Ҷустуҷу
-
Май 13, 2019
Ахиран мақомоти ҳукуматӣ дар бархе аз ноҳияҳои Тоҷикистон ба баҳонаи иҷро нашудани барномаи ҷазби ҷавонон ба хидмати низомӣ, масоҷидро бастаанд то ба волидайни ин афрод фишор ворид кунанд, ки ин равишҳо то кунун дар Тоҷикистон бесобиқа будааст.
-
Май 13, 2019
Созмони ҷаҳонии беҳдошт эълом кард; Тоҷикистон аз нигоҳи талафоти сокинони ин кишвар дар ҳодисаҳои ронандагӣ мақоми нахустро дар миёни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дорад.
-
Май 13, 2019
Як ҷавони фаъоли тоҷик дар саҳифаи фесбукии Мо тоҷикистонием, лоиҳаи Нест бод ришваро ба Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
-
Май 12, 2019
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласае бо масъулони ниҳодҳои блоки иқтисодии давлатӣ, аз фаъолияти онҳо шадидан интиқод кард ва яке аз кормандони Хадамоти гумрукро дар ҷамъи умум аз кор ихроҷ кард.
-
Май 12, 2019
Вазорати тандурустӣ ва таъмини иҷтимоии Тоҷикистон аз таҳияи барномаи рушди роҳбурдии ин вазоратхона то соли 2030 хабар дод.
-
Май 12, 2019
Як хонуми аҳли Афғонистон эълом кард беш аз бист сол аст, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад ва то ба ҳол талошҳояш барои дарёфти шаҳрвандии ин кишвар ба ҷое нарасидааст.
-
Май 11, 2019
240 нафар аз коргарони танҳо корхонаи куди шимиёии Вахш дар вилояти Хатлони Тоҷикистон бо ирсоли номае ба Эмомалӣ раҳмон раис ҷумҳури Тоҷикистон мусоидат вайро барои дарёфт ҳуқуқ ва дастмуздҳои ақиб афтода худ хостор шудаанд.
-
Май 11, 2019
Маросими ҳафтодучаҳорумин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги ҷаҳонии дувум бо ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон, мақомоти баландпоя ва сафирони хориҷии муқими ин кишвар, дар парки “Ғалаба”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд.
-
Май 11, 2019
Мудирияти ширкати гардишгарии Central AsiaTravel дар Русия муътақид аст,Кӯҳҳои Бадахшони Тоҷикистон аз ҷазобияти зиёде барои гардишгарони хориҷӣ бархурдор буда ва беҳтар аст,ки дар ин замина мақомоти Душанбе бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкори кунанд.
-
Май 10, 2019
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба далели коҳиши эътимоди мардум ба бонкҳо, аз низоми бонкии ин кишвар ба шиддат интиқод кард.
-
Май 10, 2019
Эътироз ба афзоиши молиёт сабаб шуд, ки барои се нафар аз аҳолии ноҳияи Шаҳритӯс дар ҷануби Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ кушода шавад.
-
Май 10, 2019
Ҳамзамон бо 74-умин солрӯзи пирӯзии Шӯравии собиқ бар Олмони фашистӣ дар саросари Тоҷикистон маросими ҷашн ва бузургдошти ин рӯйдоди таърихӣӣбаргузор шуд.
-
Май 09, 2019
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе раиси собиқи Иттиҳодияи ширкатҳои кишоварзӣ ва бахши хусусии Тоҷикистон ва узви Ҳизби халқи демократи ин кишварро ба иттиҳоми фиреби шаҳрвандон ба баҳонаи эъзом барои кор ба Норвегия ба 6 сол зиндон маҳкум кард.
-
Май 09, 2019
Иқтисоддони русӣ муътақид аст иллати аслии фуруши тилло дар кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон вазъияти номусоиди иқтисодӣ аст.
-
Май 08, 2019
Содироти навъи зудраси меваи зардолуи Тоҷикистон ба хориҷ аз ин кишвар оғоз шудааст.
-
Май 08, 2019
Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард: Тарҳи буҷаи ҳукумати ин кишвар барои соли 2020 сентябри имсол омода мешавад.
-
Май 08, 2019
Корбарони шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон аз коҳиши шадиди суръати интернет дар ин кишвар шикоят мекунанд.
-
Май 08, 2019
Пизишки тоҷикистонӣ ба ҳамроҳи ҳамкори эрониаш дар бемористони Имом Алӣ (а)-и шаҳри Чобаҳор дар ҷануби шарқи Эрон харҷи дармони як кӯдаки шашсолаи афғонро пардохт карданд.