгуст.
-
Jul 30, 2017
Коршиноси руси масоили Осиёи Марказӣ мӯътақид аст, мувофиқати Тоҷикистон ва Узбакистон барои азсаргирии фаъолияти шабакаи ягонаи барқи минтақа, аз манофеи муштараки ин ду кишвар барои муовизаи барқ ҳикоят мекунад.
-
Jul 30, 2017
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва сафири Фаронса дар Душанбе мавзӯи ҳамкориҳои бонкӣ, миёни ин ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
-
Jul 29, 2017
Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон”, ҳаҷми кулли буҷаи миллии Тоҷикистон дар 6 моҳ аввали соли ҷорӣ, 9 миллиарду 300 миллион сомонӣ (муодили як миллиарду 56 миллиону 818 ҳазор доллар)-ро ташкил дода, ки 45 миллиону 400 ҳазор сомонӣ (5 миллион 159 ҳазор доллар) аз тарҳи бозбинӣ шуда камтар аст.