Ҷустуҷу
-
Oct 10, 2017
Сухангӯи аршади нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, рафтори Амрико ҷаҳониёнро бетоб карда ва вақти он аст, ки ба Амрико дарсҳои ҷадид дода шавад.
-
Oct 04, 2017
Қарордоди ҳамкории кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар бораи интиқоли нерӯ ва таҷҳизоти низомӣ ба кишварҳои узви ин созмон пас аз ду сол, дар Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба тасвиби ниҳоӣ расид.
-
Oct 04, 2017
Коршиноси аршади Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии Русия эҷоди пойгоҳи нави низоми ин кишвар дар марзи муштараки Қирғизистон ва Тоҷикистон дар водии Фарғонаро зарурӣ намедонад.
-
Oct 02, 2017
Қарордоди ҳамкории кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар мавриди интиқоли нерӯ ва таҷҳизоти низомӣ ба кишварҳои узв, дар Парлумони Тоҷикистон тасвиб шуд.
-
Oct 02, 2017
Раиси Ситоди муштараки артиши Туркия, субҳи имрӯз (душанбе) бо раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон дар Теҳрон дидор ва гуфтугӯ кард.
-
Sep 29, 2017
Иҷлоси Кумитаи ҳамоҳангсози вобаста ба Шӯрои вазирони дифои кишварҳои ҳамсуд имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
-
Sep 19, 2017
Амрико беш аз се ҳазор низомии худро ба Афғонистон сафарбар мекунад.
-
Sep 05, 2017
Чархаи фаъолиятҳои атомии Кореяи Шимолӣ, таҳдидҳои низомии Амрико ва муҷаддадан фаъолиятҳои атомии Кореяи Шимолӣ ҳамчунон идома дорад.
-
Aug 30, 2017
Қамар Ҷовид Боҷво фармондеҳи неруи заминии артиши Покистон, Ли Зо Чен фармондеҳи артиши озодибахши Чин ва Муҳаммад Шариф Яфталӣ фармондеҳи ситоди марказии неруи мусаллаҳи артиши Афғонистон дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон ба таври ҷудогона бо Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии ин кишвар дидор ва гуфтугӯ карданд.
-
Aug 28, 2017
Мақомоти низомии Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Чин низоми ҷадиди ҳамкориҳои низомӣ миёни чаҳор кишварро баррасӣ карданд.
-
Aug 26, 2017
Намояндаи доими Амрико дар Созмони милал бо такрори иддаоҳои пучи Вашингтон зидди Теҳрон, боздиди бозрасони Ожонси байналмилалии энержии атомиро аз марокизи низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон хостор шуд.
-
Aug 23, 2017
Саранҷом баъд аз чандин моҳи мунозиа дар тими амнияти миллии Амрико, Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар стратегияи ҷангии ҷадиди Амрико дар бораи Афғонистон ва эъзоми нерӯҳои бештар ба ин кишварро эълом мекунад.
-
Aug 23, 2017
Мусулмон шудани як низомии зани исроилӣ бо адои шаҳодатин дар Масҷидулақсо ва интишори видеои мусулмон шудани ӯ, хашму вокуниши тунди саҳюнистҳоро ба дунбол доштааст.
-
Aug 19, 2017
Шумори низомиёни саудии кушта шуда дар марз бо Яман тайи се моҳи гузашта, ба 55 низомӣ расидааст.
-
Aug 18, 2017
Размоиши нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, ки аз 14 августи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд оғоз шуда буд, поён ёфт.
-
Aug 17, 2017
Рӯзноманигори турк, сафари раиси Ситоди кулли нируҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эронро ба Туркия, рӯйдоди таърихӣ донист.
-
Aug 17, 2017
Раиси Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, ҳамкориҳои низомӣ- дифоии Эрону Туркия густариш меёбад.
-
Aug 15, 2017
Фармондеҳи нерӯҳои заминии фармондеҳии Ситоди марказии Амрико рӯзи чаҳоршанбе, 16 август барои дидору гуфтугӯ бо мақомоти Тоҷикистон вориди Душанбе хоҳад шуд.
-
Aug 13, 2017
Сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон аз мушорикати 10 адад ҷанганда ва болгард, 200 адад худрави зиреҳӣ, 70 адад тӯп ва 450 худрави низомӣ дар размоиши низомии артиш ва неруҳои захираи ин кишвар дар қаламрави вилояти Суғд хабар дод.
-
Jul 25, 2017
Раисҷумҳури Қирғизистон, ки пас аз ҳузури 6 солааш дар ин симмат канорагирӣ аз қудратро дар поёни соли ҷорӣ эълом кардааст, бори дигар бар зарурати эҷоди пойгоҳи ҷадиди низомии Русия дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон дар водии Фарғона таъкид кард.