Ҷустуҷу
-
Nov 22, 2018
Мансурҷон Умаров, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон изҳор дошт, террористҳои ДИИШ, ки омӯзиши вижа дидаанд, аз Сурия ва Ироқ ба шимоли Афғонистон интиқол дода мешаванд, то аз онон барои харобкорӣ ва ҳамалоти террористӣ дар Тоҷикистон истифода шавад.
-
Nov 22, 2018
Агарчӣ хилофати худхондаи ДИИШ нобуд шуда, аммо ошноӣ бо решаҳои шаклгирии ин гурӯҳ террористӣ ва ҷараёнҳои мушобеҳи он, зарурӣ аст.
-
Nov 22, 2018
Рӯзи 23 – юми ноябр, соати 14:00 дар толори бузурги Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 80 - солагии шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир маҳфили шеъру суруд баргузор хоҳад шуд.
-
Nov 22, 2018
Пас аз ҳамалоти ҳакерӣ ва ирсоли бадафзорҳои хатарнок, бонкҳои Тоҷикистон маҷбур шуданд муомилоти молӣ бо системаи бонкии “Юнистрим” -и Русияро мутаваққиф кунанд.
-
Nov 21, 2018
Муассисаи таҳқиқоти бостоншиносӣ дар Амрико, мегӯяд, киштии Нӯҳ(а) дар Тахти Сулаймон дар устони Озарбойҷони ғарбии Эрон, паҳлу гирифтааст.
-
Nov 21, 2018
Масъӯли эъдоми мухолифон ва ҳидояти террорҳои гурӯҳи террористии ДИИШ дар Идлиби Сурия ба ҳамроҳи ҳамсараш дар шаҳри Трабзони Туркия дастгир шуд.
-
Nov 21, 2018
Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон баёнияи раисҷумҳури Амрико дар бораи террори Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди саудиро “шармовар” тавсиф кард.
-
Nov 21, 2018
Рӯзи 20 -уми ноябр бар асари бархурди ду мошини боркаш ва ду мошини сабукрав дар километри 185 –уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд - Чаноқ чаҳор нафар ҷон бохтанд ва чанд тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
-
Nov 20, 2018
Дар моҳи рабеъулаввал, дар айёми мубораки милоди ҳазрати Расули акрам (с) дар саросари кишварҳои исломии ҷанубу шарқи Осиё, аз ҷумла дар Малайзия ҷашнҳои рангорангу пуршукӯҳе дар ҳоли баргузорӣ аст.
-
Nov 20, 2018
Мақомоти аврупоӣ дар садади истифода аз ҳама фурсатҳо барои ҳифзи БарҶОМ ҳастанд ва сафари ахири вазири умури хориҷии Бритониё барои музокира дар бораи эҷоди созукори молии Аврупо ба Теҳронро низ метавон дар ин замина арзёбӣ кард.
-
Nov 20, 2018
Ҷамъе аз бозориён ва фаъолони иқтисодии Эрон дар ҳимоят аз мардуми мазлуми Яман дар баробари дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Теҳрон таҷаммуъ карданд.
-
Nov 20, 2018
Раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 20 ноябр дар Кохи Миллат аз сафирони тозатаъйиншудаи 12 кишвар эътимоднома қабул намуд.
-
Nov 20, 2018
Ройзани иқтисодии сафорати Афғонистон дар Теҳрон гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон кишваре амн ва мутмаин барои сармоягузорӣ ва ҳамкории иқтисодӣ аст.
-
Nov 19, 2018
Гэри Гудрич (Gary Goodridge) қаҳрамони собиқи кикбоксинги ҷаҳон бо ҳузур дар Маркази исломии ҳазрати Алӣ (раз.) дар Торонтои Канада ба дини Ислом гаравид.
-
Nov 19, 2018
Раисҷумҳури Амрико ба муҳоҷирон барои вуруд ба ин кишвар ва боздошти онҳо ҳушдор дод.
-
Nov 19, 2018
Бар асоси гузориши Вазорати умури дохилии Русия, тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ беш аз 16 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тобеияти ин кишварро дарёфт кардааст, ки наздик ба 13 дарсад аз теъдоди кулли афроде аст, ки имсол дорои ин мақом шудаанд.
-
Nov 18, 2018
Иддаои таъсиси Иттиҳоди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ниёз надидан дар воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз дигар кишварҳо ба ғайр аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз сӯи Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳурии Қазоқистон ва бо ин вуҷуд, мамнуъияти содироти гандум ба Тоҷикистон, муғоират дар гуфтору рафтори ин "пири кори миллати қазоқ" аст. Аммо оё ин тасмими Қазоқистон ба сатҳи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон соя меафканад ва ё таъсири манфӣ мегузорад?
-
Nov 18, 2018
Муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бо ишора ба интиқоли террористҳои ДИИШ аз Сурия ва Ироқ ба шимоли Афғонистон гуфт, ин афрод омӯзиши вижа дидаанд ва барои харобкорию ҳамалоти террористӣ ба Тоҷикистон мунтақил мешаванд.
-
Nov 18, 2018
Пулиси Покистон барои такмили раванди таҳқиқот ва дастгир кардани қотил ё қотилони саркардаи Ҳизби ҷамъияти уламои Ислом тавонист мувофиқати дастгоҳи қазоиро барои боз кардани қабри Самеулҳақ ба даст оварад.
-
Nov 17, 2018
Бо баҳрабардорӣ аз чархаи нахусти нерӯгоҳи азими Роғун дар Тоҷикистон, сафҳаи навине дар китоби истиқлоли ин кишвар варақ хӯрд.