Ҷустуҷу
-
Jun 05, 2020
Созмони Милали Муттаҳид аз эҳтимоли олуда шудани беш аз 20 миллион яманӣ ба вируси корона хабар дод.
-
Май 06, 2020
Иттифоқоти ҷануби Яман ва ҳамчунин идомаи ҷанг ва афзоиши буҳрони инсонӣ сабаби интиқоди ҳамзамони давлати мустаъфӣ ва давлати наҷоти миллии Яман аз Арабистони Саудӣ шуд.
-
Apr 29, 2020
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки танҳо роҳи субот ва истиқрори Яман, ваҳдат миёни гурӯҳҳои мухталифи яманӣ аст, таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Ямани муттаҳид бо ҳифзи тамомияти сарзаминии ин кишвар ҳимоят мекунад.
-
Apr 02, 2020
Раиси Кумитаи олии инқилоби Яман, эътилофи мутаҷовиз ба саркардагии Арабистонро ба пазириши доварии 12 кишвар ва Созмони Милали Муттаҳид барои дастёбӣ ба як роҳи ҳали сиёсӣ барои поёни ҷанги Яман даъват кард.
-
Feb 02, 2020
Масъулони бандари Ал-Хадидаи Яман эълом карданд, эътилофи саудӣ бо тавқифи 13 киштии ҳомили сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ дар атрофи ин бандар монеи паҳлугирии киштиҳо дар бандари Ал-Хадида мешаванд.
-
Jan 12, 2020
Таркиши бомби хушаии баҷо монда аз ҳамлаҳои эътилофи мутаҷовизи саудӣ ба шимоли Яман, ҷони як кудаки яманиро гирифт ва як танро низ захмӣ кард.
-
Dec 30, 2019
Бар асоси омори расмӣ, ҳамалоти ҳавоӣ ва мушакии мутаҷовизони эътилофи саудӣ ба таъсисоти зербиноии Яман беш аз 36 миллиард доллар хасорат бар ҷой гузоштааст.
-
Dec 29, 2019
Эътилофи саудӣ барои танг кардани арса бар мардуми Яман, ҳамчунон 9 киштии ҳомили даҳҳо ҳазор тонна бензин ва газро дар тавқиф нигаҳ доштааст.
-
Dec 25, 2019
Ширкати нафти Яман эълом кард, эътилофи саудӣ ба саркардагии Арабистон як фарванд нафткаши дигарро, ки ба самти бандари Алҳудайда дар ғарби Яман дар ҳаракат буд, тавқиф кард.
-
Dec 15, 2019
Фаолони яманӣ ва араб ҳаракати ҷамъии интернетие дар ҳимоят аз кудакони бегуноҳи яманӣ роҳ андохтанд.
-
Dec 08, 2019
Сандуқи байналмиллаии кудакони Созмони Миллали Муттаҳид "ЮНИСЕФ" эълом кард, 7 ҳазор кудак дар ҷанги Яман кушта ё маълул шудаанд.
-
Dec 04, 2019
Ширкати нафти Яман эълом кард, эътилофи мутаҷовизи Саудӣ ҳамчунон ба тавқифи 13 киштии ямании ҳомили сӯхт ва маводи ғизоӣ идома медиҳад.
-
Nov 29, 2019
Арабистони Саудӣ имрӯз, ҷумъа дар ҳамлаи тӯпхонаӣ ва мушакӣ ба минтақаи марзии “Манба”, воқеъ дар устони Саъда, дастикам панҷ нафарро ба шаҳодат расонд.
-
Nov 27, 2019
Раиси Кумитаи миллии умури асирони Яман эълом кард, бархе хабарҳо дар хусуси озодии 200 асири артиш ва кумитаҳои мардумӣ сиҳат надорад.
-
Nov 23, 2019
Вазири беҳдошти давлати Наҷоти миллии Яман рӯзи шанбе бо интиқод аз раванди кумакрасонии Созмони Миллали Муттаҳид ба кудакони яманӣ гуфт, ҳар 10 дақиқа як кудаки яманӣ бар асари сӯитағзия мемирад ва ҳар соат 3 кудак бар асари муҳосираи Яман ва набуди хадамоти беҳдоштии лозим ҷон мебозанд.
-
Nov 21, 2019
Ҷо Бойден, муовини раисиҷумҳури собиқи Амрико ва номзади эҳтимолии демократҳо барои интихоботи 2020 бо интиқод аз сиёсатҳои Арабистон таъкид кард, ки Риёз бояд баҳои ҷанг дар Яман ва куштани Ҷамол Хошуқчӣ, рӯзноманигори матраҳи саудиро бипардозад.
-
Oct 09, 2019
Як созмони байналмилалӣ дар гузорише майдонӣ аз таҷовузи ҷинсии шуморе аз шибҳи низомиёни вобаста ба эътилофи саудӣ-иморотӣ ба теъдоде аз кӯдакон дар ҷануби ғарби Яман хабар дод ва хостори пайгарди байналмилалии онҳо шуд.
-
Oct 09, 2019
Яҳё Сариъ сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман 8 октябр бо баёни инки талафоти душман дар думоҳи август ва сентябр ба ҳазор кушта ва теъдоди асирони он ба ду ҳазор расид таъкид кард ҳақи машруи мост, ки дар посух ба ҷиноятҳо алайҳи Яман иқдомҳои лозим аз ҷумла ҳамлаҳои низомӣ ба умқи хоки душманро иҷро кунем.
-
Sep 30, 2019
Шабакаи телевизиюнии “Алмасира” гӯшаҳое аз дастоварди нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яманро дар амалиёти ғофилгиркунандаи “насрум миналлоҳ” ба намоиш гузошт.
-
Sep 22, 2019
Яҳё Сареъ-сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман шанбешаб эълом кард, ки ҷанганда- бомбафканҳои Арабистон дар 12 соъати гузашта 39 бор манотиқи маскунии ин кишварро бомбаборон карданд .