Ҷустуҷу
-
Aug 25, 2018
Раиси “Гурӯҳи иқдоми Эрон” дар Вазорати хориҷаи Амрико ҷумъашаб аз иқдоми ахири Комиссияи Аврупо барои ҷудо кардани 18 миллион евро ҷиҳати иҷрои тарҳи тавсеаӣ дар Эрон интиқод кард.
-
Aug 25, 2018
Мудири маркази рушди забони ишора ва таълими ношунавоёни Тоҷикистон аз Вазорти маориф ва илми ин кишвар хостааст як синфхона барои кудакони ношунавои шаҳри Хоруғ бисозад.
-
Aug 25, 2018
Сафири Ташаккули худгардони Фаластин дар Вашингтон тасмими Амрикоро дар лағви кумаки 200 миллиондолларӣ ба фаластиниҳо, боҷхоҳии сиёсӣ донист.
-
Aug 25, 2018
Раисҷумҳурии Тоҷикистон аз сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ хост, барои истифодаи муштарак аз захоири оби кӯли “Сарез” ба манзури беҳбуди авзои зистмуҳитии минтақа ва наҷоти кӯли “Арал” барномарезӣ кунанд.
-
Aug 25, 2018
Мақомоти қазоии Тоҷикистон барои афв кардани беш аз 182 зиндонии сиёсӣ дар ин кишвар дар рӯзи Қонуни Асосии Тоҷикистон (5 ноябр) омода мешаванд.
-
Aug 25, 2018
“Бар боли андеша” маҷмуъа барномае аст, ки бо ҳадафи ташвиқи мардум ба мутолиаи китоб ба муъаррифии бузургтарин нависандагони дунё ва осори онҳо мепардозад. Ин барнома рӯзҳои ҷумъа аз радиои тоҷикии Садои Хуросон пахш мешавад.
-
Aug 25, 2018
Устоди Донишгоҳи фанновариҳои энержии Русия муътақид аст, эъломи омодагии Ӯзбакистон барои сохти ду нерӯгоҳи обӣ дар Тоҷикистон, нишонаи мусбат дар роҳи ҳалли буҳрони об дар Осиёи Марказӣ аст.
-
Aug 24, 2018
Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратхонаҳои додгустарии кишварҳои узви Созмони Шангхай дар Қирғизистон ба имзо расид.
-
Aug 24, 2018
Нахуствазири Малайзия гуфт, Амрико пас аз хурӯҷ аз БАРҶОМ, мунзавӣ шудааст.
-
Aug 24, 2018
Вазири умури хориҷаи Эрон мавзеи Теҳрон дар Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ (Гаага) алайҳи Амрикоро бисёр қавӣ, унвон кард ва гуфт, амрикоиҳо ба думболи доман задан ба корҳои таблиғотӣ ҳастанд.
-
Aug 23, 2018
Ширкати “Барқи Тоҷик” тасмим дорад, нархи барқро боз ҳам афзоиш диҳад. Ба ин манзур масъулони ин ширкат аз Хадамоти зиддиинҳисорӣ дархост карданд, ки арзишм нерӯи барқ дар Тоҷикистон то 15 дарсад афзоиш ёбад.
-
Aug 23, 2018
Вазири фанноварии иттилооти Ҳинд аз ширкати “Ватсап” ба далели нақш доштан дар бурузи хушунатҳои иҷтимоӣ дар кишвараш интиқод кард.
-
Aug 23, 2018
Давлати Ҳинд пешниҳоди кумаки молии Иморот, Қатар, Кувет ва Молдавияро барои селзадагон дар иёлати “Kerala” рад кард.
-
Aug 23, 2018
Намояндаи маҷлиси Лубнон пешниҳодҳои валиаҳди Арабистон барои раисиҷумҳури Сурияро, ки мавриди қабули Башор Асад қарор нагирифт, эълом кард.
-
Aug 23, 2018
Садҳо ҳазор мусулмони рӯҳингиёӣ намози Иди Қурбонро дар дар урдугоҳҳои паноҳҷӯён дар Бангладеш барпо карданд.
-
Aug 23, 2018
Хайрулло Мирсаидов, рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон», ки бо қарори суди вилояти Суғд рӯзи 22 август аз зиндон озод шуд, изҳор намуд, ки муборизаро барои исботи бегуноҳиаш идома медиҳад.
-
Aug 23, 2018
Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико аз замоне, ки рӯйи кор омада, бо чолишҳои зиёде дар дохили Амрико ва дар муқобили сохтори ҳокимиятии ин кишвар мувоҷеҳ шудааст.
-
Aug 23, 2018
Қасд дорем дар барномаҳои "Арзиши варзиш" ба таъсири варзиш дар саломатии инсон бипардозем. Ҳамчунин хабарҳои варзиширо аз Тоҷикистон, Эрон ва ҷаҳон аз ин барнома бишнавед.
-
Aug 23, 2018
Толибон бо даъвати Русия барои ширкат дар гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон дар Маскав мувофиқат кард.
-
Aug 23, 2018
Як вакили порлумони Тоҷикистон аз тасмими боло бурдани нархи симкортҳо интиқод кард ва гуфт, ин кор ба зиёни кисаи мардум аст. Ба қавли Олим Бобоев, вакили Маҷлиси Намояндагон ва вазири пешини нақлиёти Тоҷикистон, боло бурдани нархи симкортҳо "метавонад сатҳи истеъмолии мардумро коҳиш диҳад".