Ҷустуҷу
-
Apr 19, 2019
Панҷумин Ҷашнвораи байналмилалии ғизои ЭКО – Ҷодаи Абрешим бо ҳузури намояндагоне аз 15 кишвари ҷаҳон, намояндагони Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва забардасттарин ошпазҳои кишварҳои узв дар устони Занҷон дар шимолу ғарби Эрон оғоз ба кор кард.
-
Apr 18, 2019
Маросими режаи неруҳои намунаи артиши Ҷумҳурии исломии Эрон ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар Теҳрон ва дигар шаҳрҳои Эрон имрӯз панҷшанбе ба таври ҳамзамон баргузор шуд.
-
Apr 17, 2019
Равобити умумии Идораи кулли иттилооти устони Курдистон, дар ғарби Эрон аз дастгирии аъзои 20 тими вобаста ба гурӯҳакҳои такфирӣ ва террористӣ дар ғарби Эрон тайи як соли гузашта хабар дод.
-
Apr 16, 2019
Аввалин хабаргузории байналмилалии тасвирии Эрон ва минтақаи ғарби Осиё бо унвони "Эрон пресс" дар Теҳрон ифтитоҳ шуд.
-
Apr 16, 2019
Аввалин хабаргузории байналмиллалии тасвирии Эрон ва минтақаи ғарби Осиё бо унвони "Эрон Пресс" имрӯз (сешанбе) дар Теҳрон ифтитоҳ мешавад.
-
Apr 13, 2019
Ҷасадҳои 6 муҳоҷири ғайриқонунӣ дар марзи Эрону Туркия дар минтақаи Вон, кашф шуд.
-
Apr 10, 2019
Як рӯз пас аз ин, ки Ҷумҳурии исломии Эрон эълом кард, неруҳои амрикоии мустақар дар ғарби Осиёро террорист қаламдод мекунад Вазорати дифои Амрико гуфт, Эрон таҳдиди фаврӣ барои Амрико нест.
-
Apr 10, 2019
Фармондеҳи Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Иқдоме, ки режими Амрико дар муқобили Сипоҳи посдорон анҷом дода, кӯдакона ва комилан девонагӣ аст.
-
Apr 08, 2019
Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон нерӯҳои низомии Амрико дар минтақаи ғарби Осиё ва тамомии нерӯҳои вобаста ба онро гурӯҳи террористӣ муаррифӣ кард.
-
Apr 08, 2019
Намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Эрон гуфт, ин созмон барои ирсоли кумакҳои нақдӣ ба селзадагони эронӣ канали молии бонкии мушаххасеро таъсис кардааст.
-
Apr 06, 2019
Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷумъашаб дар Твиттер ба изҳороти мутаноқизи Майк Пампео, вазири хориҷаи Амрико дар бораи Эрон вокуниш нишон дод.
-
Apr 05, 2019
Вазири умури хориҷии Эрон гуфт, мардуми Эрон бо иттиҳоду ҳамдилӣ ва талоши ҳамоҳанг бо давлат бар мусибатҳои ҳаводиси табиии ахир чира хоҳанд шуд.
-
Apr 03, 2019
Ҷамшеди Машоихӣ, бозигари пешкисвати синамо ва телевизион дар Эрон дори фониро видоъ гуфт.
-
Apr 02, 2019
Гӯшае аз вазъияти устонҳои селзада дар ғарб ва ҷанубу ғарби Эрон дар ин видео тасвир шудааст.
-
Apr 02, 2019
Вазири нафти Эрон бо вазири энержии Русия рӯзи душанбе дар Маскав дар хусуси охирин таҳаввулоти бозори нафт ва густариши ҳамкориҳои мухталиф гуфтугӯ ва табодули назар карданд.
-
Mar 31, 2019
Дар пайи селфароӣ дар чандин устони Эрон гурӯҳҳои мухталифе аз мардуми Ироқ бо шиори ҷолибе бо мардуми Эрон эъломи ҳамбстагӣ карда ва ба ҷамъоварии кумакҳои нақдию ғайринақдӣ машғуланд.
-
Mar 31, 2019
Ба сабаби эҳтимоли ҷорӣ шудани сел дар устони хузистони Эрон, дар ин устон ҳолати фавқулода эълом шуд.
-
Mar 31, 2019
Шӯрои ҳамоҳангии таблиғоти исломии Эрон бо гиромидошти 12 фарвардин, рӯзи «Ҷумҳурии исломӣ» таъкид кард: 12 фарвардин рӯзи таҷаллии мушорикат ва ҳамдилии воқеии мардуми Эрон дар таъйини сарнавишти худ аст.
-
Mar 30, 2019
Сафири Русия дар Покистон гуфт, Маскав ба узвияти доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) исрор дорад.
-
Mar 29, 2019
Вазорати умури хориҷаи Эрон эълом кард, “Рӯзи замин” дар таърих ва фарҳанги муқовимати фаластинён нуқтаи атфе аст, ки нақши муҳимме дар зинда нигаҳ доштани муқовимат дар баробари ишғолгариҳои режими саҳюнистӣ дорад.