Ҷустуҷу
-
Jan 28, 2018
Муовини раиси Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон гуфтааст, ки бар асоси омори соли 2017, Узбакистон дар радифи 5 шарики муҳимми тиҷории ин кишвар қарор гирифтааст.
-
Jan 27, 2018
Ҷопон омодагии худро барои таҷҳизи сохтори низомии Тоҷикистон, ба таҷҳизоти ҷопонӣ эълом кард.
-
Jan 27, 2018
Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз шаҳрвандони худ хост то аз сафар ба 11 шаҳри Русия то поёни мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии Футбол дар ин кишвар худдорӣ кунанд.
-
Jan 27, 2018
Воридоти васоили нақлиёти тавлидшуда то соли 2005 ба Тоҷикистон мамнуъ хоҳад шуд.
-
Jan 27, 2018
Корхонаи муштараки монтаж ва тавлиди автобуси Тоҷикистон ва Туркия наврӯзи имсол дар Душанбе расман шуруъ ба кор мекунад.
-
Jan 27, 2018
Будҷаи давлати Тоҷикистон дар соли 2017 ба хотири таъмин нашудани пардохтҳои гумрукӣ 80 миллион сомонӣ (муодили 9 миллион доллар) касрӣ доштааст.
-
Jan 27, 2018
Додситони шаҳри Кӯлоб дар вилояти Хатлони Тоҷикистон гуфт, волидайни як ҷавони 18 солаи сокини ин вилоят дархост кардаанд, фарзандашон, ки дар урдугоҳи омӯзишии гурӯҳи террористии ДИИШ дар вилояти Нангарҳор, дар шарқи Афғонистон аст, бозгардонда шавад.
-
Jan 27, 2018
Давлати Тоҷикистон бо судури фармоне барои ҷазби 2 ҳазору 400 нафар коргари чинии ҷадид муҷаввиз содир кард.
-
Jan 26, 2018
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ҳадафи муҳими Тоҷикистон дар солҳои оянда хурӯҷи комил аз бунбасти нақлётӣ ва табдил шудан ба қаламрави транзитӣ аст.
-
Jan 25, 2018
Бо имзои мусаввабаи ҳукумати Тоҷикистон аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури ин кишвар, номи шаҳри Қӯрғонтеппаи маркази вилояти Хатлон ва чанд шаҳру ноҳияи ҷануби ин ҷумҳурӣ, тағйир кард.
-
Jan 25, 2018
Имрӯз ва пас аз муддатҳо бехабарӣ аз паёмади тасмими ғайримунтазираи яке аз мухолифони саршиноси ҳукумати Тоҷикистон, эълом шуд, ки вай ба Душанбе омада ва дубора ба маҳалли сукунаташ баргаштааст.
-
Jan 25, 2018
Раиси Утоқи бозаргонӣ (Палатаи савдо)-и Тоҷикистон ва дабири кулли Шӯрои иқтисодии кишварҳои арабии Иттиҳодияи Араб бар густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид карданд.
-
Jan 25, 2018
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба шаҳрвандони худ дар бораи паёмадҳои сафар ба Русия аз роҳҳои заминии Қазоқистон ҳушдор додааст.
-
Jan 25, 2018
Бар асоси таҳқиқе, ки муассисаи байналмилалии “WIN/Gallup International” дар бораи пойбандии мардумони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба дини Ислом анҷом додааст, шаҳрвандони Тоҷикистон бо 85 дарсад эътиқодмандӣ, дар мақоми нахуст қарор гирифтаанд.
-
Jan 25, 2018
Додситони кулли Тоҷикистон ҷузъиёти ҷадиде аз парвандаи ришвахории Аскар Нурализода, муовини идораи сиёсати сармоягузорӣ ва рушди манотиқи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ин кишварро, ки ахиран ба 11 соли зиндон маҳкум шуд, ифшо кардааст.
-
Jan 25, 2018
Додгоҳи вилояти Хатлон як узви собиқи Шӯрои сиёсӣ ва дастёри пешини раиси Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломии Тоҷикистонро ба таври ғоибона ба 15 соли зиндон маҳкум кард.
-
Jan 24, 2018
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон эълом кард, давоздаҳумини Нишасти мақомоти аршади кишварҳои Осиёи Марказӣ+Ҷопон аз 25 то 27 январ дар Душанбе баргузор мешавад.
-
Jan 24, 2018
Сокинони рустоҳои тоҷикнишини вилояти Тошканди Узбакистон дар номае саргушода ба раисҷумҳури ин кишвар ва ҳамтои тоҷикаш расидагӣ ба мушкили камбуди муаллим дар мадрисаҳои ин минтақаро хостор шуданд.