Ҷустуҷу
-
Jan 07, 2017
Сухангӯи неруҳои марзбонии Тоҷикистон гуфт,16 қочоқчии маводи мухаддир дар 26 даргирии мусаллаҳона бо марзбонони ин кишвар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон, дар соли гузашта (2016) кушта шуданд.
-
Jan 07, 2017
Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи фаъолияти ташкилоти қарздиҳии "Ренессанс-кредит"-ро лағв кард.
-
Jan 07, 2017
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон аз ҳукумати ин кишвар хост, истифодаи қалёнро, ки солҳои ахир истифода аз он афзоиши чашмгире ёфтааст, мамнӯъ кунад.
-
Jan 05, 2017
Ширкати “Барқи тоҷик” эълом кард, аз имрӯз, 5 январ дар Тоҷикистон лимити рӯзонаи барқ лағв шуд.
-
Jan 05, 2017
Раисҷумҳури Тоҷикистон тайи як фармон афроди ҷадидеро ба симматҳои додситонӣ ва фармондеҳии нерӯҳои марзбонии вилоятҳои ин кишвар таъйин кард.
-
Jan 05, 2017
Тоҷикистон дар соли гузашта ба кишварҳои ҳамсоя наздик ба 257 ҳазор тон семент содир карда, ки барои ин кишвар 13 миллиону 800 ҳазор доллар арзоварӣ доштааст.
-
Jan 05, 2017
Ҳукумати Тоҷикистон феҳристи номгӯи амволи 4 бонки буҳронзада дар ин кишварро мунташир кард.
-
Jan 05, 2017
Мақомоти Украина ахиран як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ ба кишвараш истирдод кардаанд, ки бо шиносномаи фарди дигаре номи аслии худро махфӣ кардааст.
-
Jan 04, 2017
Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Чин бо ирсоли паёмҳое, биступанҷумин солгарди барқарории равобити сиёсии миёни ин ду кишварро ба якдигар табрик гуфтанд.
-
Jan 04, 2017
Манобеи Бонки марказии Русия эълом кардаанд, ки дар соли 2016 дар миёни пулҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, воҳиди пули миллии Тоҷикистону Узбакистон беш аз ҳама арзиши худро аз даст додааст.
-
Jan 04, 2017
Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон як сокини 31 солаи ин минтақаро ба иттиҳоми таблиғи афкори гурӯҳи мамнуи Салафия ба 5 солу ним зиндон маҳкум кард.
-
Jan 04, 2017
Бар асоси барномаи рушди миёнамуддати Тоҷикистон, ҳукумати ин кишвар қасд дорад, ки то соли 2020 ҳаҷми умумии тавлиди нохолиси миллии ин ҷумҳуриро ду баробар афзоиш диҳад.
-
Jan 04, 2017
Маҳдудияти интиқоли барқ ба бахши хонагӣ аз имрӯз коҳиш меёбад.
-
Jan 03, 2017
Мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз таъсиси бонки иттилооти хонаводаҳои фақири ин кишвар барои дарёфти кӯмакҳои молӣ хабар додаанд.
-
Jan 03, 2017
Мақомоти полиси вилояти Перм дар Русия аз нопадид шудани як коргари муҳоҷири тоҷик дар ин минтақа хабар дода ва кӯмаки шаҳрвандон барои ёфтани вайро хостор шудаанд.
-
Jan 02, 2017
Мақомоти Тоҷикистон тармим ва бозсозии танкҳо ва таслиҳоти ҷангии Толибон дар қаламрави ин кишварро рад карданд.
-
Jan 02, 2017
Раиси Созмони коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия мавсӯм ба Самандар таъкид кардааст, ки ба далели вобастагии беш аз андозаи иқтисодӣ ва амниятии Тоҷикистон ба Русия беҳтар буд, ки душанбе дар моҷарои парвозҳо бо Маскав каме кӯтоҳ меомад.
-
Jan 02, 2017
Спутник навишт: Ба назар мерасад, ба тадриҷ баргузории ҷашни соли нав дар Тоҷикистон ҳар сол камрангтар мешавад ва мардуми ин кишвар ҷашни Наврӯзро ба унвони оғози сол ва ойини миллии хеш тарҷеҳ медиҳанд.
-
Jan 02, 2017
Сафари ҳайати Узбакистонро дар таърихи ҳар ду кишвар метавон чун ҳодисаи муҳимтарин баҳогузорӣ кард, гуфт сардори шӯъбаи Осиёи Марказии донишкадаи кишварҳои ИДМ Андрей Грозин.