Ҷустуҷу
-
Dec 12, 2019
Созмони Милали Муттаҳид дар гузориши иттиҳоми Арабистони Саудӣ ва Амрико ба Эрон дар ҳамла ба таъсисоти нафтии Оромкуро таъйд накард.
-
Dec 12, 2019
Дар идомаи рӯйкарди мудохилаҷӯёнаи Амрико ва ҳимоят аз иғтишошоти ахири Эрон ин бор Конгресси Амрико лоиҳае дар ҳимоят аз иғтишошгарон ироа кард.
-
Dec 12, 2019
Раиси ҳайати эронӣ дар Иҷлоси тағйироти иқлимӣ дар Мадрид, таҳримҳои ғайри қонунии Амрико дар дастёбии Эрон ба технологияҳои сабз ва сармоягузорӣ дар бозсозӣ ва баҳраварии саноъаро муғойри қавонини байналмилалӣ ва усули к Конвенсияи тағйироти иқлимӣ донист.
-
Dec 12, 2019
Раиси Ситоди муштараки артиши Амрико гуфт, дар шароити хосси кунунӣ, хештандорӣ дар баробари Эрон, муносибатрин посух аст ва бояд онро риоят кард.
-
Dec 11, 2019
Бозрасони Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе, пас аз бозгашт аз Арабистон дар гузорише эълом кард, ҳеҷ далел ва шавоҳиди қонеъкунандае мабнӣ бар ин, ки Эрон омили ҳамла ба таъсисоти нафти Арабистони Саудӣ будааст, ба даст наёвардаанд.
-
Dec 10, 2019
Сафири Эрон дар Тоҷикистон бар зарурати афзоиши ҳаҷми мубодилоти иқтисодии Теҳрону Душанбе таъкид кард.
-
Dec 10, 2019
Ҳузури нерӯҳои хориҷӣ ҳеҷ гоҳ суботро барои минтақаи ғарби Осиё ба ҳамроҳ надоштааст. Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон баъд аз зуҳри душанбе, зимни ширкат дар ҳаштумин конфронси вузарои “Қалби Осиё” дар Истанбули Туркия, тайи суханоне, дидгоҳи Эронро дар бораи сулҳ ва амният дар минтақа ташреҳ кард.
-
Dec 10, 2019
Бо таъкид бар густариши ҳамкориҳои фарҳангии Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, утоқи Эрон дар Маркази фарҳангии Ҳайдар Алиев шуъбаи минтақаи Ёмосол эҷод мешавад.
-
Dec 10, 2019
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт: бо вуҷуди тавтеаи душманон барои эҷоди буҳрон имрӯз камбуди муҳиме дар арсаи дору ва дармон барои мардуми кишвар надорем.
-
Dec 09, 2019
Нуздаҳумин намоишгоҳи байналмилалии ранг ва пӯшишҳои санъатӣ, маводи композит ва санъати обкории Эрон бо ҳузури тавлидкунандагони 18 кишвари ҷаҳон имрӯз (душанбе) дар Теҳрон ифтитоҳ шуд.
-
Dec 08, 2019
Гуруҳе аз ҳунармандони Туркия, осори акосии худро аз сафар ба Эрон дар намоишгоҳе ба тамошо гузоштаанд.
-
Dec 07, 2019
Намояндагони сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Қирғизистон ба муносибати рӯзи байналмилалии маълулон аз маркази тавонбахшии кӯдакони мубтало ба фалаҷи мағзӣ бо унвони "Ҳама ба саломат" боздид карданд.
-
Dec 05, 2019
Саидризо Омулӣ, дабири Шӯрои олии инқилоби фарҳангии Эрон ва Вячеслав Алексеевич Никонов, раиси Комиссияи улум ва омӯзиши Думаи Русия бар густариши рӯзафзуни ҳамкориҳо дар ҳавзаҳои илмӣ ва омӯзишӣ таъкид карданд.
-
Dec 05, 2019
Вазири умури хориҷаи Эрон, идомаи ҷанг ва муҳосираи Яманро бефоида ва тарафайнро ба гуфтугӯ фарохонд.
-
Dec 05, 2019
Вазири иртиботот ва фанноварии иттилооти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидори Рашод Набиев, раиси Ожонси фазоии ҷумҳурии Озарбойҷон дар Боку бар оғози ҳамкориҳои муштараки ду кишвар дар ҳавзаи фазоӣ таъкид кард.
-
Dec 04, 2019
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки душман тайи ду соли гузашта шадидтарин таҳримҳоро алайҳи мардуми Эрон эъмол кардааст гуфт, Эрон ба муқовимат ва истодагӣ дар баробари таҳримкунандагон идома медиҳад.
-
Dec 04, 2019
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин, ки душман дар ду соли гузашта шадидтарин таҳримҳоро алайҳи мардуми Эрон эъмол кардааст гуфт: Эрон ба муқовимат ва истодагӣ дар баробари таҳримкунандагон идома медиҳад.
-
Dec 04, 2019
Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни ин, ки сиёсатҳои Амрико решаи ташдиди таниш дар ғарби Осиёст гуфт: Ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар ин минтақа ба тақвияти субот, амният ё сулҳ дар ин минтақа кӯмак нахоҳад кард.
-
Dec 03, 2019
Дувоздаҳумин бозорчаи хайрияи депломатик дар шаҳри Нурсултон пойтахти Қазоқистон бо ҳузури 53 намояндагии депломатик аз ҷумла Сафорати Эрон ва ҳамчунин чандин маркази фарҳангии байналмиллалии муқими ин кишвар баргузор шуд.
-
Dec 02, 2019
Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, таҳримҳо таъсиргузор набуда ва дар иродаи мардуми Эрон халале ворид накардааст.