Ҷустуҷу
-
Dec 18, 2020
Имороти Муттаҳидаи Арабӣ барои хариди ҷангандаҳои F – 35 пешниҳод кардааст, ки халабонҳои исроилӣ ин ҷангандаҳоро ҳидоят кунанд ва нозир бар истифода аз он бошанд.
-
Dec 18, 2020
Вазорати умури дохилии Афғонистон эълом кард, ки дар пайи инфиҷоре дар шаҳристони Гелони вилояти Ғазнӣ ва дар маросими қироати Қуръон 15 ғайринизомӣ кушта шудаанд.
-
Dec 17, 2020
Вакили Раҳбари Ҷунбиши исломии Нигерия Шайх Иброҳим Закзакӣ гуфт, режими Саудӣ миллионҳо доллар барои ба қатл расондани Закзакӣ ҳазина кардааст.
-
Dec 17, 2020
Бо ҳузури ба мавқеи мақомоти ноҳияҳои Ботканду Исфара ва марзбонони Қирғизистону Тоҷикистон аз даргирӣ миёни сокинони ин минтақаи марзӣ, ҷилавгирӣ шуд.
-
Dec 17, 2020
Маросими накӯдошти Камолиддини Хуҷандӣ, ориф ва шоири порсигӯӣ бо барпоии намоишгоҳи ҳунарӣ аз осори як хушнавси эронӣ ва як наққоши тоҷикистонӣ баргузор мешавд.
-
Dec 16, 2020
Бо шиносоии 38 мавриди ҷадиди Ковид- 19 дар Тоҷикистон, шумори ин беморон ба 12 ҳазору 815 нафар расид.
-
Dec 16, 2020
Филми хандаоваре дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шудааст, ки як ҷавони чиниро дар ҳоли фармондеҳии лашкари мурғҳояш нишон медиҳад.
-
Dec 16, 2020
Саранҷом баъд аз ҳафтаҳо кашмакаши сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар Амрико, аъзои Коллеҷи Электрол ё Баргузинандагон ба Ҷо Байден, номзади ҳизби демократ ба унвони раиси ҷумҳурии баъдии ин кишвар раъй доданд.
-
Dec 16, 2020
Бонки Ҷаҳонӣ бо пешниҳоди як тарҳи семарҳилаӣ барои кумак ба Ҳукумати Тоҷикистон, ба манзури коҳиши рӯҳияи ифротигарӣ дар насли ҷавони ин кишвар ибрози омодагӣ кард.
-
Dec 16, 2020
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ислоҳи қонуни шароити нигаҳдории гумонбарҳо, боздоштшудагон ва маҳкумшудагон барои мулоқоти вакилони ҳуқуқӣ бо муваккилонашон шарти ҷадид таъйин кард.
-
Dec 16, 2020
Беш аз 100 имоми ҷумъаву ҷамоат ва воиз дар Арабистон ба далели сарпечӣ аз дастури ҳайати Куборулъуламои ин кишвар барканор шуданд.
-
Dec 16, 2020
Нишасти дуҷонибаи Эрон ва Ӯзбакистон бо ҳадафи баррасии роҳкорҳои транзити коло аз ин ду кишвар ба Ҳинд ва дигар кишварҳо тавассути бандари Чобаҳори Эрон баргузор шуд.
-
Dec 16, 2020
Як ҷангандаи F-18 пеш аз ин ки аз замин баланд шавад, бо ҷадвалҳои канории пойгоҳи парвозӣ бархурд кард.
-
Dec 16, 2020
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эъмоли дубораи маҳдудияти барқ дар сурати сарфаҷӯи накардани сокинони ин кишвар ҳушдор дод.
-
Dec 16, 2020
Нишасти комиссияи муштараки Барҷом дар сатҳи муовинин ва мудирони сиёсии Вазорати умури хориҷаи Эрон ва гурӯҳи 4+1 ба шакли видеоконференсия баргузор мешавад.
-
Dec 15, 2020
Номзади собиқи Ҳизби демократ дар интихоботи Амрико, ба барҳам додани "Электрол коллеҷ" таъкид кард.
-
Dec 15, 2020
Бонки Рушди Осиё барои афзоиши шуғл дар Тоҷикистон ба ин кишвар муодили 93 миллион доллар вом ихтисос дод.
-
Dec 15, 2020
Раҳбари Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон аз мухолифати мақомоти қазоии ин кишвар барои ҷазби вакили ҳуқуқӣ дар дифоъ аз муовини боздоштшудаи ин ҳизб муҳаммадмурод Одинаев хабар дод.
-
Dec 15, 2020
Сухангӯи ширкати давлатии Барқи тоҷик бори дигар аз мардуми ин кишвар дархост кард, то бо пардохти бамавқеи ҳазинаи барқ, сарфаҷӯиро ҳам дар дастури кори худ қарор диҳанд.