Декабр 18, 2020 20:53 Asia/Dushanbe
  • Коршиносон пешниҳоди Иморотро иштибоҳи роҳбурдӣ унвон мекунанд
    Коршиносон пешниҳоди Иморотро иштибоҳи роҳбурдӣ унвон мекунанд

Имороти Муттаҳидаи Арабӣ барои хариди ҷангандаҳои F – 35 пешниҳод кардааст, ки халабонҳои исроилӣ ин ҷангандаҳоро ҳидоят кунанд ва нозир бар истифода аз он бошанд.

Манобеи ғарбӣ аз пешниҳодоти ҷадиди Иморот ба Амрико ва режими саҳюнистӣ барои хариди ҷангандаҳои F – 35 хабар медиҳанд.

Рӯзномаи “Алараби-алҷадид” ба нақл аз манобеи ғарбӣ хабар дод, ки Иморот бо ин пешниҳоди худ қасд дорад нигаронии Исроил дар бораи ҳифзи бартарии низомии худ дар минтақаро рафъ кунад.

Ба гуфтаи ин манобеъ, Абӯзаби пешниҳод додааст, ки халабонони исроилӣ тайи як муддати мушаххас бар ҳидояти ҷангандаҳои амрикоӣ барои Иморот назорат кунанд, ба шарте ки ин халабонон баъд аз он ҳамтоёни иморотии худро омӯзиш диҳанд.

Манобеи мазкур гуфтаанд, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки пас аз омӯзиши халабонҳои иморотӣ, халабонони исроилӣ бар барномаи истифода аз ин ҷангандаҳо назорат дошта бошанд.

Ба гуфтаи ин манобеъ, ин пешниҳод мавриди мувофиқати аввалияи Амрико ва режими саҳюнистӣ қарор гирифтааст ва метавонад муҷиби пешрафт дар анҷоми ин муомила шавад.

Як коршиноси низомӣ дар ин замина ба “Алараби –алҷадид” гуфт, ки пешниҳоди Иморот боис мешавад, ки ин муомила суде барои ин кишвар надошта бошад, зеро султаи Исроил бар онро тазмин мекунад. Ба вижа ин ки ин пешниҳод мутазаммини бакоргирии ин ҷангандаҳо тавассути халабонҳои исроилӣ аст.

Ин коршинос бо ишора ба «иштибоҳи роҳбурдии Иморот» дар ин замина таъкид кард, ки муҳимтарин иштибоҳи Абузаби «таслим шудани комил дар баробари тарафи исроилӣ аст. .. бидуни ин ки ҳеч аҳроми фишоре дар ихтиёр дошта бошад».

Вай ҳамчунин хабар дод, ҷангандаҳои амрикоӣ, ки ба кишварҳои арабӣ фурӯхта мешавад, қудрати ҷангии камтаре нисбат ба ҷангандаҳое дорад, ки дар ихтиёри саҳюнистҳо қарор мегирад.

Режими саҳюнистӣ бо вуҷуди ин ки равобити худро бо Иморот оддӣ кардааст, вале расман мухолифати худро бо фурӯши ин ҷангандаҳо ба Абӯзаби эълом кард.

 

Бештар бихонед:

Барчасп