Ҷустуҷу
-
Mar 14, 2019
Раиси ҷумҳури Эрон бо таъкид бар инки нишоте, ки аз мардуми Ироқ дар ин сафар дидем бархоста аз иртиботи амиқи байни ду миллат аст тасреҳ кард, ҳеҷ қудрате дар дунё қодир нест байни миллати Эрон ва Ироқ фосила бияндозад ва тафриқа эҷод кунад.
-
Mar 13, 2019
Блумберг бо ишора ба талоши Амрико барои ташвиқи Ироқ ба манзури коҳиши равобити иқтисодӣ бо Эрон менависад, дар ҷараёни дидори Рӯҳонӣ аз Ироқ, ду кишвар тавофуқотеро барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ҳавзаҳои мухталиф бастанд.
-
Mar 13, 2019
Вазири нерӯи Эрон ва вазири энержии Русия чашмандози иттисоли шабакаи барқи ду кишвар аз тариқи хоки ҷумҳурии Озарбойҷон, Гурҷистон ва Арманистонро баррасӣ карданд.
-
Mar 13, 2019
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо оятуллоҳ Алии Систонӣ, марҷаи олиқадри шиаёни Ироқ дар Наҷафи Ашраф дидору гуфтугӯ кард.
-
Mar 13, 2019
Муҳаммадтақии Собирӣ сафири нави Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон аз тариқи парвози Истанбул вориди Душанбе шуд.
-
Mar 13, 2019
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон сешанбешаб дар ҷамъи нухбагон, ашоир ва раҳбарони мазҳабии Ироқ дар Карбалои маъалло бо баёни инки миллатҳои Эрон ва Ироқ аз лиҳози фарҳангӣ ва эътиқодӣ комилан муттаҳиданд тасреҳ кард, ҳеҷ қудрате наметавонад ин уммати воҳидаро аз ҳам ҷудо кунад.
-
Mar 12, 2019
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба даъвати расмии Барҳам Солеҳ, раисҷумҳур ва Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири Ироқ дар садри ҳайати сиёсӣ - иқтисодӣ барои дидоре серӯза ба Бағдод рафтааст.
-
Mar 12, 2019
Бо ҳузури Ҳасани Руҳонӣ раиси ҷумҳури Эрон ва Одил Абдулмаҳдӣ нахуствазири Ироқ, панҷ санад ва ёддошти тафоҳуми ҳамкории муштараки байни мақомҳои баландрутбаи ду кишвар дар Бағдод ба имзо расид.
-
Mar 11, 2019
Ироқ аз як моҳ пеш худро барои сафари Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон омода кардааст.
-
Mar 11, 2019
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар садри як ҳайати баландпояи сиёсӣ ва иқтисодӣ имрӯз (душанбе) вориди Бағдод, пойтахти Ироқ шуд.
-
Mar 11, 2019
Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон густариши равобит бо Тоҷикистон дар заминаҳои мухталифро хостор шуд.
-
Mar 10, 2019
Дабири Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон гуфт, эътои ҳимояти дипломатии Англия ба ҷосуси зиндонӣ дар Эрон ҳеҷ асари ҳуқуқӣ надорад.
-
Mar 09, 2019
Вазири тавонмандиҳои инсонии Маҷористон (Венгрия) дар дидор бо сафири Эрон дар Будапешт, зимни ситоиш аз фарҳанг ва тамаддуни Эрон гуфт, Эрон дорои пешинаи таърихӣ ва бархурдор аз мероси фарҳангӣ ва тамаддуни бисёр ғанӣ аст.
-
Mar 08, 2019
Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар паёме бо қадрдонӣ аз меҳрубониҳои мардуми Тоҷикистон дар даврони маъмурияташ дар ин кишвар гуфт: Он чи дар равобити эрониён ва тоҷикон дида мешавад ва нодиру ягона аст, ишқи ду миллат ба якдигар аст, ки бо шир андарун шудааст ва бо ҷон ҳам ба дар намешавад.
-
Mar 08, 2019
Нахуствазири Тоҷикистон гуфт: Давлати Душанбе афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷорӣ ва ҳузури Эрон дар бахшҳои кишоварзӣ, энержӣ, саноат ва гардишгарии Тоҷикистонро хостор аст.
-
Mar 07, 2019
Манобеи огоҳ дар давлати Ҳинд эалом карданд, ин кишвар тало мекунад то бо тамдиди муофияти худ аз иҷрои таҳримҳои нафтии Амрико зидди Эрон, ҳамчунон ба воридоти нафт аз Эрон идома диҳад.
-
Mar 07, 2019
Намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Русия дар нахустин давр аз машваратҳои ҳуқуқии худ, роҳкорҳои ҳуқуқӣ барои муқобила бо таҳримҳои якҷонибаро баррасӣ карданд.
-
Mar 07, 2019
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, рафтори амрикоиҳо дар таҳримҳои доруӣ мисдоқи ҷинояти зиддибашарият аст.
-
Mar 06, 2019
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баршумурдани шикастҳои пайдарпайи душманон дар баробари муқовимати миллати Эрон таъкид кард, миллати Эрон роҳи иззат ва сарбаландиро идома хоҳад дод.
-
Mar 06, 2019
Намояндаи домии Русия дар Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ рӯзи сешанбе дар нишасти Шурои ҳокимони ожонс тасреҳ кард Амрико аз кишварҳое, ки бо Эрон ҳамкорӣ мекунанд, боҷгирӣ мекунад.