Ҷустуҷу
-
Dec 07, 2018
Бар асоси гузориши пойгоҳи рутбабандии Таймс, донишгоҳҳои Эрон дар 9 ҳавзаи мавзӯии пизишкӣ, улуми физикӣ, ҳунар ва улуми инсонӣ, улуми иҷтимоӣ, иқтисод ва тиҷорат, улуми зистӣ, омӯзиш, улуми компютерӣ ва муҳандисӣ ва фановарӣ дар байни донишгоҳҳои бартари ҷаҳон қарор гирифтанд.
-
Dec 07, 2018
Созмони дидабони ҳуқуқи башар, ҳузури нозирони байналмилалӣ дар Арабистонро барои итминон аз саломати зиндониёни фаъоли ҳуқуқи башар, ба вижа занон дар ин кишвар, хостор шуд.
-
Dec 06, 2018
Изҳори нигаронии Бонк Ҷаҳонӣ ва созмонҳои ҳомии "танзими хонавода" аз афзоиши ҷамъият дар Тоҷикистон дар ҳоле аст, ки дар ҷаҳон таблиғоти расонаии густурдае барои коҳиши ҷамъият идома дорад. Аммо коҳиши ҷамъият низ дар баробари афзоиши ҷамъият, паёмадҳои нигаронкунандаеро дар пай дорад, ки ҳомиёни коҳиши ҷамъият онро нодида мегиранд. Дар ҳоле, ки танзими хонавода набояд мӯҷиби коҳиши ҷамъият, балкӣ ҳадафаш танзими ҷамъият бо назардошти рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар кишвар бошад.
-
Dec 06, 2018
Нахуствазири Покистон гуфт: “Исломобод бино ба дархости Ҷумҳурии Исломии Эрон, талошҳо барои поёни ҷанг ва эҷоди сулҳ дар Яманро оғоз кардааст”.
-
Dec 06, 2018
Фармондеҳи нерӯи заминии сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон ҷузъиёти ҳамлаи интиҳории имрӯз дар шаҳристони Чобаҳори устони Систон ва Балучистонро шарҳ дод.
-
Dec 06, 2018
Дар инфиҷори террористӣ дар назди ситоди интизомии шаҳристони Чобаҳор дар устони Систон ва Балучистони Эрон 2 нафар шаҳид шуданд.
-
Dec 06, 2018
Сухангуи Комиссияи шикоёти интихоботии Афғонистон натоиҷи интихоботи парлумонии Кобулро ботил эълом кард.
-
Dec 06, 2018
Бо кумаки Бонки тавсеаи исломӣ, апрели соли оянда аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад.
-
Dec 06, 2018
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз бардошти 323 ҳазор тонна пахта аз мазрааҳои ин кишвар хабар дод, ки баробар бо 90 дарсад аз барномаи бардошти ин маҳсул дар соли ҷорӣ аст.
-
Dec 06, 2018
Барои муносибати номатлуб нисбати беморон табибон метавонанд 8 солро пушти панҷара паси сар кунанд.
-
Dec 05, 2018
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар 20 октябри 2018 эълом кард, ки Амрико аз Паймони “нерӯҳои ҳастаии миёнбурд” INF хориҷ хоҳад шуд.
-
Dec 05, 2018
Саркардаи аслии гурӯҳи террористии мавсум ба Ҳизби исломии Туркистон аз ташкили марзҳои ончи, ки онро “Иморати Туркистони чиниҳои террорист” номид, дар шимоли ғарби Сурия хабар дод.
-
Dec 05, 2018
Раиси вилояти Суғд ба навҷавонони ихтироъкор ва китобхон туҳфаҳои арзанда тақдим кард.
-
Dec 05, 2018
75 тоҷикистонӣ дар зиндонҳои Қазоқистон ба сар мебаранд.
-
Dec 04, 2018
Ҳамкорамон Азизӣ дар гузорише вижа ба ин мавзуъ пардохтааст:
-
Dec 04, 2018
Мақомоти Тоҷикистон ва Афғонистон дар нишасте дар шаҳри Душанбе масоили марбут ба таомулоти фарҳангии ду кишварро баррасӣ карданд.
-
Dec 04, 2018
Шаҳрдори Душанбе бо нашри иттилоияе аз ҷорӣ шудани маҳдудият барои ҳаракати мусофирбрҳои “Мерседес бенз” ва оғози кори автобусҳои ҷадид дар бархе аз хатсайрҳои пойтахт иттилоъ додааст.
-
Dec 04, 2018
Видео: суханони эҳтиромомези Путин раиси ҷумҳури Русия дар бораи Қуръон
-
Dec 04, 2018
Кумитаи давлатии мудирияти амвол ва сармоягузории Тоҷикистон аз таъсиси воҳиди хадамот ба бахши хусусӣ ва сармоягузорони дохилию хориҷӣ дар ин кишвар хабар дод.