Ҷустуҷу
-
Jan 27, 2017
Вазири умури хориҷаи Русия беҳбуди зудҳангоми равобити ин кишвар бо Амрикоро, ки тақрибан ба нуқтаи таваққуф расидааст, номумкин хонд.
-
Jan 12, 2017
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар дидори Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон дар Теҳрон, амният, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро пояҳои аслӣ барои раванди тавсеаи Афғонистон ва рифоҳи мардуми ин кишвар донист ва гуфт, Эрон аз ҳеҷ талоше барои кӯмак ба миллат ва давлати Афғонистон дареғ нахоҳад кард.
-
Jan 11, 2017
Сенатори ҷумҳурихоҳ, асноди муртабит бо робитаи пинҳонии раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико бо Русияро дар ихтиёри раиси пулиси федерал - FBI қарор дод.
-
Jan 09, 2017
Худобердӣ Холиқназар-раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон аз тасмими Тоҷикистон барои густариши ҳамкориҳо бо Эрон ва Узбакистон хабар дод.
-
Jan 05, 2017
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва сафири Амрико дар шаҳри Душанбе чашмандози ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.
-
Jan 01, 2017
Соли 2016 -и мелодӣ бо бештарин таниш байни Амрико ва Русия дар торих ба сабт расид. Дар рӯзҳои поёнии соли 2016 Амрико 35 нафар аз дипломатҳои Русияро ихроҷ кард. Амрико ин иқдоми худро даст доштани Русия дар ҳамалоти ҳакерӣ дар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Амрико медонад.
-
Dec 20, 2016
Ба дастури подшоҳи Арабистон, иҷрои тамоми тавофуқҳои анҷомшуда байни Риёз ва Қоҳира мутаваққиф шуд.
-
Dec 10, 2016
Баъд аз изҳори назари Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия дар Афғонистон дар мавриди иртиботи Русия бо Толибон, Александр Мантитский сафири Русия дар Афғонистон низ эълон кард, барои ҷилавгирӣ аз нуфузи ДИИШ дар Афғонистон бо Толитбон ҳамкорӣ мекунад.
-
Dec 06, 2016
Коршиноси тоҷик тағйир дар муносиботи Тоҷикистону Узбакистонро баъд аз сари Ислом Каримов дилгармкунанда донист.
-
Nov 26, 2016
Дар пайи раъйи мусбати режими саҳюнистӣ ба қатъномаи Созмони Милал дар бораи шибҳиҷазираи Қрим ва иддаои ишғоли ин минтақа аз сӯйи Русия равобити ин режим ва Русия тира шудааст.
-
Nov 25, 2016
Пас аз раъйи мусбати Маҷлиси Аврупо ба таваққуфи музокирот бо Туркия бар сари пайвастани ин кишвар ба Иттиҳоди Аврупо, таниш миёни ин иттиҳодия ва Туркия афзоиш ёфтааст.
-
Nov 24, 2016
Раисиҷумҳури Русия қонуни маҳрамона будани иттилооти ҳамкориҳои фаннӣ-низомӣ бо кишварҳои дигарро имзо кард.
-
Nov 17, 2016
Бо даргузашти Ислом Каримов, раисҷумҳури қаблии Узбакистон дар равобити Тошканду Душанбе шароит ҷадиде ҳоким шуд...
-
Oct 26, 2016
Сафири Узбакистон дар Тоҷикистон ахиран дар нишасти хабарие дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки ба беҳбуди равобити ду кишвар умедвор мебошад.
-
Oct 22, 2016
Аз дидгоҳи коршиноси тоҷик, афзоиши сафарҳои мақомоти Ҳукумати Тоҷикистону Узбакистон ба кишварҳои якдигар тайи як моҳи ахир, пас аз даргузашти Ислом Каримов, раисҷумҳури қаблии Узбакистон умедҳоро барои беҳбуд ёфтани муносиботи дуҷониба бештар кардааст.
-
Oct 07, 2016
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон асри ҷумъа дар нишасти хабарии муштарак бо Наҷиб Тун Раззоқ, нахуствазири Малайзия аз тавофуқи ду тараф барои бозгашти равобити Теҳрон – Куала-Лумпур ба сатҳи гузашта хабар дод.
-
Oct 04, 2016
Коршиносони масоили низомӣ ва роҳбурдии Исроил ба ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи режими саҳюнистӣ аз гурӯҳи террористии Ҷабҳаи Аннусра дар Сурия эътироф карданд.
-
Oct 01, 2016
Дар паи дархости давлати Покистон, Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони милал омодагии худро барои миёнҷигарӣ байни ин кишвар ва Ҳинд эълом кард.
-
Sep 24, 2016
Сафири Русия дар Тоҷикистон рушди ҳамкориҳои низомӣ-фаннӣ ва амниятиро бо Душанбе аз авлавиятҳои ҳамкориҳои ду кишвар хонд.
-
Aug 31, 2016
Раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки тағйири эҳтимолии қудрат дар Узбакистон метавонад заминаи беҳбуди равобити ин кишвар бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистонро фароҳам кунад.