Ҷустуҷу
-
Sep 17, 2018
Нокомии Амрико дар таҳаққуқи аҳдофаш дар Ироқ ва минтақа ва иттиҳомоти беасоси Вашингтон алайҳи Эронро дар гузориши вижаи ҳамкорамон Қосимӣ бишунавед.
-
Sep 17, 2018
Мӯзеи миллии улум ва фанноварии Эрон, ҷоизаи мусобиқоти байналмилалии тарроҳӣ ва сохти осори илмии 2018 дар Чинро касб кард.
-
Sep 16, 2018
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар гуфтугӯ бо ҳафтаномаи олмонии «Шпигел» гуфт: "Дар сурати беамалии Аврупо дар баробари хурӯҷи Амрико аз БарҶОМ эҳтимоли афзоиши ғанисозии уран аз сӯйи Эрон вуҷуд дорад".
-
Sep 16, 2018
Тими миллии волейболи занони Эрон дар нахустин мусобиқаи Ҷоми конфедератсия Осиё муқобили Қазоқистон ба пирӯзӣ расид.
-
Sep 16, 2018
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба тааррузи иддае вобаста ба гурӯҳакҳои террористӣ ба сафорати Эрон дар Париж гуфт: Фаронса барои ҳифозат аз тамоми маконҳои дипломатии Эрон дар он кишвар, тамҳидот ва иқдомоти ҷиддӣ ва лозимро анҷом диҳад.
-
Sep 15, 2018
Эъломи соли 1397 ҳиҷрии шамсӣ ба унвони соли ҳимоят аз колои эронӣ, мӯҷиби оғози раванди ҷадиде дар Эрони исломӣ, бавижа иқтисоди ин кишвар шудааст.
-
Sep 15, 2018
Ҷумҳурии Исломии Эрон сипари фӯлодӣ барои кишвари Русия аст ва ҳар рӯз ва ҳар соат аз миллионҳо балои Маскавро наҷот медиҳад. Агар Амрико ва Ғарб бо кӯмаки кишварҳои арабӣ битавонад системаи Ҷумҳурии исломиро иваз кунанд, аз ҳамон соат ва дақиқа, фурӯпошии Русия оғоз мешавад.
-
Sep 15, 2018
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба тааррузи иддае маонид (душман,ситезаҷӯ)-и вобаста ба гурӯҳакҳои террористӣ ба сафорати Эрон дар Порис, гуфт, Фаронса барои ҳифозат аз куллияи маконҳои дипломатии Эрон дар он кишвар, тамҳидот ва иқдомоти ҷиддӣ ва лозимро анҷом диҳад.
-
Sep 15, 2018
Ройзани бозаргони сафорати Эрон дар Анкара ва мудири кулли шаҳракҳои санъатии вазорати саноат ва фанноварии Туркия бар густариши ҳамкории санъатии ду кишвар, таъкид карданд.
-
Sep 14, 2018
Духтари навҷавони Фаластинӣ, ки ба хотири муқовимат дар баробари низомиёни саҳюнист машҳур шудааст, гуфт, ҳатто агар сафараш ба Эрон сабаби зиндонӣ шудани ӯ шавад, аз чунин коре наметарсад.
-
Sep 14, 2018
Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон таъкид кард, миллати Эрон бо пайравӣ аз фарҳанги ошуро, бар душманони худ ғалаба мекунад.
-
Sep 13, 2018
Ҷумҳурии Исломии Эрон дар панҷ моҳи гузашта, беш аз ду миллиард доллар маҳсулоти газӣ ба кишварҳои ҳадаф содир кардааст.
-
Sep 13, 2018
Раисиҷумҳури Афғонистон ва муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон бар азми ду кишвар барои муборизаи муштарак бо гурӯҳҳои террористӣ ва такфирӣ таъкид карданд.
-
Sep 12, 2018
Тими олимпии компютери Ҷумҳурии Исломии Эрон чаҳор медали сиюмин олимпиадаи ҷаҳонии компютерии “Ibaraki” - и Ҷопонро касб кард.
-
Sep 11, 2018
Раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт: Масъулони иқлими Курдистон ва давлати Ироқ бояд террористҳоро ба ҷумҳурии исломии Эрон таҳвил диҳанд ва агар наметавонанд, дастикам бояд онҳоро аз кишварашон ихроҷ кунанд.
-
Sep 10, 2018
Хати рейлии ҷадиди миёни Чин ва Эрон роҳандозӣ шуд.
-
Sep 10, 2018
Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ дар тозатарин баёнияи худ бори дигар таъкид кард, Эрон тааҳҳудоти худ таҳти тавофуқи ҳастаи (БАРҶОМ)-ро иҷро кардааст.
-
Sep 09, 2018
Фармондеҳи муъаззами кулли қуво, таъкид карданд: Ҷумҳурии исломӣ ва миллати Эрон бо истодагӣ дар баробари Амрико собит кардааст агар миллате аз ахм ва ташарри зӯргӯён натарсад ва ба тавоноиҳои худ эътимод ва такия кунад абарқудратҳоро ба ақибнишинӣ ва шикаст мекашонад.
-
Sep 09, 2018
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муъаззам инқилоб дар суханоне дар оғози соли 97 дар ҳарами имом Ризо дар Машҳади муқаддас; яке аз далелҳои мустаҳкам ва мондагории арзишҳои инқилоби исломӣ дар чиҳил солагии низоми Ҷумҳурии исломиро истодагӣ бар ормонҳои инқилоб донистанд.
-
Sep 08, 2018
Вазири умури молӣ, даромад ва умури иқтисодии Покистон дар дидори сафири Эрон дар Исломобод, азми кишваршро барои тавсеаи ҳамкории иқтисодии дуҷониба бо Теҳрон эълом кард.