Ҷустуҷу
-
Nov 13, 2017
Манобеи хабарӣ гузориш додаанд, ки Арабистони Саудӣ аз вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Араб баргузории нишасте фаврӣ ба манзури баррасии он чӣ Риёз онро “дахолатҳои Эрон дар минтақа” меномад, хостор шудааст.
-
Nov 13, 2017
Заминларзаи 7.2 рихтерии якшанбешаб дар марзи Эрон ва Ироқ дар ғарби Эрон рух дод. Ин заминларза дар нимаи ғарбии Эрон ва ҳамчунин дар Ироқ, Кувейт ва Лубнон низ ба шиддат эҳсос шуд.
-
Nov 13, 2017
Мудири Маркази пажӯҳиши масоили Евразия мӯътақид аст, ки Иттиҳоди Аврупо дар иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ, сармоягузорӣ нахоҳад кард.
-
Nov 13, 2017
Бар асоси охирин омор дар заминларзаи 7.2 рихтерии якшанбешаб дар марзи Эрон ва Ироқ дар ғарби Эрон, 141 нафар кушта ва 866 тан маҷрӯҳ шудаанд.
-
Nov 12, 2017
Раиси Кумитаи олии Яман дар вокуниш ба таҳдидоти Арабистон дар хусуси ҳамла ба бандари Алҳудида гуфт, ки ҳамла ба ин бандар мусовӣ аст, бо ғарқ шудани каштиҳои нафтии Арабистон.
-
Nov 12, 2017
Истифода аз электротҳои умқӣ барои ташхиси дақиқи конуни аввалияи саръ, дастоварди ҷадиди ҷарроҳони исфаҳонӣ (дар маркази Эрон) аст, ки дарсади қобили таваҷҷуҳе аз хатоҳои ташхисӣ дар конуни ин бемориро коҳиш медиҳад.
-
Nov 12, 2017
Як падари мусулмон дар Амрико, қотили писари худро мавриди афв қарор дод.
-
Nov 12, 2017
Вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон эълом кард, бар асоси рутбабандии дафтари иттилооти минтақаии Созмони ҷаҳонии гумрук “RILO”, Эрон ҷойгоҳи нахусти ҷаҳонро дар мубориза бо қочоқ ва тахаллуфи гумрукӣ доро аст.
-
Nov 12, 2017
Беҳрӯз Хоҷазода, паҳлавони ҷавони тоҷик баъди 42 сол қаҳрамонии Саидмуъмин Раҳимов, қаҳрамони самбои ҷаҳон такрор кард ва унвони қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст овард.
-
Nov 12, 2017
Бонки миллии Тоҷикистон мизони таваррум дар ин кишвар дар соли ҷориро 7 дарсад эълом кард, ки аз қабл низ рӯйи ҳамин шохис ҳисоб шуда буд.
-
Nov 12, 2017
Сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз интиқоли 75 коргари муҳоҷири боздоштшудаи ин кишвар дар марзи миёни Русия ва Қазоқистон аз суи марзбонони русӣ ба баҳонаи нақзи қонуни муҳоҷирати ин кишвар ба Душанбе, хабар дод.
-
Nov 11, 2017
Расонаҳои амрикоӣ эълом карданд, як мураббии туфангдорони дарёии ин кишвар ба иттиҳоми бадрафторӣ бо беш аз 10 сарбози мусулмон ба 10 сол зиндон маҳкум шуд.
-
Nov 11, 2017
Вазири роҳ ва таробарии Афғонистон аз кушоиши бандари Чобаҳор (ҷанубу шарқи Эрон) ва расидани аввалин маҳмулаи гандуми эҳдоии Ҳинд аз ин масир ба кишвараш, ибрози хурсандӣ кард.
-
Nov 11, 2017
Сухангӯи Созмони энержии атомии Эрон бо ишора ба изҳороти дабири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бино бар аксбардорӣ, аз бахшҳои мухталифи ҳастаии Эрон ва мӯҳри ду ҳазор нуқта таъкид кард, мӯҳр ва муми бахшҳое аз таъсисоти ҳастаии Эрон муваққат ва барои ҳисобдории маводи ҳастаӣ аст.
-
Nov 11, 2017
Вазорати дифои Русия аз таркиш дар як пойгоҳи низомӣ дар минтақаи Сибири ин кишвар хабар дод.
-
Nov 11, 2017
Вазорати умури хориҷаи Яман, иддаоҳои Амрико бино бар дахолати Эрон дар ҳамлаи мушакии Яман ба Риёзро музҳик донист.
-
Nov 11, 2017
Дабири кулли Созмони ҳамкории Шангхай гуфт, бидуни тардид Ҷумҳурии Исломии Эрон дар оянда наздик узви Созмони ҳамкории Шангхай хоҳад шуд.
-
Nov 11, 2017
Мардуми Баҳрайн шомгоҳи шаби гузашта (ҷумъа), дар бархе манотиқи ин кишвар дар ҳамбастагӣ бо Шайх Исо Қосим, раҳбари шиаёни ин кишвар ва зиндониёни сиёсӣ тазоҳурот карданд.