Ҷустуҷу
-
Feb 27, 2017
Мақомоти Хадамоти давлатии марзбонии Украина, аз боздошти як шаҳрванди 34 солаи Тоҷикистон бо шиносномаи қалбакии қирғизӣ хабар додаанд, ки аз Истамбули Туркия қасди вуруд ба ин кишварро доштааст.
-
Feb 26, 2017
Раисҷумҳури 93 солаи Зимбабве гуфт, Худованд ба ӯ маъмурият дода, то бори дигар номзади интихоботи раёсатҷумҳурӣ шавад ва ӯ ин маъмуриятро пазируфтааст.
-
Feb 26, 2017
Роҳи Душанбе ба Хуҷанд танҳо роҳи заминии пойтахти Тоҷикистон ба шимоли ин кишвар, ки бар асари резиши тарма масдуд шуда буд ва чандин нафар дар ин роҳ ҷони худро аз даст дода буданд, бозгушоӣ шуд.
-
Feb 26, 2017
Муовини байналмилали Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон гуфт, ин донишгоҳ дар ҳоли ҳозир аз 36 кишвари ҷаҳон ҷазби донишҷӯ дорад.
-
Feb 26, 2017
Марҳалаи ниҳоии размоиши неруи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон бо номи "Вилоияти 95" субҳи якшанбе бо ҳузури фармондеҳи неруи дарёии артиш дар обҳои ҷануби Эрон оғоз шуд.
-
Feb 26, 2017
Роҳи иртиботии марказ ва шимоли Тоҷикистон пас аз як ҳафта масдуд шудан ба иллати бориши барфи зиёд ва тармафароӣ, бозгушоӣ гардид ва ҳаракати васоили нақлияи умумӣ ва мусофирин дар ин масир аз сар гирифта шуд.
-
Feb 25, 2017
Бо таваҷҷӯҳ ба зарфияти тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон, Бонки Осиёии Рушд ба Душанбе тавсия кард, барои интиқоли барқ ба Афғонистон барномарезӣ кунад.
-
Feb 25, 2017
Коршиноси иқтисодии рус гуфт, Маскав тайи 7 соли ахир беш аз 3.5 миллиард доллар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯмак кардааст, ки саҳми Қирғизистон аз ин кӯмакҳо 375 миллион доллар будааст.
-
Feb 25, 2017
Мақомоти Бонки Рушди Осиё аз давлати Тоҷикистон хостанд, ки аз тарҳи бозсозии шабакаи воҳиди барқи Осиёи Марказӣ ҳимоят кунад.
-
Feb 24, 2017
Садҳо тан аз мухолифони ҷиноятгариҳои режими саҳюнистӣ, бо баргузории таҷаммуъ дар Сиднейи Австралия, ба сафари нахуствазири режими саҳюнистӣ ба ин кишвар тазоҳурот карданд.
-
Feb 23, 2017
Парвози расмӣ дар масири Душанбе-Тошканд дар рӯзи 23 феврал дигарбора ба таъхир афтод.
-
Feb 22, 2017
Имрӯз дар арафаи 24- солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе омада, дар расми ифтитоҳи иншооти нави ин марказ иштирок намуд.
-
Feb 22, 2017
Баёноти раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар оғози шашумин конфронси байналамилалии “Ҳимоят аз интифозаи Фаластин” дар Теҳрон дар расонаҳои Фаластин бозтоби густурдае доштааст.
-
Feb 22, 2017
Раисҷумҳури Эрон дар ҳошияи шашумин Конфронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин дар Теҳрон, бо раиси Маҷлиси Шӯрои миллии Фаластин ва раисони маҷолиси Уганда, Урдун, Малайзия, Лубнон ва Сурия дидор ва гуфтугӯ кард.
-
Feb 22, 2017
Рӯзномаи саҳюнистӣ навишт: Раҳбари Эрон аз интифозаи мардуми Фаластин барои нобудии ғуддаи саратонии Исроил ҳимоят мекунад.
-
Feb 21, 2017
Раиси Маҷлиси Лубнон аз кишварҳои исломӣ хост, дар вокуниш ба ҳимояти Амрико аз интиқоли сафоратхонаҳо аз Тел Авив ба Қудс, сафоратхонаҳои худро дар Вашингтон таътил кунанд.
-
Feb 21, 2017
Тайи рӯзҳои ахир арзиши доллар дар баробари сомонӣ, воҳиди пули миллии Тоҷикистон раванди афзоишӣ доштаву муҷиби ошуфтагӣ дар бозори муомилоти дохилии ин кишвар шудааст.
-
Feb 20, 2017
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо эъломи ин, ки бориши шадиди барф дар рӯзҳои ахир дар Тоҷикистон, дар 30 соли гузашта бесобиқа будааст, ба шаҳрвандони ин кишвар дар мавриди эҳтимоли фаромадани тарма, афзоиши сатҳи об рӯдхонаҳо ва қатъи хутути интиқоли нерӯи барқ дар манотиқи мухталифи ин кишвар ҳушдор дод.
-
Feb 19, 2017
Сафири Эрон дар Мадрид гуфт, Испания яке аз кишварҳои пештози аврупоӣ дар шурӯи таомулоти бонкӣ бо Эрон будааст.
-
Feb 19, 2017
Нахуствазири Сурия барои баррасии ҳартарҳе, ки сулҳро дар ин кишвар барқарор кунад, эъломи омодагӣ кард.