Ҷустуҷу
-
Jan 21, 2017
Вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, беш аз 10 ҳазор шибҳинизомӣ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ҳузур дорад.
-
Jan 21, 2017
Мақомоти маҳаллӣ дар устони Нангарҳор дар шарқи Афғонистон аз кушта шудани ду шаҳрванди Тоҷикистон ва ду покистонии узви гурӯҳи террористии ДИИШ дар ҳамалоти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар ин минтақа хабар доданд.
-
Jan 19, 2017
Барак Обама дар ҳоле бо Кохи Сафед худоҳофизӣ кард, ки корномаи амалкарди низомияш аз ҳама раисҷумҳурҳои қаблии Амрико сиёҳтар буд.
-
Jan 17, 2017
Раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “Таймз”-и Англия, ки рӯзи душанбе мунташир шуд, ишғоли Ироқ ва Афғонистон ба дасти Амрикоро иштибоҳ донист.
-
Jan 16, 2017
Раисҷумҳури мунтахаби Амрико дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Таймси Англия, ки рӯзи душанбе мунташир шуд, ишғоли Ироқу Афғонистон ба дасти Амрикоро иштибоҳ донист.
-
Jan 15, 2017
Вазорати умури хориҷаи Афғонистон бо интишори баёнияе эълом кард, изҳороти ахири сафири ин кишвар дар Маскав дар иртибот бо Тоҷикистон баёнгари мавзеи ҳукумати Ваҳдати миллӣ нест.
-
Jan 15, 2017
Террористҳои такфирии ДИИШ бо ҳамла ба як мадрасаи улуми динӣ дар вилояти шарқии Нангарҳори Афғонистон, 12 нафарро рабуданд.
-
Jan 15, 2017
Абдулҳакими Муҷоҳид, узви Шӯрои олии сулҳи Афғонистон пас аз изҳороти ахири худ дар бораи Толибон, аз ин шӯро ихроҷ шуд.
-
Jan 14, 2017
Дабири НАТО бо баҳонаи набудани амният дар Афғонистон эълом кард, ки нерӯҳои ин созмон ба муддати тӯлонӣ дар ин кишвар мемонанд.
-
Jan 14, 2017
Идора бозрасии Амрико дар умури бозсозии Афғонистон (SIGAR) дар гузорише эълом кард, ки беш аз 36 дарсади хоки ин кишвар дар тасаллути Толибон қарор дорад.
-
Jan 12, 2017
Расонидани паёми таслияти ҳукумату миллати Афғонистон ба муносибати даргузашти Оятуллоҳ Ҳошимӣ ва талош барои тақвияти муносибот бо Ҷумҳурии Исломии Эрон буд, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Ҳукумати Ваҳдати Миллии Афғонистонро ба Теҳрон овард; иқдоме, ки дар заминаи ҳусни ҳамҷавории ду кишвар гоме ба пеш маҳсуб мешавад.
-
Jan 12, 2017
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо судури баёнияе изҳороти ахири Умар Софӣ, волии собиқи вилояти Кундуз ва Абдулқаюми Кӯчӣ, сафири Афғонистон дар Маскавро муғризона ва дасисаи хатарнок арзёбӣ кардааст.
-
Jan 10, 2017
Сафири Ҷопон дар Афғонистон, ки барои адои эҳтиром ва арзи таслият ба муносибати даргузашти Оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба сафоратхонаи Эрон дар Кобул рафта буд, паёми таслияти худро дар дафтари ёдбуд ба форсӣ навишт.
-
Jan 08, 2017
Ҳамлаи террористӣ ба коргарони як маъдан дар Афғонистон ва марги фаҷеи 13 тан аз онон бо маҳкумияти густарда дар ин кишвар рӯ ба рӯ шудааст. Ин коргарон, ки аз ҳазораҳои Афғонистон будаанд, ҳангоми бозгашт аз маҳалли кори худ дар вилояти Бағлон ба Бомиён мавриди ҳамлаи террористӣ қарор гирифтанд.
-
Jan 07, 2017
Сухангӯи неруҳои марзбонии Тоҷикистон гуфт,16 қочоқчии маводи мухаддир дар 26 даргирии мусаллаҳона бо марзбонони ин кишвар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, дар соли гузашта (2016) кушта шуданд.
-
Jan 05, 2017
Толибон як занро, ки корманди пулис дар вилояти Ҳилманди Афғонистон буд, ба зарби гулӯла кушт.
-
Jan 04, 2017
Фаъол шудани Русия дар умури Афғонистон нигарониҳоеро дар мавриди аҳдоф ва паёмадҳои он дар ин кишвар барангехтааст, ба гунае ки Фазл Ҳодӣ Муслимёр, раиси палатаи болоии парлумони Афғонистон изҳороти ахири Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистонро мудохилаи ошкори Маскав дар умури ин кишвар донист.
-
Jan 03, 2017
Шаҳри Ҳирот рӯзи сешанбе шоҳиди тазоҳуроти густардаи зидди террористии ҳазорон нафар аз мардуми ғарби Афғонистон буд.
-
Jan 03, 2017
Дар ҳоле, ки давлат ва артиши Афғонистон ҷанги тамомаёреро бо гурӯҳи Толибон ва гурӯҳи террористии ДИИШ дар манотиқи мухталифи ин кишвар оғоз кардаанд, аммо ба гуфтаи устондори Тахор, давлати Коул аз нуфузи фикрии гурӯҳҳои ифротӣ ва салафӣ дар марокизи амалии Афғонистон ғофил шудааст.
-
Jan 03, 2017
Мудири маркази пажӯҳишии Донишгоҳи равобити байналмилалии Русия муътақид аст, ки ташаннуҷи авзои амниятии Афғонистон дар соли 2017 таҳдиди ҷиддӣ барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб намешавад.