Ҷустуҷу
-
Feb 05, 2018
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, Теҳрон ҳеч шарте дар бораи сафари ояндаи раиси ҷумҳурии Фаронса ба Ҷумҳурии исломии Эронро намепазирад.
-
Feb 05, 2018
Муовини вазири умури хориҷаи Русия дархостҳои Вашингтон дар мавриди тавофуқи дубора дар БарҶом-ро иқдоме ғайриқобили қабул донист ва гуфт, ин бархурди Амрико ҳеҷ натиҷае нахоҳад дошт.
-
Feb 05, 2018
Сарпарасти комиссариёи олии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид дар Эрон гуфт, акнун як миллион паноҳандаи хориҷӣ дар Эрон иқомат доранд ва 456 ҳазор донишомӯзи афғон дар мадрасаҳои Эрон таҳсил мекунанд.
-
Feb 04, 2018
Раисҷумҳури исломии Эрон бо табрики аёмуллоҳи даҳаи Фаҷр ва солрӯзи пирӯзии инқилоби исломӣ гуфт: Мавзуи инқилоби исломии Эрон, мавзуе бисёр муҳим ва шояд беназир дар торихи миллатҳои минтақа ва ҷаҳон аст.
-
Feb 04, 2018
Узбакистон аз 10-уми феврали соли равон барои шаҳрвандони ҳафт кишвари хориҷӣ раводид(виза)ро бекор мекунад.
-
Feb 04, 2018
Вазири хориҷаи Русия эълом кард, Маскав ҳозир ба пазириши нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо барои назорат бар интихоботи раёсатиҷумҳурии оянда, дар ин кишвар аст.
-
Feb 04, 2018
Ҳамоҳангсози барномаи “АвруОсиёи Бузург” дар Маскав мӯътақид аст, ки пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Евразия барои ин кишвар манофеи зиёде дорад ва Душанбе, бояд миёни вобастагӣ ба Чин ва ҳамгароии минтақаӣ, якеро интихоб намояд.
-
Feb 04, 2018
Мақомоти пулиси шаҳри Сарански маркази вилояти Мордовияи Русия, як шаҳрванди тоҷикистонии узви гурӯҳи ҷаъли аснодро боздошт кардаанд, ки ба фурӯши гувоҳиномаҳои қалбакии мушорикат дар озмуни забони русӣ, машғул будааст.
-
Feb 03, 2018
Ҳукумати Узбакистон дар як иқдоми ибтикорӣ барои нахустин бор дар сатҳи Шӯравии собиқ, иқдом ба таъсиси пулиси “модерн” кардааст.
-
Feb 03, 2018
Рустами Эмомалӣ иҷрои Қонуни забони давлатиро дар пойтахти Тоҷикистон ҳатмӣ кард.
-
Feb 03, 2018
Мусулмонони Ҳинд ва Индонезия бо баргузории тазоҳурот зидди Оли Сауд, мушорикатдодани кишварҳо ва созмонҳои исломиро дар идораи маросими Ҳаҷ, хостор шуданд.
-
Feb 03, 2018
Иҷлоси Шӯрои байнидавлатии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё рӯзи ҷумъа дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баргузор ва дар поёни он 14 санади ҳамкорӣ имзо шуд.
-
Feb 03, 2018
Мақомҳои давлатии Ӯзбакистон аз бозсозии хона ва музеи устод Садриддин Айнӣ, нависандаи шаҳир, поягузори адабиёти ҷадид, қаҳрамони миллӣ ва нахустин раиси Академияи улуми Тоҷикистон дар шаҳри Самарқанд хабар доданд.
-
Feb 03, 2018
Муовини Хадамоти давлатии умури бознишастагӣ ва бимаи Тоҷикистон миёнгини нафақаи бознишастагӣ дар ин кишварро 30 доллар эълом кардааст.
-
Feb 02, 2018
Ҳамкорамон оқои Бурҳонӣ ин ҳафта бо гардише дар сомонаҳои мухталиф ва муруре бар хабарҳо ва таҳлилҳои як ҳафтаи ахир дар бораи масоили Тоҷикистон, муҳимтарин матлабҳоро барои Шумо интихоб кардааст.
-
Feb 02, 2018
Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон аз боздошти 12 нафар ба иттиҳоми интишори афкори ифротгароӣ дар ин кишвар хабар дод.
-
Feb 02, 2018
Бисту нуҳумин нишасти Кумитаи доимии конфронси байналмиллалии ҳизбҳои осиёӣ (icapp) ва дувумин конфронси вежаи «Роҳи абрешим» дар Теҳрон оғоз шуд.
-
Feb 01, 2018
Як узви ДИИШ, ки дар ҳоли тадоруки ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Нижний Новгороди Русия барои 18 декабр, рӯзи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар буд, ба ҳалокат расид.
-
Feb 01, 2018
Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) эълом кард, 59 миллион нафар аз ҷавонони конунҳои буҳронии ҷаҳон, бесаводанд.