Ҷустуҷу
-
Jul 15, 2019
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар врӯд ба Ню-Йорк бар лузуми иродаи ҷиддӣ ва амалии аврупоиҳо барои ҳифзи барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак ( БАРҶОМ ) таъкид кард.
-
Jul 14, 2019
Нашрияи "Нэшнл Интресет" дар гузорише навишт, Эрон тавоноии муқобила бо таҳримҳои Амрико ва пайгирии муваффақи сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии худро дорад.
-
Jul 13, 2019
Конгресси Амрико тарҳеро тасвиб кард, ки ихтиёроти раисҷумҳури ин кишварро барои ҷанг бо Эрон маҳдуд мекунад.
-
Jul 10, 2019
Устондори Хуросони Разавӣ кумакҳои байналмилалиро дар баробари ҳазинаҳои Эрон барои атбои хориҷӣ нокофӣ донист ва нақши фаъолтари Аврупоро дар кумак ба паноҳҷӯён хостор шуд.
-
Jul 10, 2019
Амрико ҳама талоши худро барои ба чолиш кашондани БарҶом бо иттиҳомсозӣ алайҳи Эрон бакор гирифтааст ва ҳар рӯз тарҳ ва иддеаи тозаеро матраҳ мекунад. Дар ҳамин росто, Шӯрои ҳуккоми Ожонси Байналмилалии Энерии Атомӣ (ОБЭА), имрӯз чаҳоршанбе ба дархости Амрико, ҷаласаи вижаеро дар бораи Эрон баргузор мекунад.
-
Jul 04, 2019
Михаил Улянов гуфт, ҳеҷ маҳдудияте барои урани камғанишудаи Эрон, ки таҳти назорати байналмилалӣ аст, вуҷуд надорад.
-
Jul 03, 2019
Дар ҳоле, ки фурсати 60 рӯзаи додашудаи Эрон ба ҷониби дигари БарҶом, бахусус Аврупо рӯ ба поён аст, мақомоти эронӣ “ИНСТЕКС”-ро тааҳҳуди барҷомии Аврупо намедонанд ва аз кишварҳои аврупоӣ тақозо доранд, ки тааҳҳудҳои барҷомии хешро иҷро кунанд.
-
Jul 01, 2019
Тоҷикистон мушорикати Эронро барои идомаи сохти нақби “Истиқлол” дар ин кишвар хостор шуд.
-
Jun 30, 2019
Тоҷикистон ва Эрон барои афзоиши рафтуомад ва тавсеаи ҳамкориҳои гардишгарӣ музокира ва эъломи омодагӣ карданд.
-
Jun 30, 2019
Ҳайати давлати Эрон бо бекор кардани визаи шаҳрвандони чинӣ барои сафар ба Ҷумҳурии исломии Эрон мувофиқат кард.
-
Jun 27, 2019
Сафири Белгия дар Эрон дар дидор бо устондори Қазвин дар шимолу ғарби Эрон гуфт, кишварҳои аврупоӣ, ба густариши равобити илмӣ ва иқтисодии худ бо Эрон алоқаи ҷиддӣ доранд.
-
Jun 26, 2019
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳадафи аслии пешниҳоди Амрико барои музокираро “халъи силоҳи миллат ва ҳазфи авомили иқтидори Эрон” унвон карданд.
-
Jun 22, 2019
Як мақоми баландпояи давлати Британия гуфт; Лондон Арабистони Судӣ ро барои ҳамлаи низомӣ ба Эрон напазируфтааст.
-
Jun 22, 2019
Раиси Созмони ҳавопаймоии Эрон гуфт; ҳарими ҳавоии Эрон барои кулияи парвозҳои убурӣ амн аст ва парвозҳо ба таври оддӣ дар ҳоли анҷом аст.
-
Jun 22, 2019
Раиси Кумитаи иттилоотии Санои Амрико бо таъкид бар лузуми коҳиши таниши мавҷуд миёни Вашингтон ва Теҳрон гуфт; мақомҳои Кохи Сафед бидонанд,ки ҳеҷ иҷозатномае аз Конгира барои ҷанг бо Эрон надоранд.
-
Jun 16, 2019
Сафири Русия дар Теҳрон гуфт, Сафорати Русия дар Теҳрон бо ҳадафи осонсозии мубодилоти тиҷорӣ байни фаъолони иқтисодии ду кишвар, омодаи ироаи виза ба тоҷирони эронӣ аст.
-
Jun 16, 2019
Вазири неруи Эрон гуфт, Қафқози шимолӣ бо бархурдорӣ аз ҳамаи манобеи лозим зарфияти билқувва ва нақши муҳимме барои тавсеаи равобити тиҷорӣ, илмӣ ва фарҳангии Эрон ва Русия дорад.
-
Jun 15, 2019
Як таҳлилгари баландпояи ҷаҳони араб тасреҳ кард, эрониён мардоне воқеӣ ҳастанд ва давлати Трамп ба хотири муқовимати эрониёҳо ба гадоии музокира афтодааст.
-
Jun 11, 2019
Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон муътақид аст манофеи роҳбурдии Эрон ва Тоҷикистон иқтизо мекунад ин ду кишвари форсизабон барои беҳбуди равобити дуҷониба гом бардоранд.
-
Jun 10, 2019
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон омодагӣ дошта ва дорад, ки бо ҳамаи кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс дар бораи масоили дуҷониба ва минтақа гуфтугӯ кунад.