Ҷустуҷу
-
Nov 29, 2018
Ҳукумати Тоҷикистон дар буҷаи соли 2019 –и хеш барои идомаи кори такмили сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” 223 миллион доллар (муодили ду миллиарду 100 миллион сомонӣ) ихтисос хоҳад дод.
-
Nov 29, 2018
Мақомоти қазоии ҷумҳурии Беларус Парвиз Турсунов, футболисти тоҷикистонии ришдорро пас аз 70 рӯзи боздошт озод карданд ва ӯ пас аз озодӣ ба Украина рафт.
-
Nov 28, 2018
Бонуи муҳоҷири тоҷик дар марзи Русия ва Қазоқистон мамнуъулвуруд ба Русия шудааст, дар суҳбат бо Садои Хуросон таъйид кард, ки муҷаввизи кор дар Русия надоштааст.
-
Nov 28, 2018
Шӯрои олии сиёсии Яман аз миллатҳои арабӣ, ки дар ҳамбастагӣ бо яманиҳо ба сафари Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Саудӣ эътироз карданд, қадрдонӣ кард ва эътирози ононро таърихӣ донист.
-
Nov 28, 2018
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, замони оштии миллӣ ва роҳи ҳалли сиёсии фарогир дар Афғонистон фаро расидааст.
-
Nov 28, 2018
Дувумин даври гуфтугӯҳои Ислом ва даосизм (taoism) бо ҳузури раиси Маркази пажӯҳишҳои исломии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ва намояндагоне аз Анҷумани даосизми Чин дар Пекин баргузор шуд.
-
Nov 28, 2018
Тарҷумаи форсии китоби “Моҷарои рафта”, навиштаи Абдулхалил Холиқзода, нависандаи тоҷик дар Теҳрон мунташир шуд.
-
Nov 28, 2018
Тавофуқи ҳастаии БарҶом, ки дар июли 2015 байни Эрон ва гурӯҳи 5+1 ҳосил шуд, тавофуқи бисёр муҳим дар заминаи ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ маҳсуб мешавад. Аммо хуруҷи Амрико аз БарҶом дар майи соли 2018 таҳаввуле манфӣ дар ин замина буда ва дар вокуниш ба ин иқдом дигар аъзои БарҶом дар чорчӯби гурӯҳи 4+ 1 бар судмандии БарҶом ва зарурати ҳифзи он бо рӯйи даст гирифтани тадобири амалӣ ва муассир ба манзури идомаи пойбандии Эрон ба БарҶом таъкид кардаанд.
-
Nov 28, 2018
Гузориши марҷаи илмии байналмилалии “Скопус” баёнгар аз он аст, ки аз соли 2001 то 2017 корбурди забони порсӣ ба унвони забони илм 15 рутба иртиқо ёфтааст.
-
Nov 28, 2018
Як нашрияи англисизабони чопи Ҷопон бо дарҷи матлабе дар бораи ошӯби зиндони Хуҷанд муддаӣ шудааст, ки дар бораи ин моҷаро ва нақши ДИИШ дар он ҳанӯз ибҳомот ва норавшаниҳои фаровоне вуҷуд дорад.
-
Nov 28, 2018
Як муҳоҷири таҳсилкардаи тоҷик дар Русия ба мақоми баланди ҳукуматии ин кишвар таъйин шуд.
-
Nov 28, 2018
Кумитаи миллии омори Қирғизистон эълом кард, ки донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои ин кишвар пас аз ҳиндуҳо ва қазоқистониҳо, севумин гурӯҳи пурҷамъияти донишҷӯӣ ба шумор мераванд.
-
Nov 28, 2018
Ширкатҳои ироадиҳандаи хадамоти телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон аз афзоиши мавориди сирқат ё дуздии таҷҳизоти истгоҳҳои тақвияткунанда ва фиристандаҳои амвоҷи ин ширкатҳо тайи ду соли ахир ибрози нигаронӣ мекунанд.
-
Nov 27, 2018
Дар охирин маврид аз ҳамалоти кимиёӣ дар Сурия гурӯҳҳои террористӣ бо рокетҳои ҳовии гази хлордор ба маҳаллаи Алхолидия дар Ҳалаби Сурия ҳудуди 100 нафар аз мардуми бегуноҳ дучори масмумияти кимиёӣ шуданд.
-
Nov 27, 2018
Афроди мусаллаҳи ношинос бисту панҷ мусофирро дар вилояти Сарипул, дар шимоли Афғонистон рабуданд.
-
Nov 27, 2018
Нахустин нишасти байналмилалии «Рӯдхонаҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон» дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон бо ҳузури мақомот ва коршиносони кишварҳои минтақа оғоз ба кор кард.
-
Nov 27, 2018
Полиси Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи сокини 22-солаи шаҳри Хоруғ аст, ки бо мошини худ шаби 24 ба 25 ноябр муртакиби ҷиноят шуда ва аз маҳали ҳодиса гурехтааст.
-
Nov 27, 2018
Ҳукумати Олмон мавзӯи мушорикати молӣ дар такмили сохти неругоҳи барқи обии Себзор дар қаламрави вилояти Бадахшони Тоҷикистонро дар дасти баррасӣ дорад.
-
Nov 27, 2018
Баъзе ронандагони мошинҳои борбарии тоҷикистонӣ, ки аз тариқи бандари Шерхон ба интиқоли колои тоҷирони афғон ба вилояти Қундуз машғул ҳастанд, аз зӯргирии неруҳои низомӣ, интизомӣ ва идории Афғонистон шикоят доранд.