Ҷустуҷу
-
Jun 15, 2017
Дар пайи тасвиби таҳримҳои ҷадид зидди Русия дар Сенати Амрико, Кохи Кремл дар бораи паёмадҳои ин иқдом ба Вашингтон ҳушдор дод.
-
Jun 15, 2017
Рекс Тиллерсон вазири умури хориҷаи Амрико дар изҳороти ахири худ дар ҷаласаи Кумитаи равобити хориҷии Сено бори дигар иддао кард, ки Эрон ҳамчунон ба фаъолиятҳо ва мудохилоти бесуботкунандааш дар минтақаи Ховари Миёна идома медиҳад. Вай бо террорист хитоб кардани неруҳои муқовимати исломӣ дар минтақа гуфт: Эрон бо додани силоҳ ба ин неруҳо, муттаҳиди мо Исроилро таҳдид мекунад. Тиллерсон афзуд: Мо ва муттаҳидонамон бояд бо аҳдофи султаталабонаи Эрон дар минтақа муқобила кунем.
-
Jun 13, 2017
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт: Амрико бо ҳимоят аз террористҳо дар ҷумҳурии Чеченистон аз онҳо барои бар ҳам задани суботи Русия истифода кардааст.
-
Jun 02, 2017
Манобеи хабарӣ шомгоҳи панҷшанбе эълом карданд, Арабистон аз паҳпод барои ҳамла ба ғайринизомиён дар бозори «Миёс», маркази Қатиф, шарқи Арабистон истифода кардааст.
-
Май 30, 2017
Тибқи иттилои Хосият Ёрова, мақомоти Тоҷикистон нисбати ӯ ва бародараш Ҷамшед Ёров парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.
-
Май 29, 2017
Вазири хориҷаи Ироқ дар вокуниш ба сиёсати эронҳаросӣ, ки дар минтақа ба роҳ афтодааст, таъкид кард: Ба ҳеч ваҷҳ имкон надорад, ки Бағдод вориди сафбандиҳо алайҳи ҷумҳурии исломии Эрон шавад.
-
Май 27, 2017
Додгоҳи олии режими Оли Сауд дар Риёз, пойтахти Арабистон барои 14 ҷавони минтақаи шианишини Қатиф, ҳукми эъдом содир кард.
-
Май 22, 2017
Нишасти сарони бархе кишварҳои исломӣ дар Риёз бо раисҷумҳури Амрико бо имзои қарордодҳои чандсад миллиард долларӣ ҳамроҳ буд.
-
Май 01, 2017
Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар бо маҳкумияти ҷиноёти режими Оли Халифа зидди зиндониёни Баҳрайн аз ин режим хостанд, ба бархӯрдҳои таҳқиромез бо зиндониёни сиёсӣ хотима диҳад.
-
Apr 24, 2017
Даҳҳо нафар аз ҷавонони шаҳри Кобул имрӯз дар эътироз ба ҷиноёти гурӯҳҳои террористӣ аз ҷумла куштори нерӯҳои артиш ба дасти Толибон дар шаҳри Мазори Шариф ба хиёбон рехтанду шиори марг бар терроризм сар доданд.
-
Apr 24, 2017
Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон мақомоти кишварро ба омодасозии мутахассисоне муваззаф кардааст, ки дар ҷангҳои иттилоотӣ-идеологӣ тавонанд мубаллиғони қудратманди ифротгароӣ ва терроризмро шикаст диҳанд.
-
Apr 22, 2017
Ники Ҳили, намояндаи Амрико дар Созмони милал бо нодида гирифтани коршиканиҳои Амрико ва муттаҳидонаш дар ҳалли буҳрони Сурия, дар иддаое беасос Эрон ва Ҳизбуллоҳро ҳамдасти низоми Сурия ва Башор Асад донист.
-
Apr 20, 2017
Девони байналмилалии додгустарӣ, иддаои давлати Украина, мабнӣ бар ҳимояти Русия аз мухолифони шарқи Украинаро рад кард.
-
Apr 13, 2017
Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии ин кишвар, ки ба 25 соли зиндон маҳкум шуда буд, ба иттиҳоми ҷадиди тавҳин ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи нави ҷиноӣ ташкил доданд.
-
Apr 08, 2017
Мардуми Сурия бо барпоии тазоҳурот дар хиёбонҳои Димишқ, ҳамлаи Амрико ба як пойгоҳи ҳавоӣ дар ин кишварро маҳкум карданд.
-
Apr 03, 2017
Вазорати нақлиёти Русия бо иддаои нақзи қарордоди ҳавоӣ алайҳи ширкати ҳавойии Сомонэйри Тоҷикистон маҳдудият эъмол кард.
-
Mar 31, 2017
Мушовири вазири дифои Арабистон ва сухангӯи эътилофи мутаҷовиз ба Яман, ки барои ширкат дар нишасти Шӯрои равобити хориҷии Аврупо ба Англия рафтааст, бо эътирози фаъолони ҳуқуқи башар рӯ ба рӯ шуд.
-
Mar 28, 2017
Аз оғози ҳамалоти мутаҷовизонаи Арабистон ба Яман, Англия дар канори муттаҳиди роҳбурдиаш Амрико, яке аз муҳиммтарин фурӯшандагони силоҳ ба Арабистони Саудӣ аст.
-
Mar 26, 2017
Амрико дар даври ҷадиди таҳримҳо алайҳи Русия, ҳашт ширкати русиро таҳрим кард. Вазорати умури хориҷаи Амрико рӯзи шанбе бо эъломи хабари таҳрими ин ширкатҳо ба иттиҳоми иртибототи тиҷорӣ бо чанд кишвари мавриди таҳрими Амрико эълом кард, ки ин таҳримҳо илова бар таҳримҳои иқтисодиест, ки дар соли 2014 ба хотири илҳоқи шибҳҷазираи Қрим ба Русия ва даргириҳои шарқи Украина, алайҳи Маскав эъмол шудааст.
-
Mar 16, 2017
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз вазири тандурустии ин кишвар хост то қотеона алайҳи густариши фасод дар бахши беҳдошт мубориза кунад.