Ҷустуҷу
-
Dec 03, 2017
Дар паи тазаккуроти мукаррари раисҷумҳури Тоҷикистон ба ниҳодҳои қазоӣ дар Тоҷикистон барои мубориза бо фасод дар кишвар, ҳафтае нест, ки аз боздошти мақомоти Тоҷикистон ба ҷурми фасод хабаре мунташир нашавад.
-
Dec 03, 2017
Тоҷикистон дар раддабандии имсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар бахшҳои омӯзишу парвариш, амният ва дифо ҷойгоҳи худро беҳбуд бахшида аст.
-
Dec 03, 2017
Дар шаҳри Хуҷанди маркази вилояти Суғди Тоҷикистон дафтари намояндагии Маркази илм ва фарҳанги Русия ифтиттоҳ шуд, ки пас аз вуҷуди дафтари нахусти Созмони давлатии ҳамкориҳои хориҷии Русия дар шаҳри Душанбе, дуввумин марказ ба ҳисоб меояд.
-
Dec 02, 2017
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо судури ҳукме эълом кард, дар тамоми масоҷиди ин кишвар бояд аз милоди паёмбари Акрам (с) таҷлил шавад.
-
Dec 02, 2017
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба тамоми марокизу намояндагиҳои фурӯши симкартаҳои телефони ҳамроҳ дастур додааст, ба муштариёни худ батаври муваққат симкарта нафурӯшанд.
-
Dec 02, 2017
Дар Тоҷикистон портал ё даргоҳи миллии гардишгарӣ фаъол шуд.
-
Nov 30, 2017
Парлумони ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе тарҳи сармоягузории бунёди корхонаи тавлиди маводи таркандаро дар ноҳияи Данғара тасвиб кард.
-
Nov 30, 2017
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти Маҷлиси намояндагон аз раванди бозпардохти супурдаҳои молии ду бонки мушкилдори ин кишвар гузориш дод.
-
Nov 29, 2017
Додгоҳи олии Юнон аз раҳбарони ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) Шоҳнаими Каримро озод кард ва аз супурдани ӯ ба мақомоти Тоҷикистон даст кашид.
-
Nov 28, 2017
Ширкаткунандагон дар нишасте илмӣ дар шаҳри Душанбе аз истиқрори гурӯҳҳои террористӣ ба вижа ДИИШ дар Афғонистон ибрози нигаронӣ карданд.
-
Nov 27, 2017
Бино бар гузориши Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, дамои ҳаво дар ин кишвар якбора тағйир ёфта, бориши барфу борон дар назар аст.
-
Nov 26, 2017
Корхонае дар шаҳри Хуҷанд манту ва самбӯса мепазад. Ҳамаи ин маҳсулот дастӣ омода шуда ва сипас ба мағозаҳои гуногуни саросар Тоҷикистон фиристода мешаванд.
-
Nov 26, 2017
Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо маҳкум кардани ҷинояти террористҳо дар ҳамла ба намозгузорони ҷумъа дар минтақаи Синои Миср, дар паёме ба раисиҷумҳур ва мардуми ин кишвар изҳор ҳамдардӣ кард.
-
Nov 26, 2017
Бо роҳандозии корхонаи монтажи тракторҳои Беларус дар шаҳраки Ҳисори Тоҷикистон, солона заминаи тавлиди 300 адад аз ин таҷҳизоти мавриди ниёзи бахши кишоварзӣ дар ин кишвар фароҳам шуд.
-
Nov 25, 2017
Абдураҳим Қаҳҳоров ва Николай Патрушев масоили ҳамкории сохторҳои қудратӣ ва созмонҳои вижаи ду кишварро баррасӣ карданд.
-
Nov 23, 2017
Нафақаи беш аз се ҳазору 500 маълул дар Тоҷикистон ба таври муваққат қатъ шуд.
-
Nov 23, 2017
Ғизоҳои миллӣ, саноеи дастӣ, осори ҳунарӣ ва ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон дар намоишгоҳи солиёнаи бозори Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женеваи Швейтсария муаррифӣ шуд.
-
Nov 22, 2017
Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон аз қатъи пардохти ҳуқуқи бознишастагии 3600 нафар дар ин кишвар хабар додааст.