Ҷустуҷу
-
Oct 09, 2019
Намояндагии доими Эрон назди созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена, номаи раиси Созмони фазоии Эрон дар хусуси иқдоми Амрико дар таҳрими ғайриқонунии ин созмонро ба мудири дафтари умури фазоии Милали Муттаҳид таслим кард.
-
Sep 02, 2019
Зулмай Халилзод, намояндаи Амрико дар умури Афғонистон бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури ин кишвар дар Кобул дидору гуфтугӯ кард.
-
Sep 02, 2019
Зулмо Халилзод намояндаи Амрико дар умури Афғонистон бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳури ин кишвар дар Кобул дидор ва гуфтугу кард.
-
Aug 26, 2019
Идораи умури мусалмонони Узбакистон аз иқдоми ғайри диннии пулиси ин кишвар дар тарошидани иҷбории риши сокинони кишвар ибрози норизоятӣ кардааст.
-
Aug 06, 2019
Дар солҳои ахир кишварҳои ғарбӣ борҳо иддаои мудохилаи Русия дар фарояндҳо ва рӯйдодҳои сиёсӣ дар ин кишварҳо, бавижа дар заминаи интихоботро матраҳ кардаанд ва ҳатто Вашингтон ба ин баҳона таҳримҳои сахтеро алайҳи Маскав ба иҷро даровардааст.
-
Jul 04, 2019
Раисиҷумҳури Русия дар остонаи сафар ба Рум, дар мусоҳиба бо рӯзномаи итолиёӣ, дар бораи дӯрнамои масъалаи контроли таслиҳот, иттиҳоми дахолати Маскав дар интихоботи соири кишварҳо, алоқамандии Русия ба аз саргирии комили равобит бо Иттиҳоди Аврупо ва шарти беҳбуди равобит бо Украина суҳбат кард.
-
Jun 20, 2019
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон тааррузи як паҳподи мутаҷовизи амрикоӣ ба фазои сарзамини Ҷумҳурии Исломиро ба шиддат маҳкум кард.
-
Jun 15, 2019
Сарони кишварҳои осиёӣ дар панҷумин нишасти конфронси Таомул ва Эътимодсозии Осиё, дар баёнияе муштарак ба адами ҳимоят аз гурӯҳҳои ҷудоиталаб, ҳаракоти ҷудоиталабона ва дахолат дар умури дохилӣ ва хориҷии дигар кишварҳо мутааҳҳид шуданд.
-
Май 17, 2019
Намояндаи вижаи вазири умури хориҷии Эрон дар умури Афғонистон дар сафар ба Кобул бо раисҷумҳури Афғонистон дидор ва дар бораи масоиле аз ҷумлаи интихоботи ояндаи Афғонистон ва густариши равобити ду кишвар гуфтугӯ кард.
-
Май 14, 2019
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон хабарсозии “Рейтерз” мабнӣ бар машрут кардани мавзӯи мондан дар БарҶОМ аз сӯйи Эрон бо фурӯши 1,5 миллион бушка нафт дар рӯзро рад кард.
-
Nov 29, 2018
Раиси дафтари Комиссариёи олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагони Эрон, аз давлат ва мардуми Эрон барои ҳимоят ва мизбонӣ аз паноҳандагони хориҷӣ, қадрдонӣ кард.
-
Nov 18, 2018
Нишасти солонаи муовинони вазирони умури хориҷии Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар Бишкек баргузор шуд.
-
Oct 30, 2018
Шашумин иҷлоси сеҷонибаи вузарои умури хориҷии Эрон, Туркия ва Озарбойҷон дар Истанбул баргузор шуд. Бо таваҷҷуҳ ба фазои дӯстона дар равобити се кишвари ҳамсоя, Эрон, Туркия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон интизор меравад, нишасти Истанбул зимни таъмини аҳдоф ва манофеи кишварҳои ин ҳавза ин кишварҳоро ба самти таҳаққуқи хостаҳояшон пеш барад.
-
Sep 04, 2018
Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон аз иқдомоти ҳимоятии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қиболи паноҳандагони хориҷӣ истиқбол кард.
-
Jul 25, 2018
Таҳқиқот дар бораи қатли Ҳувайдо Тиллозода бо ҳамкории Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва Вазорати умури дохилии Русия идома дорад.
-
Jul 18, 2018
Амрико аз замони шаклгирии низоми ҷумҳурии исломӣ дар Эрон дар соли 1979 ҳамвора рӯйкарде хасмона нисбат ба ин кишвар дошта ва дар ҳар замоне барои заиф кардани ҷумҳурии исломӣ талош кардааст.
-
Jul 14, 2018
Алиакбари Вилоятӣ, мушовири раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар умури байналмилал дар гуфтугӯ бо бахши хабарии 21 шабакаи аввали телевизиони Эрон, дидори ахираш бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро созанда тавсиф кард ва гуфт, дар ин дидор, ҳамкориҳои минтақаии Эрон ва Русия тасбит шуд.
-
Mar 17, 2018
Сафорати Русия дар Амрико, Вашингтонро ба дахолат дар умури дохилии ин кишвар дар бораи интихоботи раёсатҷумҳурӣ муттаҳам кард.
-
Mar 16, 2018
Вазирони умури хориҷии Эрон, Русия ва Туркия, се кишвари зомини оташбас дар Сурия имрӯз дар баёнияи поёнии иҷлоси Остона, пойтахти Қазоқистон бар идомаи талошҳо барои ҳалли буҳрони Сурия таъкид карданд.
-
Jan 10, 2018
Раиси Кумитаи умури дини Қирғизистон ба алоқамандони фарогирии дарсҳои динӣ ҳушдор дод, дар мадрасаҳои ғайрирасмӣ ва бемуҷаввиз сабти ном накунанд.