Ҷустуҷу
-
Jul 07, 2017
Раисҷумҳури Ироқ дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Саудӣ мудохилаи Ҷумҳурии Исломии Эронро дар масоили кишвараш рад кард.
-
Jul 06, 2017
Идораи кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд аз таъсиси 21 гурӯҳи кории вижа барои муқобила бо он чи ки пӯшиши бегонаи бонувон (ҳиҷоб) хонда шудааст, хабар дод, ки бар асоси он дар марказҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, бемористонҳо, мактабҳо ва маҳди кӯдакҳо, меҳмонхонаҳо ва дармонгоҳҳо алайҳи пӯшиши ҳиҷоби бонувон таблиғот хоҳанд кард.
-
Jul 05, 2017
Манобеи маҳаллӣ дар ҷануби Тоҷикистон аз боздошти бародар ва бастагони Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини Нерӯҳои вижаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар доданд.
-
Jul 05, 2017
Даргириҳои мусаллаҳонаи нерӯҳои давлатии Афғонистон ва ҷангҷӯёни Толибон дар манотиқи ҳаммарзи ин кишвар бо Тоҷикистон ба шиддат идома дорад.
-
Jul 05, 2017
Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кардааст, қарзи хориҷии ин кишвар дар соли 2018 ба мизони 39,4 дарсад аз ҳаҷми тавлиди нохолиси миллии ин ҷумҳурӣ афзоиш ёфтааст, ки ин кишварро ба марҳалае хатарнок наздик хоҳад кард.
-
Jul 04, 2017
Вазири нафти ҷумҳурии исломии Эрон, имзои қарордоди фазаи 11 Порси ҷанубиро нишонаи муҳиме барои бозгашт ва сармоягузории фаъолони иқтисодии аврупоӣ ва осиёӣ ба Эрон унвон кард.
-
Jul 04, 2017
Павилйони Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии махсусгардонидашудаи EXPO-2017 дар шаҳри Остона (Қазоқистон) дар қатори павилйонҳои 110 давлатҳои олам, мавқеи шоистаро ишғол карда, павилйони комилан ҷавобгӯ ба мавзӯи EXPO-2017 — «Энергияи оянда» эътироф шудааст.
-
Jul 03, 2017
Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ: Шаҳрдории Душанбе дар зимни баррасии ҳодисаи оташсӯзӣ дар бозори Корвони шаҳри Душанбе тоҷиронеро, ки дар ин оташсӯзӣ хисорат диданд, то ду сол аз пардохти андоз ва иҷораи дуконҳои ин бороз маоф кард.
-
Jul 03, 2017
Кормандони Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон таҳқиқ ва тафаҳҳус дар бораи фасоди молӣ, дар давраи фаъолияти шаҳрдори собиқи Душанберо ба поён расонданд.
-
Jul 03, 2017
Шомгоҳи дуввуми июл дар бузургтарин бозори пойтахти Тоҷикистон - Корвон оташсӯзӣ рух дод.
-
Jul 02, 2017
Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфт: Тавони бумии мушакии Эрон мутобиқ бо ниёзи худ барои эҷоди қудрати боздорандагӣ буда ва дар арсаи афзоиши диққат, бурд ва қудрат дар ҳоли тавсеа аст.
-
Jul 02, 2017
Шӯрои мудирони Бонки рушди АвруОсиё тарҳи кӯмаки молии 40 миллион долларии ин ниҳод барои бозсозии таҷҳизоти неругоҳи барқи обии Норак дар Тоҷикистонро тасвиб кард.
-
Jul 02, 2017
Ҳафтумин Бозори филми исломӣ асри шанбе бо ҳузури 137 муассиса ва шабакаи телевизионӣ аз кишварҳои исломӣ дар шаҳр Машҳад кушоиш ёфт.
-
Jul 01, 2017
Вазорати дифои Қазоқистон эълом кард, нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар миёни кишварҳои Ҷомеаи ҳамсуд, болотарин ҳуқуқ ва дастмуздро дарёфт мекунанд.
-
Jul 01, 2017
Бонки миллии Тоҷикистон аз оғози фурӯши амволи ду бонки буҳронзадаи ин кишвар –“Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” хабар дод.
-
Jun 29, 2017
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ин кишвар дар мавриди густариши вируси мухарриби “Petya”, дар шабакаҳои роёнаии ин кишвар ҳушдор дод.
-
Jun 28, 2017
Додгоҳи олии Амрико имкони мусодираи ашё ва осори бостонии Эрон дар музейҳои ин кишварро ба унвони ғаромат барои афроде, ки иддао доранд аз бозмондагони ҳодисаи террористии соли 1997 ба ҳисоб меоянд, баррасӣ мекунад.
-
Jun 28, 2017
Вазири умури хориҷаи Қатар дар дидор бо ҳамтои амрикоии худ бори дигар иттиҳомоти Риёз алайҳи Доҳаро беасос хонд.
-
Jun 27, 2017
Дар ин гузориши шабакаи CNN дар бораи Яман тасвирҳои дардноке вуҷуд дорад, ки Арабистон намехоҳад ҳеҷ кадоме аз хабарнигорон онҳоро бубинанд. Ин тасвирҳои ба сахтӣ таҳияшуда бахше аз иттифоқоти дарднокест, ки дар Яман рух медиҳад.
-
Jun 27, 2017
Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон рӯзи сешанбе дар нишасти раисони парлумонҳои кишварҳои ҳавзаи Авруосиё дар Сеули Кореяи Ҷанубӣ гуфт, роҳбурди Амрико мубориза бо терроризм нест, балки бозӣ бо он аст.