Созмони Милал занги хатар дар бораи коронавирус дар Яманро ба садо даровард
Июн 14, 2020 19:08 Asia/Dushanbe
Омори мубталоён ба коронавирус дар манотиқи таҳти назорати давлати дастнишондаи Арабистони Саудӣ дар Яман, басуръат дар ҳоли афзоиш аст.
Русияалявм гузориш дод: Омори мубталоён ба коронавриус дар манотиқи таҳти назорати давлати дастнишондаи Саудӣ дар Яман, басуръат дар ҳоли афзоиш аст.
Манобеи вобаста ба давлати Абд Раббо Мансур Ҳодӣ, аз сабти 73 мавриди ҷадид ва фавти 17 нафари дигар дар манотиқи таҳти назорати худ дар Яман хабар доданд, то шумори мубталоён ба 705 ва фавтиҳо ба 160 нафар бирасад.